Ҷабборов Диловар  Абдуқаҳорович 10-уми майи соли 1984 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ӯ соли  2007 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ (рӯзона) бо ихтиссоси таърих ва ҳуқуқ ва соли 2010 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтиссоси ҳуқуқшинос маълумоти дуюми олӣ хатм кардааст.

Номбурда солҳои 2006-2007 омӯзгори мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 51 ш. Кӯлоб, солҳои 2007-2010 ҷонишини директори мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 58-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҳамчунин коменданти хобгоҳи № 48-и  ЛКИ ва ТК ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, солҳои 2010-2012 ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон дар шуъбаи умумӣ, солҳои 2012-2013 омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДҚ ба номи Носири Хусрав ва аз 21-уми январи соли 2013 дар вазифаи  ҳуқуқшиноси Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” кор мекунад.

.

GDE Ошибка: Ошибка при загрузке файла - При необходимости выключите проверку ошибок (404:Not Found)