СОБИРОВ Ҷӯрабой Файзалиевич (тав. 23.01.1960 зодаи деҳаи Ҷавонон (Комсомолобод)-и н. Восеъ, аз хонадони зиёӣ). Солҳои таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (1966-76), номзади илмҳои физикаву математика, дотсент, ходими калони илмӣ (докторант)-и кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Хатмкардаи факултаи математика (ихтисоси математика бо иловагии физика)-и ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1981). Сарлаборант, омӯзгори кафедраи физикаи умумӣ (1981-1986). Муҳаќќиќ- коромӯз, аспиранти кафедраи электроникаи физикии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинград ба номи А.И. Гертсени ш. Санкт-Петербург (1986-1990). Омӯзгор, саромӯзгор (1991), и.в. дотсент (1994) кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990-1995), дотсент, мудири кафедраи фанҳои умумитехникии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1995-2000), ноиби ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2000-2005), декани факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2005), мудири шуъбаи илм, мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (2005-2006), мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон (2006-2008), сардори Раёсати маорифи маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (2008-2011), сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Раёсати маорифи маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (2011), мудири кафедраи фанҳои энергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (2011-2012), мудири кафедраи ташкили ҳаракати автомобилӣ ва идоракунии сохтмони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2012-2014), сардори Раёсати таӽсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2014-2017), ходими калони илмӣ (докторант)-и кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав. Самти рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Саҳми ҳомилони заряди электрикӣ, ҳарорат ба рафтори хосиятҳои гармофизикӣ ва термодинамикии нимноқилҳо дар ҳолати фазаи сегнетӣ ва параэлектрикӣ, ҳамчунин дар соҳаи гузариши фазагӣ» (мушовири илмӣ Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи тиллоии ISESCO дар соҳаи физика, дорандаи медали тиллоии В.И. Блинников дар соҳаи ихтироот, доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи бунёдӣ ва табиии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе) (2017-2019).

Тибќи фармоиши ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав  аз 01.02.2019, №13Е-фа ба вазифаи ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия таъин гардидааст.

Осор.: «Саҳмгузории ҳомилони заряди электрикӣ ба гармѓунҷоиши сегнетоэлектрик – нимноќилҳо дар атрофи гузариши фазагӣ» (1990) (Санкт-Петербург), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) (Душанбе), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2001) (Душанбе), инчунин муаллифи зиёда аз 80 маќолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад.