АСРОРОВ  Зокирҷон Усмонович

*аз  01 феврали 2023  дар вазифаи  сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба  номи  Носири Хусрав  кор  мекунад.

 *Соли таваллуд:  02 декабри соли  1977      *Ҷои таваллуд:  шаҳри Бохтар

*Миллат: тоҷик                                                 * Таҳсилот: Олӣ

*Соли 2000 Донишгоҳи иқтисод ва молия ш. Душанбе (рўзона)  хатм кардааст.

*Ихтисос: иқтисодчӣ

*Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

*Кадом забонҳои хориҷиро медонед: русӣ, англисӣ бо луғат

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳастед ё не: не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

*Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби 3 фарзанд

*Суроға: шаҳри Бохтар, маҳалаи Зарбдор 48

                                            *Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995 – 2000 донишҷўи  Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ шаҳри                                                               Душанбе (ҳозира  Донишгоҳи иқтисод ва молия)
Солҳои 2001 – 2011 омўзгори кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои  2011 -2018 мудири кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав.
Солҳои  2018 – 2020 Декани факултети менеҷменти Донишоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Солҳои  2020 – 2021 Ходими калони илми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Солҳои  2021-2023 Мудири кафедраи андоз ва андозбандии факултети Гумрук ва таҳлили иқтисодӣ
Аз 01.02.2023 то инҷониб Сардори Раёсати робттаҳои байнанлмилалӣ

.

Ҳолати ҳамкории донишгоҳ бо марказҳои таълимӣ ва илмӣ- таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ

Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ ва райёсати робитаҳои байналмилвалӣ мебошад.

Қайд намудан лозим аст, ки яке аз омилҳои асосии рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ин тарбияи кадрҳои баландихтисосу ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Такмили касб, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, аспирантон ва магистрони донишгоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии раёсати донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ маҳсуб ёфта он дар асоси созишномаҳои тарафайн ва тавассути лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмии дигар донишгоҳою ташкилотҳо амалӣ мегарданд, ки дар сафарҳои хизматӣ устодон, омӯзгорони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯён бо усули муосири таълиму тарбия, таҷҳизоти илмӣ ва истифодаи усули таълимии навин шинос шуда онро дар фаъолияти илмиву омӯзгории худ истифода ва мавриди омӯзиши дигарон қарор медиҳанд.

1.1 Таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДб ба номи Носири Хусрав

Таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар донишгоҳ дар асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили ташкили таълими шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №313 аз 15 июли соли 1997, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ дар массисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон фаъолиятменамояд.

Оид ба  таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар  Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ҳаминро иброз менаоям,ки айнт ҳол 131 нафар донишҷӯ таҳсил иннамоянд, ки бо тариқи зайл мебошад:

   Ҷумҳурии Узбекистон 125 нафар;

  • Ҷумҳурии Туркманистон 1 нафар;
  • Давлати Исломии Афғонистон 3 нафар;
  • Федератсияи Руссия 2 нафар.

Ҷадвали 1.

               Ҷадвали омории донишқӯёни хориҷӣ дар соли таҳсилии 2023-2024

Кишвар   шумораи

умуми

(айни ҳол)

Шаклӣ

таҳсил

ш/б

Шуъбаи

рӯзона

п/д

Шуъбаи фосилавӣ

п/д

Квота

                Бакалавр

Курс

Магистр

Курс

1 2 3 4 5 1 2
1 Туркманистон  1 1/0 0/1 0/0 1
2 Узбекистон 125 125/0 0 124/76 0 10 63 50 0 1 0
3 Афғонистон 3 3/0 1/0 2/0 1 2 0 0
4 Руссия 2 2/0 2/0 2 0 0
  Умуми  ҷамъ: 131 131 2/1 128/76 1 10 63 50 0 1 0

 

Муқоисаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ  дар 4 соли охир

 Соли қабқл Шумораи умуми  Шакли таҳсил

Рӯз/фос

Буҷавӣ

Рӯз/фос

Шартномавӣ

Рӯз/фос

Соли 2020 133  1/132 1/0 0/132
Соли 2021 111 0/11 0/0 0/11
Соли 2022  20 3/17 0/0 3/17
Соли 2023 0 0/0 0/0 0/0

Дар соли таҳсили 2023 донишгоҳро 31 нафар донишҷуёни хориҷӣ аз он ҷумла 26 нафар аз Туркманистон, 4 нафар (фосилавӣ) аз Узбнекистон ва як нафар аз Афғонистон бо мувафақият хатм намуда  сазовори диплом гардиданд.

