Китобхонаи электронии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» аз соли 2013 инҷониб фаъолият дорад. Китобхонаи мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати мутолиаи китоб ва дастрасӣ ба дигар манбаъҳои иттилоот барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ташкил шуда, дар он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар китобхонаи электронии донишгоҳ беш аз 48 000 нусха адабиёти гуногун мавҷуд аст, ки ҳамарӯза аз онҳо устодону донишҷӯён фаровон истифода менамоянд. Робитаи китобхона бо тамоми сохтор ва кафедраҳои донишгоҳ дуруст ба роҳ монда шуда, танҳо дар се моҳи соли 2020 ба китобхона аз тарафи устодон наздики 500 номгӯйи адабиёти электронӣ дастрас гардида, барои мутолиа пешниҳод шудааст.

Ба иттилои оператори китобхонаи электронии маркази тестӣ Набиев Ҷурабек Раҷабович дар як маврид то 43 нафар устодону донишҷӯён метавонанд аз хизматрасонии китобхонаи мазкур истифода намоянд. Китобхонаи электронии донишгоҳ бо дигар китобхонаҳои дохил ва хориҷи кишвар низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар китобхона се нафар, аз ҷумла Набиев Ҷурабек Раҷабович,

 

Халилов Шеруя Тоирович  ба ҳайси оператори китобхонаи электрони

 

 

 

 

ва Абдуллоев Тоҷиддин низ  ба ҳайси оператори китобхонаи электронии маркази тестӣ фаъолият доранд. Онҳо нақша доранд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва ҳамкориҳои мутақобила бо китобхонаҳои электронии дохил ва хориҷи кишвар, ба китобхонаи электронии донишгоҳ китобҳои тозанашр ва муҳимро вориду дастраси хонандагон намоянд.    

 Операторони китобхонаи электронии маркази тестӣ дар донишгоҳ Набиев Ҷурабек Раҷабович  24-уми декабри соли 1988 дар деҳаи Комсамоли ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар (ҳозира Кушониён) дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1995 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 14 ноҳияи мазкур дохил гардида, онро соли 2007 хатм менамояд. Соли 2007 бо мақсади идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба факултети химия ва биология, ихтисоси экологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрѓонтеппа (ҳозира Бохтар) ба номи Носири Хусрав супорида, онро соли 2012 бо муваффақият хатм мекунад. Аз соли 2015 то инҷониб дар вазифаи оператори китобдори китобхонаи электронии донишгоҳ фаъолият дорад.  

  (+992) 91-754-39-39                                      ddb-kitobhona@mail.ru