Ректори донишгоҳ

 Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат 20-уми феврали соли 1985 дар ноҳияи Восеъ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.  Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Восеъ соли 2002-юм ба факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 2007 аз рӯйи ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит бо дипломи аъло хатм намудааст. Ҳамчунин, соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти дуюм аз рўйи ихтисоси идоракунии давлатиро хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатии худро ҳамон сол ба сифати ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар ҳамин пажўҳишгоҳ дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ (аз 03.08.2007 то 03.10.2007), иқтисодчӣ (аз  03.10.2007 то 07.01.2008), аспиранти шуъбаи рӯзона ва раиси олимони ҷавони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (аз 01.01.2008 то  01.01.2012), ходими илмӣ ( аз 06.04.2011 то  27.05.2011) фаъолият намудааст. Инчунин, аз таърихи 27.05.2011 то  09.01.2012 дар вазифаи муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва  аз  таърихи 10.01.2012 то 26.01.2012 дар вазифаи ходими калони илмӣ ва аз таърихи 26.01.2012 то 14.01.2013 дар вазифаи мудири шуъбаи омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию-иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2013 то моҳи сентябри соли 2014  дар вазифаи мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз таърихи  29.09.2014 то то таърихи  18.02.2020 дар вазифаи директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва аз таърихи  18.02.2020 то санаи 20.11.2020 дар вазифаи директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.Аз санаи 20.11.2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тайин шудааст.

Аз таърихи 14 .08. 2022 то  таърихи  28 .01. 2024  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия фаъолият намудааст.

Аз таърихи 29 январи соли 2024 бо қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълими «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъйин шуд.

Соли 2014 бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шудааст.

Соли 2015 унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гаштааст.

Соли 2021 бо Медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.

Узви ҲХДТ аз соли 2011 ва вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъвати шашум мебошад.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муаллифи беш аз 50 асари илмӣ, аз он ҷумла 4 китоби дарсӣ ва 3 монография мебошад.

Оиладор.

Муовинҳои ректор

 ҲАМДАМЗОДА ХУРСАНД АКБАР

муовини ректор оид ба таълим – профессор, доктори илмҳои педагогӣ

 Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек

муовини ректор оид ба илм ва инноватсия

муовини ректор оид ба иқтисод

ИСОЗОДА ТОҶИДДИН ИСО

муовини ректор оид ба тарбия

ФАТҲУЛЛОЕВ Икромуддин Бароталиевич

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