1.2 Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-

      таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба шумор меравад. Роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамти илмиву таҳсилотӣ миёни ДДБ ба номи Н.Хусрав  ва донишгоҳу марказҳои илмӣ, сафоратхонаҳои хориҷии ҳудудӣ кишварамон ва созмонҳои далати ва ғайри давлатӣ кишварҳои хориҷӣ чун ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи раёсати донишгоҳ ва раёсати робитаҳои байналимлалӣ қарор дошта, кўшиш ба харҷ дода шудаистодаст, ки ин ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф густариш  ёбанд. Сол ба сол ҳудуд ва доираи ҳамкориҳои берунмарзии донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимию ташкилотҳои хориҷии минтақавӣ ва кишварҳои хориҷии дуру наздик  ба роҳ монда мешаванд. Айни ҳол донишгоҳ бо 25 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад. Яке аз бахшҳои фаъолияти қисмати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ин таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созишномаҳои қаблан ва ҳамчунин дар соли ҳисоботӣ ба тавсибрасида мебошад.

Ҷадвали 2.

Руйхати созишнома ва шартномаҳо оиди ҳамкории байналмилалӣ ДДБ ба номи         

                                         Носири Хусрав

 

Кишвавр ва номи муассиса

 

Шакл ва номи созишномае, ки дар асоси он ҳамкорӣ карда мешавад Соли бастани созишнома
1 Донишгоҳи давлатии Елетск Федератсия Русия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2017
2 Донишгоҳи давлатии Марӣ табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2017
3 Донишгоҳи давлатии Шарқи дури Федератсия Русия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2018
4 Донишгоҳи давлатии Томск Федератсия Русия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2018
5 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москави Федератсия Русия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2018
6 Коллеҷи Нарви назди донишгоҳи Тартуи Эстония табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2019
7

Донишгоҳи давлатии Нахҷувони Ҷумҳурии Озарбойҷон

табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ.

2019

8 Донишгоҳи давлатии педагогии шахри  Алтайи Федератсия Русия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2020
9 Донишгоҳи техники-аграрии ба номи Д.Н. Приянишковаи шаҳри Перми Фидратсияи Русия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2020
10 Донишгоҳи давлатии Термез. Ҷумҳурии Узбекистон табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2021
11 Донишкадаи химики- технологии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2021
12 Донишкадаи тиҷорат ва педагогикаи Денави Ҷумҳурии Узбекистон табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2021
13 Академияи давлатии аграрии шаҳри Кострамаи Федратсияи Руссия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2021
14 Сафоратхонаи Амрико (Шурои маорифи байналмилалӣ) Ташкил намудани маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC) дар факултети забони англисӣ, омӯзиши усулҳои фаъоли таълим ва таълими фосилавӣ 2021
15 Ташкилоти ғайридавлатии «Good neihbor (Ҳамсояи хуб)» Омӯзиши техналогияи навинӣ муосир, омода нмамудани  мутахассисон дар соҳаи информатика 2021
16 Донишгоҳи давлатии педагогии Тула ба номи Л.Н. Толстой табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2022
17 Донишгоҳи давлатии Алтайи Федератсия Русия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
18 Донишгоҳи давлатии Томск табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
19 Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
20 Донишгохи давлатии Бухоро табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
21 Донишгоҳи забон ва адабиёти узбеки ба номи Алишер Навои Тошканд табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
22 Донишгоҳи давлатии педагогии Белорусия ба номи Максим Танк табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
23 Донишеадаи Элбуржи Казони Федератсияи Россия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
24 Институти таҳқиқотии Макс Планки кишвари Олмон иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо. 2023
25 Донишкадаи давлати забони русӣ ба номи А.С. Пушкини Федератсияи Россия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2023
26 Донишгоҳи давлатии Риязан ба номи С.А. Есенини  Федератсияи Россия табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ. 2024

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки илова барин дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳврии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Белорус бастани шартномаҳои нави ҳамкори бо донишгоҳои ин кишварҳои мазкур ба монанди   Донишгоҳи давлатии Риязан ба номи С.А. Усунин, Донишгоҳи давлатии Гордон ба номи Янки Купало, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии Полоск ба номи Уфрасини Полоский ва Донишгоҳи милии Белорус дошта дар рӯзҳои наздик бо тариқи маҷози ба имзо расонида мешавад.

 Муқоисаи ҳамкориҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав  бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар 4 соли охир

Соли таҳсил Шумори умумии шартномаҳои басташуда Кишварҳо Созмонҳо давлатӣ ва ғайри давлатӣ  Сафоратхонаҳои хориҷӣ дар ҶТ
 Соли 2020 2  Федератсияи Расия

Соли 2021

 

6

Русия, Узбекистон, Ташкилоти ғайридавлатии «Good neihbor (Ҳамсояи хуб)» Сафоратхонаи Амрико (Шурои маорифи байналмилалӣ)
Соли 2022 2 Русия

Соли 2023

 

9

Расия, Беларусия, Олмон, Узбекистон Ташкилоти ғайридавлатии «Good neihbor (Ҳамсояи хуб)» Сафоратхонаи Амрико (Шурои маорифи байналмилалӣ)

 

Дар моҳи марти соли 2023 форуми ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин форм аз тарафи ректори донишгоҳ Давлатзода С.Х бо се муассисаи оллии Ҷумҳурии Узбекиситон аз он ҷумла Донишгоҳи милли Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбеки Тошкент ба номи Алишер Навоӣ ва Донишгоҳи давлатии Бухоро шарномаи ҳамкорӣ дар самти табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон  баста шуд.

Барои дар аммал тадбиқ намудани ҳамкориҳо бо Муассисаҳои таълимии хорҷӣ гурӯҳи калони делегатсияи омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошканди аз  Ҷумҳурии Узбекистон  барои шиносои аз таълиму тарбия ва табодули омузгорону донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз санаи 16.11.2023 то 20.11.2023 ташриф оварданд

Ҳайъати професорону омӯзгоронрони меҳмонро  сараввал  роҳбари донишгоҳ профессор Давлатзода С.Х. ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ хайра мақдам намуда  оиди робитаҳои муштараки ҳар ду донишгоҳро дар самти ҳамкориҳо оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраҳо суҳбат намуданд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи барнома барои ҳамкорӣ ва табодули донишҷӯён ва коромӯзии меҳмонон рӯзи 17.11.2023 аз истиқболи меҳмонон дар бинои асосӣ ва тамошои бинои китобхонаи донишгоҳ ва зерсохторҳои муассиса шуруъ гардид, ки он бо  шиносои бо китобхона, толори хониш ва ба раванди таҳсил дар факултетҳои сиёсат ва идораи давлатӣ шинос шуда бо донишҷӯён ва омӯзгорони факултетҳои мазкур суҳбатҳо намуданд.

Аз  Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант ҳайаӣт зерини омӯзгорон ва донишҷӯён  ташриф оварда буданд.

1.Нусратулло Жумахужа Атауло ӯғли профессори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант.

  1. Раҳмонов Абдуғафор Рузматович профессори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант.

3.Туйчиева Маҳфуза Умаркуловна профессори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант

  1. Ахмедова Гулноза Мухторовна омӯзгори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  2. Ҳамроева Орзигул омӯзгори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  3. Адизова Иқбалой омӯзгори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  4. Худайбергенов Бекзод омӯзгори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  5. Аскаралиева Нигора Ойбек қизи донишҷӯ Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  6. Калимов Миразиз Муродулла ӯғли донишчӯ Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  7. Қаюмбердиев Рамазон Музаффар ӯғли донишҷӯ Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  8. Асатиллаев Иззатила Инатиллаевич донишҷӯ Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  9. Ахматова Нигора Акмал қизи донишҷӯ Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  10. Қаҳрамонова Сабинабону донишҷӯи донишҷӯ Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант
  11. Ибрагимова Паризода донишҷӯ Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкант

Дар асоси  мактуби  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21- сентиябри соли 2023 таҳти  №26/10 оиди форуми дуюми реторони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷмкистон ва Ҷумҳурии Белорус дар санаи  05.10.2023 то 06.10.2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, ки баргузор гардид , ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав профессор Давлвтзода Сайфиддин Хайриддин  ва  муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  Фатҳуллоев И. Б. иштирок намуданд.

Дар санаи 5 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт. Дар форуми мазкур, ки санаҳои 5-6 октябр баргузор гардид, вазирону масъулони соҳаи маорифи кишварҳо, ректорони беш аз 50 донишгоҳҳои ду кишвар иштирок намуданд.

Нахуст иқтидори таълимӣ ва илмии Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус аз ҷониби ректори он Вадим Богуш ба ҳайати ҷониби Тоҷикистон, ки онро вазири маориф ва илми кишвар, профессор Саидзода Раҳимҷон Ҳамро роҳбарӣ менамуд, манзур карда шуд.

Дар санаи мазкур ҷаласаи ифтитоҳии Форум вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз сафари расмии соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои муваффақонаи кишварҳо, тавофуқоти мутақобилан судманд дар соҳаҳои маориф, илм ва сиёсати ҷавононро маҳз самараи мулоқоту хидматҳои сарони кишварҳо арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар ҷараёни форум таҳияи Комплекси илмию таълимии Беларусу Тоҷикистон дар назар буда, имконияти дар Беларус кушодани Маркази омӯзиши фарҳанг ва забони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Вазири маориф ва илми кишвар, профессор Саидзода Раҳимҷон Ҳамро  низ дар баромади худ оиди таваҷҷуҳи ҳукумти кишварамон махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, ҳамкориҳои дуҷониба, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.

Дар доираи Форуми дуюми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳум ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2023-2026 ба имзо расонида шуд , ки масъалаҳои табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсщои такмили омӯзгорон ва ғ.дар бар бар мегирифт.

