Шарифов Маҳмадкарим

РАИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДОНИШҶУЁН ВА КОРМАНДОН
Аз соли 2012 ба вазифаи раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ дуюмбора Шарифов Маҳмадкарим интихоб гардид.
Алҳол Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав калонтарин ташкилоти мустақили ҷамъиятӣ мебошад, ки зиёда аз 6000 донишҷӯ, 598 омӯзгор, корманд, аспирант, докторант ва собиқадоронеро, ки дар истироҳати меҳнатӣ қарор доранд, муттаҳид месозад. Иттифоқи касаба ҳамсоли донишгоҳ буда, нахустраиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба Ширинов Г. интихоб шудаанд. Соли 1980 иттифоқи касабаи донишгоҳ ба кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ҷудо шуд. Абдураҳимов Қ. аввалин раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён интихоб шуда буд. Соли 1992 ин кумитаҳо аз нав муттаҳид шуданд ва ташкилот кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ном гирифт.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 2 ҷаласаи раёсат гузаронида шуда, дар он 7 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. То 1 январи соли 2015 дар қайди ташкилот 7647 нафар аъзои иттифоқи касаба меистод. Аз ин 580 нафар ҳайати кормандон (ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон) ва 7067 нафар донишҷӯён мебошанд. Тамоми ташкилотҳои серсохтор бо билетҳои нави иттифоқи касаба таъмин карда шудаанд. Ба муроҷиатҳои шаҳрвандон талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва Дастуруламали «Коргузорӣ бо муроҷиаҳои шаҳрвандон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1998,№345 тасдиқ шудааст, ба роҳбарӣ гирифта мешавад. Шакли расмии муроҷиатҳо барои аъзогӣ ба иттифоқҳои касаба, ёрии моддӣ, гирифтани роҳхатҳои табобатӣ таҳия ва қабул гардид. Дққати махсус ба риояи талабоҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», иҷрои талаботи фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2004, № 844 “Оид ба ташкили ҳифзи меҳнат ва бехатарии техникӣ дар муассисаҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳифзи меҳнат равона мегардад. Аттестатсияи ҷойҳои корӣ, ҷиҳозонидани сипартахтаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, ороиши гӯшаҳои аёнӣ оид ба ҳифзи меҳнат, бехатарии техникӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, шароити меҳнат ва маишати кормандон, аз муоинаи тиббӣ гузаштани онҳо доимо самти муҳими фаъолияти кумитаро ташкил медиҳад. Соли дуюм аст, ки барномаи иҷтимоии иттифоқи касаба “Имконоти илмӣ” барои дастгирии мутахассисони ботаҷриба амалӣ мешавад. Бо мақсади дастгирии кормандон-аъзоёни иттифоқи касаба барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 200 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 300 сомонӣ ёрии моддӣ ҷудо мешавад. Дар нимсолаи аввал ба 5 нафар барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ва ба як нафар барои ҳимояи рисолаи докторӣ ёрии моддӣ расонида шудааст. Дар ин давра барои бастани шартномаи коллективӣ, барои солҳои 2015-2017 як қатор тадбирҳо ба нақша гирифта шуд. Фаъолияти пурсамари ташкилот аз бисёр ҷиҳат ба муҳтавои ин шартнома вобастагӣ дорад.
Кумита пайваста кӯшиш менамояд, ки дар якҷоягӣ бо маъмурияти донишгоҳ чорабиниҳои оммавӣ-маданиро дар сатҳи баланд гузаронад. Дар соли 2016 маблағҳои буҷаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортии кормандони донишгоҳ мақсаднок ва одилона харҷ шуд. Бо қарори Шӯрои олимон ҳар сол дар навбати аввал докторони илм, профессорон бо роҳхати истироҳатӣ- табобатӣ таъмин карда мешаванд.
