Холмуродзода Мурод Холмурод

Мудири шӯъбаи аспирантура ва докторантура PhD

  +(992)91-938-83-00
  murod-suyarov@mail.ru

ШУЪБАИ АСПИРАНТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА PhD (Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва алмӣ-педагогӣ)
 Алҳол мудири шуъба н.и.п, дотсент Суярзода Мурод Холмурод мебошанд.
Шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли 2002 дар асоси фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.01.2001 таҳти № 250 таъсис ёфтааст. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ №3 аз 01.11.2015 шуъбаи аспирантура ба шуъбаи аспирантура ва докторантура PhD ивази ном намуд. Бо назардошти иҷозатнома дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд: 01.01.02-муодилаҳои дифференсиалӣ, 01.01.09-математикаи дискретӣ ва кибернетикаи математикӣ, 07.00.02-таърихи ватанӣ, 10.01.03-адабиёти точик, 10.01.20-забоншиносии муқоисавӣ ва типологӣ, 13.00.01-педагогикаи умумӣ, таърихи педаго¬гика ва таҳсилот, 13.00.02-назария ва методикаи таълим 02.00.01-химияи ѓайриузвӣ, 05.00.03-биология (ботаника), 08.00.05-иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ, 23.00.02-низоъшиносии этносиёсӣ, равандҳои миллӣ ва сиёсӣ. Бо назардошти имконияти илмии донишгоҳ дар мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои гуногун унвонҷӯёнро низ ба шуъбаи аспирантура қабул намудааст, ки онҳо таҳсилро бомуваффақият идома дода истодаанд. Дар чор соли охир шуъбаи аспирантураи донишгоҳро 80 нафар аспирантон хатм намуданд. Соли 2018 шумораи умумии аспирантони донишгоҳ ба 41 на¬фар расид, ки аз ин рақам 10 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 31 нафари боқимонда дар шуъбаи ѓоибона таҳсил менамоянд.
Аз соли хониши 2015-2016 дар шуъбаи аспирантура ва докторантура PhD ихтисосҳои доктор PhD аз рӯи ихтисос ташкил карда шудааст, ки он аз рӯйи 18 ихтисос фаъолият дорад: 6D020300–таърих, 6D050600–иқтисодиёт, 6D020500–филология, 6D010301-педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маориф, 6D010901-назария ва методикаи таълими математика, 6D011001-назария ва методикаи таълими физика, 6D011101-назария ва методикаи таълими информатика, 6D011201-назария ва методикаи таълими химия, 6D011301-назария ва методикаи таълими биология, 6D060100-математика, 6D060400-физика, 6D060600-кимиё, 6D060700-биология, 6D060200-информатика, 6D011700-забон ва адабиёти тоҷик, 6D021400-адабиётшиносӣ, 6D050700-менеҷмент, 6D050900-молия. Дар ин ихтисосҳо ҳамагӣ 25 нафар докторантон аз рӯйи ихтисос соли 2018 3 нафар докторантон аз рӯйи ихтисос PhD бомуваффақият хатм намуданд.
Ҳамчунин дар назди шуъбаи аспирантура ва докторантура PhD шуъбаи магистратура, ки он соли хониши 2012-2013 таъсис ёфтааст фаъолият дорад. Ҳоло дар курси якум ва дуюми ин шуъба аз рӯйи 24 ихтисос 583 нафар магистрант таҳсил менамояд. Шуъбаи магистратура аз руйи ихтисосҳои зерин магистрантонро ба таҳсил фаро мегирад: 1-020503-математика, 1-020504-физика, 1-020401-биология, 1-020401-химия, 1-020101-таърих, 1-020102-таърих ва ҳуқуқ, 1-020505-информатика-математика, 1-40010102-системаҳои автоматикунонидашуда1-01010101-таҳсилоти томактабӣ, 1-260202-менеҷменти иҷтимоӣ, 1-250108-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, 1-25010402-кори бонкӣ, 1-250104-молия ва қарз, 1-250111-аудит ва ревизия 1-960101-хадамоти гумрук, 1-250107-иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ, 1-25010403-андоз ва андозбандӣ, 1-020405-география-демография, 1-210501-филологияи тоҷик, 1-230108-рӯзноманигорӣ, 1- 210501-забон ваадабиёти рус, 1-210502-забони англисӣ, 1-020601-технология, 1-010201-таҳсилоти ибтидоӣ.