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳо миёни Беларус ва Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои гуманитарӣ рушди босуръат касб намуда, дар соҳаи маориф заминаи кофии меъёрию ҳуқуқии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташаккул ёфтааст. Дар ин замина, як қатор созишномаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ, аз ҷумла миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳо  созишномаҳо мустақими дуҷониба ба тасвиб расидааст.

Дар таърихи 5 октиябр дар форуми мазкур, бахши дуюмаш дар Донишгохи давлатии техникии Белорус баргузор гардид, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав профессор Давлвтзода Сайфиддин Хайриддин  дар Донишгоҳи техники и Белорус дар мавзуи “Современные подходы к решению проблем в области образования и науки” баромад намуда оид ба  бурдбориҳои доншгоҳамон дар солҳои охир вобаста ба тамоми самтҳои таълими, илмӣ,тарбияви, иқтисодӣ ва хориҷӣ ибрози андеша намуда якчанд пешниҳоду тавсияҳоро пиромуни  мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳои маориф намуданд.

Дар рузи дуюми форум яне 6 октиябр  форм аз тарафи ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хақриддин  бо Донишгоҳи далатии педагогии Беларус ба номи Максим Танк  ректораш профессор Жук Александ Иванович шарномаи ҳамкорӣ дар самти табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон  баста шуд.

Илова бар ин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав  профессор Давлатзода С.Х. бо Донишгоҳи далатии педагогии Мазир ба номи И.П. Шамякин, Донишгоҳи далатии Гордон ба номи Янки Купало, Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроника ва  Донишгоҳи давлатии Брест  мулоқот намуда оида бастани шартномаи ҳамкори мавриди бараси қарор гирифт, ки  дар ояндаи наздик шартномаҳои  ҳамкори   бо тариқи маҷози баста мешавад.

1.3  Ҳамкориҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ

Ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба шумор меравад. Роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамти илмиву таҳсилотӣ миёни ДДБ ба номи Н.Хусрав  ва донишгоҳу марказҳои илмӣ, сафоратхонаҳои хориҷии ҳудудӣ кишварамон ва созмонҳои далати ва ғайри давлатӣ кишварҳои хориҷӣ чун ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи раёсати донишгоҳ қарор дошта, кўшиш ба харҷ дода шудаистодаст, ки ин ҳамкориҳо густариш  ёбанд.

Аз он ҷумла, дар асоси  мактуби  ташкилоти  ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи “Good Neighber International” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 22-0164 асоси ҳамкориҳои сакмаранок дар доираи амалисозии фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва илм оид ба “Бистсоли омӯзиш рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” барои баланд бардоштани дараҷаи касбият оид ба технологияи рақами инклюзивиро дар ҳамкори бо ташкилоти мазкур  курси омӯзиши “Зеҳни сунъи” дар факултети информатика семинар омӯзиши бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои математика, иқтисодӣ ва информатика гузаронида шудааст.

Дар тулли 3 соли ҳамкори бо Лоиҳаи Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба техногологияи рақамӣ-инклюзивӣ,  ташкилоти “Good Neighbors International” дар Ҷумҳурии Точикистон ба донишҷӯёни мо дар самти илми технологияи пешрафтаи рақамӣ ва тиҷорати электронӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил намуданд, ки ҳамаи хонандагон  баъди хатми курсҳои омӯзишӣ соҳиби сертификат гаштанд.

Дар курси омӯзишии технологияи пешрафтаи рақамӣ ду гуруҳи донишҷуёни мо сомонаи беҳтарини кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро сохта ба истифода доданд, ки аз ҷониби кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти “Good Neighbors International” дар Ҷумҳурии Точикистон дар ҳаҷми 5750 сомони мукофонида шуданд.

Донишҷуёни зерине, ки соҳиби мукофотҳои грантӣ гаштанд:

  1. Пирова сарвиноз – донишҷуи курси 2-юми факултети математика
  2. Юсуова Манижа – донишҷуи курси 2-юми факултети информатика
  3. Ҳошимов Фарух – донишҷуи курси 1-уми факултети информатика
  4. Забиров Муҳаммад – донишҷуи курси 3-юми факултети информатика

Дар курси омӯзишии тиҷорати электронӣ се гуруҳи донишҷуёни мо бизнес-планӣ беҳтаринро сохта ба истифода доданд, ки аз ҷониби кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти “Good Neighbors International” дар Ҷумҳурии Точикистон дар 3 нотбук бо арзиши 5750 сомони мукофонида шуданд.

Донишҷуёни зерине, ки соҳиби мукофотҳои грантӣ гаштанд:

  1. Асроров Субҳонали – донишҷуи курси 4-уми факултети иқтисодӣ
  2. Сайвалиева Тахмина – донишҷуи курси 4-уми факултети иқтисодӣ
  3. Исмоилова Парвина – донишҷуи курси 2-юми факултети иқтисодӣ
  4. Шоев Абдулло – донишҷуи курси 2-юми факултети информатика

1.4 Ташкил ва гузаронидани дарсҳои маҷозӣ(онлайнӣ), мизҳои муддавар, конфронсҳо, семинарҳо ва гузаронидани такмили ихтисоси омӯзгорони доннишгоҳ бо иштирок ва даъвати мутахассисони хориҷӣ

Дар асоси хатсайри тартибдоаи шубаи райосати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ба Донишгоҳи давлатии омузгории  Алтайи Федератсияи Руссия (АлтГУ) ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 13.10. 2023 сол як гурӯҳ омӯзгорони донишгоҳи мазкур:

  1. Кайгородов Евгений Викторович, муовини ректор оид ба фаъолияти байналмилалӣ ва рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай;
  2. Небольсина Марина Сергеевна, директори маркази байналмилалӣ дар соҳаи маорифи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай;
  3. Марина Олга Викторовна, д.ф.н., прфессор кафедры общего и русского языкознания;
  4. Кислицин Алексей Владимирович, к.ф-м.н., дотсенти кафедраи мамтематика ва методикаи таълими математик;
  5. Цыряпкина Юлия Николаевна номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумӣ;
  6. Ратникова Дарья Владимирвна, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими фанҳои иҷтимоию-иқтисодии Донишгоҳи давлатии

омӯзгории Алтай ташриф оварданд

Онҳо бо омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои забон ва адабиёти рус, педагогика ва варзиш, таърих ва ҳуқуқ, забони англисӣ, математика, дарсҳои намунавии бо истиллҳӣ “ Мастер класс” гузашта  бо омӯзгорон семинари илмӣ методи гузарониданд. Небольсина Марина Сергеевна, директори маркази байналмилалӣ дар соҳаи  маорифи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай пз рушди ҳамкориҳои тарафайн изҳори минтдори намуда барои рушди равобити байналмилалӣ ва ҷоннок намудани дарсҳои онлайнӣ дар маркази озоди омӯзиши забони русии ва дигар факултетҳои  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ибрози андеша намуда барои дар оянда тартиб додани хатсайрҳои таълимӣ байни ҳарду муассисами таълимӣ  барои ҳамкориҳои имрӯзаву минбаъда арзу сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Мувофиқ ба нақшаи солонаи тартибдода  оид ба рушди ҳамкориҳои тарафйн бо Донишгоҳи давлатии омузгории  Алтай (АлтГУ)   ҳайати  гурӯҳи  корӣ  аз донишгоҳи мазкур ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав   барои гузаронидани такмилӣ ихтисоси факултетҳои физика , техникӣ вав технологӣ, математика, сиёсат ва идораи давлатӣ ва педагогика ва варзиш дар ҳайъати:

  1. Кулешова Ирина Геннадьевна н.и.п, дотсент
  2. Каирова Лидия Алексеевна н.и.п, дотсент
  3. Гибельгауз Оксана Сергеевна н.и.п, дотсент
  4. Полынская Ирина Николаевна н.и.п, дотсент
  5. Сапронова Наталья Алексеевна н.и.ҳ, дотсент
  6. Воронова Надежда Геннадьевна н.и.ф, дотсент ташриф оварднд.

Тибқи барнома бо омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои мазкур бо барномаи мушахастӣ таълимӣ курси такмили ихтисос аз 12.11.2023 то 16.12.2023 гузаронида шуд,ки зиёда аз 66 нафар рӯзҳои наздик сазовори сертификати Донишгоҳи давлатии омузгории  Алтай (АлтГУ) мегарданд.

Рафти такмили ихтисоаси омӯзгорони   факултети математика ва физика

Рафти такмили ихтисоаси омӯзгорони   факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва техникиӣ ва технологӣ

Рафти такмили ихтисоаси омӯзгорони  факултети педагогика ва варзиш

1.5. Фаъолияти марказҳои омӯзиши забони англиси ва русӣ

 

Курси Санъати суханвари дар маркази захиравии забони англиси.