Самти муҳими фаъолияти Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ кор бо ҷавонони донишҷӯ аст. Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи донишҷӯён дар бюроҳои факултаҳо ва КМИК намояндаҳои худро доранд. КМИК дар бисёр маврид ба масъалаҳои мухталифи донишҷӯён расидагӣ мекунад. Дар нимсолаи аввали соли 2016 6 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии донишҷӯён мавриди омӯзиш ва расидагӣ қарор гирифт. КМИК дар мавриди таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ фаъолияти назаррас анҷом дод. Хобгоҳи донишҷӯён аз чор ошёна иборат буда, 106 хонаи истиқоматӣ дорад. Имрӯз дар хобгоҳ 410 нафар донишҷӯ зиндагӣ дорад. Тақсими хонаҳои истиқоматӣ тавассути фаъолияти якҷояи КМИК ва маъмурияти донишгоҳ сурат гирифт. Маблағи зист дар ҳаҷми 380 сомонӣ нигоҳ дошта шуд. Донишҷӯёни мавриди таваҷҷуҳи хос (ятимони кулл)ва дорои имкониятҳои маҳдуд (маъюб) аз пардохти маблағ озод карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки бо пешниҳоди КМИК донишҷӯёни мавриди таваҷҷуҳи хос (ятимони кулл) дар парки технологӣ ба таҳсили ройгон фаро гирифта мешаванд. КМИК бо Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ ҳамкории наздик ва судманд дорад. Чорабиниҳои зиёд дар хобгоҳ гузаронида мешавад. Донишҷӯёни хобгоҳ ба чорабиниҳои мазкур ҷалб карда мешаванд, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба хобгоҳи донишҷӯён 1 дона печи нонпазӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
КМИК ва маъмурияти донишгоҳ навбатдории шомгоҳӣ дар хобгоҳ ташкил намудаанд ва ҳар бегоҳ намояндаи маъмурият ва дунафарӣ омӯзгорони факултаҳо дар хобгоҳ назорати ҷамъиятӣ мебаранд ва аз аҳволи онҳо огоҳӣ пайдо мекунанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2016 донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои маданӣ ва варзишии вилоятию ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи вилоятию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд, иштироки фаъол доштанд.
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи вилояти Хатлон барои донишҷӯёни фаъол аз соли 2008 стипендияи номӣ ҷорӣ намудааст, ки ҳар сол ба 2 нафар донишҷӯи фаъоли мактабҳои олии вилоят супорида мешаванд. Бо пешниҳоди КМИК донишҷӯи курси дуюми факултаи физика-математика, ихтисоси математика-информатика Собирова Гулсара Исмоилҷоновнаро барои таҳсили намунавӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои иттифоқи касаба ба гирифтани идрорпулии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2014-2015 мушарраф шуда буд.
Дар нимсолаи аввал КМИК ба донишҷӯёни фаъол, мавриди таваҷҷуҳи хос, камбизоат ва дорои имкониятҳои маҳдуд дар арафаи ҷашнҳо ҳавасмандӣ ва ёрии моддӣ расонида шуд. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ ба муносибати иди Наврӯз аз ҷониби КМИК бо мукофотҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.
Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо мақсади ҳавасмандии донишҷӯёни варзишгар барои сазовор шудани ҷойҳои ифтихорӣ дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ 21 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мураббиёни онҳоро ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонон бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуд.
Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо мақсади тарғиби ҳаёти солим, инкишофи варзиш дар донишгоҳ ва таҳкими дӯстӣ байни ҷавонон дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ даври донишгоҳии Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ байни кормандони ҷавон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор намуд.
Спартакиада дар асоси Тартиби баргузории Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ байни кормандони ҷавон, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии соҳа (моҳномаи “Ҳомии омӯзгор” аз 30 январи соли 2015, №1 (62)) ва Қарори Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Хатлон доир шуд. Дар ин маврид қарори раёсати Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав қабул гардид. Дар қарор тартиби баргузорӣ, замон ва макони гузаронидани мусобиқа, ҳавасамандии ғолибон, хизмати доварон ва фаъолони ин мусобиқа нишон дода шуданд. Хароҷоти молиявӣ ва мукофотонидани ғолибони даври донишгоҳӣ аз ҳисоби буҷети молияи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ сурат мегирад.
Спартакиада байни кормандони ҷавон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ оид ба намудҳои варзиши волейбол, тенниси рӯи миз, шоҳмот ва шашка аз 30 апрел то 7 майи соли 2016 гузаронида шуданд. Дар Спартакиада 10 дастаи факултаҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Дар Спартакиада 130 нафар иштирок доштанд, ки 95% -ро донишҷӯён ташкил медоданд.
30 апрел маросими кушодашавии Спартакиада бо иштироки дастаҳои ҳамаи 10 факулта, раисони Кумитаҳои иттифоқи касабаи факултаҳо ва роҳбарияти факултаҳо ва донишгоҳ гузаронида шуд. Дастаҳо пурра бо либоси варзишӣ таъмин буданд ва бо пешниҳоди билети донишҷӯӣ ва билети аъзои иттифоқи касаба ба мусобиқа роҳ ёфтанд. Аз дастаҳои ғолиб дастаи мунтахаби донишгоҳ ташкил карда шуд. Инчунин заҳмати сардовари Спартакиада (Бояков У.) ва доварон (Каримов Ҳ., Қурбоншоев З., Файзуллоев С. ва Шарипов С.) бо мукофотҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуда, ба раисони Кумитаи иттифоқи касабаи факултаҳо, роҳбарияти донишгоҳ барои мусоидат ва ташкили мусобиқа изҳори сипос карда шуд.
Мо боварӣ дорем, ки иттифоқи касабаи донишгоҳ таҳти сарварии Шарифов М.Ф. минбаъд ҳам чун пушту паноҳ, чанори соябон, ёвару ғамгусор ва ғамбарору темордори устодону кормандон ва донишҷӯён пойдору устувор мемонад

[wpoc_slider id=”1″]