Санаи 10-уми феврали соли 2023, дар маркази  захиравии забони англиси аз тарафи тренерони  курс, Салим  Бобоназаров роҳбари Ташкилоти  ҷамъияти «Мактаби Волонтерон» ва Муродова Зебонисо  ҳамоҳангсози маркази захиравии забони англиси дарс аз рӯи модули якум, яъне “Усулҳои таълими интерактивӣ ва технологияҳои нави таълим” ба монанди усулҳои “Ҳуҷуми зеҳнӣ, мини-лексия ва тарзи муҳокимаронӣ” барои 10 нафар омӯзгорони Факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав гузаронида шуд. Дар рафти омӯзиш, ба иштирокчиён маълумоти умумӣ оиди усулҳои таълими интерактивӣ пешниҳод гардид. Ҳамчунин аз тарафи тренерон ба иштирокчиён оиди тарзи истифодаи “Усулҳои ҳуҷуми зеҳнӣ, мини-лексия ва муҳокимаронӣ” маълумоти дақиқ пешниҳод гардид. Иштирокчиён дар рафти омӯзиш бисёр фаъол ширкат варзида, усулҳои нави таълимро бо хушнуди қабул карданд. Дар охири курс ба ҳамаи иштирокчиён вазифаи хонагӣ оид ба омода намудани баромад бо истифода аз усули “Ҳуҷуми зеҳнӣ ва муҳокимаронӣ” дода шуд.

Феврал 2023

1-3-юми феврали соли 2023,  аз ҷониби  ду мутахассиси Амрикои Бенчамин Бертранд ва Айлин Чамайко аз маркази захиравии забони англиси дар шахри Душанбе тренинги идоракунии синф бо тарики онлайн гузаронида шуд. Тренинг ду соат давом кард. Дар маҷмӯъ шаш соат тавассути  барномаи Зум ва ру ба ру гузаронида шуд. Дар ин тренинг 18 нафар омӯзгорони забони англисӣ аз Донишгоҳи давлатии  шахри Бохтар иштирок намуданд ва оид ба идоракунии дарсҳо аз тариқи мавзӯъҳои гуногун маслиҳатҳои амалӣ гирифтанд. Ин ҳамкории Марказҳои захираҳои англисӣ дар Душанбе ва Бохтар таҳти роҳбарии  мутахассисони забони англисӣ буд. Муаллимон дар мубоҳисаҳо ширкат варзиданд ва мушкилотхои, ки дар синфхонаҳояшон рӯбарӯ  мешаванд, нақл карданд. Дар охири тренинг ба омӯзгорон оид ба идоракунии синфхонаҳои худ чанд маслиҳатхо дода шуданд.  Бенҷамин Бертран  ҳамчун идомаи фаъолият тренинги мазкуро оид ба идоракунии синф барои 10 нафар донишҷӯён гузаронид. Хамаи иштирокчиен бо сипознома сарфароз гардонида шуданд.

Март 18- 19 2023

Конфронси Марказҳои миллии забони англисӣ

Рӯзҳои 18-19 марти соли 2023  дар доираи Марказҳои захиравии забони англисӣ Конфронси Марказҳои миллии забони англисӣ  баргузор гардид ки дар он 40 омӯзгорони забони англисӣ аз шахрхои Душанбе, Бохтар, Панҷакент ва Кӯлобро  иштирок карданд. Конфронс дар меҳмонхонаи «Руми» дар шахри Душанбе аз соати 9:00 то 16:00 баргузор гардид.

Дар конфронси дурӯза се  мутахассисони Амрикои, ҳамоҳангсозони марказ Гулчеҳра Очилова Зебонисо Муродова ва директори ТҶҶ «Забондон» Фирӯз Какроев оид ба рушди малакаҳои навиштани грантҳо машғулиятҳо мегузаронанд.

Дар рафти ҷамъомади ду рӯза иштирокчиён:

  • малакаҳои хатти худро бо тавассути навиштани грант такмил доданд .
  • Бо тавассути презентатсияҳои шифоҳӣ малакаҳои суханрони худро такмил доданд
  • барои пешво шудан дар соҳаи худ маълумот гирифтанд
  • Дар бораи грантхои шабакаи Юсант (USANT) ва  Англиси Бидуни Сархад ( English Without Borders) маълумот гирифтанд.
  • Дар озмуни навиштаи лоихаи хурд иштирок карданд.
  • дар гурӯҳҳои худ пешниҳодҳои гранти ва презентатсияҳои худро  такмил доданд ва тарҳрезӣ карданд

Дар рузи дуюм  ғолибони навиштани гранти хурд муайяе шуданд. Чои якум:  Маркази захиравии забони англиси шахри Бохтар гурухи якум.Чои дуюм Маркази захиравии забони англиси шахри Бохтар гурухи сеюм.Чои сеюм  омузгорони Донишгохи шаъри Кулоб.

Марти соли 2023

Ду нафар омӯзгорони факултет Бахтиёр Собиров ва Нурова Мусаввар курси онлайни ройгонро хатм карданд. Бахтиёр курси саводнокии ВАО ва курси Малика Интегратсияи тафаккури интиқодӣ ва эҷодӣ дар муҳити  омузиши забони англиси буд. Ин курс барои кӯмак расонидан ба омӯзгорони забони англисӣ дар такмил додани таҷрибаи таълимии худ тавассути эҷоди арзёбиҳои ҷолиб ва амалии вобаста ба натиҷаҳои омӯзиш пешбинӣ шудааст.  Омӯзгорон фаҳмиданд, ки курсҳои ройгони онлайни такмили ихтисос як роҳи олии сармоягузорӣ ба рушди шахсӣ ва касбии онҳо мебошанд.

Aпрел 2023

3-4 Апрели соли 2023,   дар маркази захиравии забони англиси 18 нафар омӯзгорон, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Душанбе барои иштирок дар Конференсияи  фосилавии байналмилалии забони англисӣ TESOL 2023  пешбарӣ шуда буданд, истиқбол гирифт. Соли дуюм аст, ки  Сафорати Амрико дар Точикистон  барои иштирок дар ин корференсияи байналмиллаи маблагузори мекунад.Соли гузашта ду муаллим ба  инконфронси виртуалии TESOL пешбарӣ карда шуданд, аммо имсол 18 нафар омӯзгорон дастрасӣ ба бомуваффақият ба платформаи курси канвас ворид шуданд. Гулчеҳра Маҳмадиева, ки дар TESOL Virtual 2022 иштирок дошт, гуфт: “Ин сол дуюм аст, ки ман дар конфронси виртуалӣ иштирок мекунам, ҷаласаҳои ҷолиби зиёде ҳастанд ва паймоиши платформа осон аст. Иштирок кардан дар ин анҷумани байналмилалӣ ва пурмазмун барои ман муҳим аст. Ман бисёр маълумоти муфид ва муҳим ва усулҳои наве гирифтам, ки барои ман нав ва барои касбам муҳиманд.” Аъзоёни факултет  бо сипосномахо  сарфароз гаштанд

Апрел  2023

19 апрели соли 2023. Омузгор Исмонқулова Мавҷуда бахшида аз руи барномаи таълимиаш ки дар  бораи шоири англис Вильям Шекспир буд бо 24 нафар донишҷӯёни курси якум дарси кушод баргузор намуд.Донишчуени дар бор хаёт ва фаъолияти шоир дар гуррухо накл ва саволу чавоб карданд.Сипас донишчуён сенарияи “Ромео ва Чуллета”ро накшбози карданд. Донишҷӯён дар ин дарси чолиб ҷалб шуда буданд.Абӯбакр, донишҷӯи соли аввал гуфт: Ман намедонистам, ки кор дар гурӯҳҳо метавонад шавқовар бошад, бори аввал буд, ки мо якҷоя ҳамчун як даста кор кардем ва ба ҳамдигар кӯмак кардем. Ман роҳбари дастаи худ будам».

Рӯзи забони англисӣ дар СММ (англ. UN English Language Day) —  ин ҷашни байнулмилалиест, ки ҳамасола 23 апрел таҷлил карда мешавад. Омузгор Исмонқулова ва хамохангсози  марказ бозихои мувофиқро аз Интернет ҷустуҷӯ  намуда  бо донишҷӯёни курси якум рузи забони англисиро кайд карданд.Бенчамин Бернтранд  низ иштирок дошт. Мусобиқа ба донишҷӯён писанд омад.  Дастаи “Шамол” ҷойи аввал ва “Офтоб” ҷойи дуюм ва “Шаҳзода” ҷойи севумро касб карданд. Ҳамоҳангсози  марказ ва омузгорони факултет тасмим гирифтанд, ки ба донишчуён сипоснома барои иштирок дар Рӯзи забони англисӣ диҳанд. Аз муваффакияти онхо декани факултет Неъмат Рачабов хеле шод гардид. Нутки илхомбахш эрод намуда, ба онхо сипосномахо супурд. Декани факултет ба Исмонкулова Мавчуда  барои ташкили ин ҷашн бо шогирдонаш ҷоизаи Муаллими мохи факултетро супорид.Бояд кайд кард, ки ин соли дуюм аст ,ки дар факултаи забони англиси чашни рузи забони англисиро омузгорони фаъоли марказ чашн мегиранд.

Дар асоси шартномаи тарафайн бо Шурои амрикои оид ба маорифи байналмилалӣ дар соли нави таҳсил барои идомаи шартномаи мазкур аз моҳи сентябр барои таълим ва гузаронидани дарсҳои таълимию методи бо донишҷӯён ва оимӯзгорони факултети забони англисӣ омӯзгори фани забони англисӣ Шарон Лайман ба фаъолият шуруъ намудаст.

Дар асоси шартнома ва ҳамкории тарафайн дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илмӣ ҶТ аз тарафи Шуроӣ маорифи байналмилалии Амрико дар факултети забони англисӣ “Маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC) “ фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза донишҷӯён ва омузгорони факултет аз ин марказ барои сайқал додани донишу маҳорати педагогии худ истифода мебаранд.

Ҳаминоро бояд қайд намуд,ки рӯзҳои 18-19 марти соли 2023  дар доираи Марказҳои захиравии забони англисӣ Конфронси Марказҳои миллии забони англисӣ  баргузор гардид ки дар он 40 омӯзгорони забони англисӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Панҷакент ва Кӯлобро  иштирок намуданд. Дар конфронси дурӯза се  мутахассисони Амрикои, оид ба рушди малакаҳои касбӣ ва навиштани грантҳо  машғулиятҳо гузаронида шуд. Дар асоси талаботи семинар  Маркази захиравии забони англисии донишгоҳамон дар байни омӯзгорони дигар муассисаҳои таълими ҷойҳои якум ва сеюмро ишғол намуданд

Аз 14 то 18 март дар донишгоҳ семинари омӯзишии Лоиҳаи USAID “Биё, ҳароҳ омӯзем” дар заминаи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳарии Тоҷикистон гузаронида шуд , ки дар курси мазкур мудирон ва омӯзгорони кафедраҳои методикаи таълими фаъолона иштирок нмамудан, ки барои шинос шудан ба рафти курси мазкур намояндаҳои Лоиҳаи мазкур аз хориҷа ташриф оварда за маркази захиравии забони англиси дидан намуда бо донишҷӯёни факултети забони англисӣ суҳбат намуданд.

Оиди иштироки омӯзгорон дар конференсияҳои байналмилалӣ

Дар асоси мактубҳои  иттилоотии конференсияҳои байналмилалӣ ҳайъати омӯзгорон ва професорони донишгоҳ дар  конфронсҳои гуногӯни назариявию илмӣ  бо тариқи маҷозӣ ва ё иштиорки шахсӣ  бо мақолаҳои илмии худ профессорон  Комили А., Саторов А., Сафаров Ҷ., дотсент Ҳасанов Ш. ва ғайраҳо  фаъолона  иштирок намуданд.

Оид ташкили дарсҳои маҷозӣ( онлайнӣ) ҳаминро бояд қайд намоям,ки дар соли таҳсили 2023 тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳо  бо истифода аз технологияҳои навини иттилоотӣ, тариқи маҷозӣ (онлайни)  зиёда аз 68 конференсияҳо, семинарҳо,  мизҳои мудаввар, хондани лексияҳо  ва иштирок дар онҳо  бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои   хориҷи кишвар амалӣ карда гузаронида  шудааст.

       Лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Муассисаи  таълимии  давлатии    

           “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Номи лоиҳа (грант) Муҳлати амалишавии лоиҳа (грант)солҳои 2021 – 2022 Маблағи  умумии  лоиҳа (грант) Саҳми муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ Арзиши таҷҳизот Маблағҳои сарфношуда Ҳамоҳангсоз
1. Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-Таъмини таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ ва лабораторӣ дар доираи зерқисмати1.3.“Беҳтар намудани шароити таҳсил  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” 20 майи соли 2022 то 30 октябри соли 2022 1039272,39

сомонӣ

0 сомонӣ 1039272,39

сомонӣ

 0 сомонӣ Тоҳирҷонов Б.Т

Ҳамнро бояд иброз намуд, ки айни ҳол дар дар ҳамкори бо Донишгохи техникии ба номи Муҳаммадҷон  Осимӣ  лоиҳаи  нав оид ба “Ташаккули  потенсиал  дар таҳсилоти олӣ “ аз моҳи августи соли 2023  шуруъ мегардад.

Хулоса нақшаи дурнамои шубаи робитаҳои байналмилалии  донишгоҳ бо бастани шартномаҳои ҳамкори бо донишгоҳҳою марказҳои таълими ва ташкилотҳои хориҷӣ ба таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникӣ, беҳтар намудани таҷҳизоти озмоишгоҳҳо ва мувофиқгардонии раванди таълим ба талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ ва ҷалб намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ равона шудааст. Вусъат ёфтани   ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷии дуру наздик, барои ворид шудани донишгоҳ ба фазои байналмилалии таҳсилот, бедор намудани тафаккури техникии донишҷӯён, рушди компютеркунонии таълимгоҳ дар асоси устуворгардонии пойгоҳи моддию техникӣ, таъмини сифати таҳсилот ва ташкили самараноки таълими фосилавӣ, гузаронидани ҳамоишҳои илмиву методии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии он ба шумор меравад.

Дар баробари бо таълим фаро гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як мактаби олӣ ин  хуб ба роҳ мондани робитаҳо бо хориҷи кишвар мебошад, ки ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва азхудкунии илмҳои муосир ва ѓайраро дар бар мегирад. Маълум аст, ки тайёр кардани мутахассисон барои кишварҳои хориҷӣ наздик ва дур на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки инчунин  аҳамияти сиёсӣ низ дорад. Мо на танҳо метавонем мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олӣ тайёр намоем, инчунин барои дар оёнда баланд бардоштани нуфўзи донишгоҳамаон берун аз марзи кишварамон саҳмгузор гардем.