Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушди маориф, ки онро асоси таҳкими аркони давлат меҳисобанд, таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир мекунанд.Тавре аз Паёми навбатӣ бармеояд, аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, стипендияи донишҷӯён 15 фоиз зиёд карда мешавад. Ин, албатта, бо афзудани масъулияти касбӣ моро водор месозад, ки сипосгузор бошем ва ба ояндаи неки соҳа бештар аз пештар мутмаин бигардем.

   Ба ҳар шаҳрванди кишвар, хосса аҳли маориф, боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мувофиқи назарсанҷӣ дар соли равон аз рӯи нишондиҳандаҳои дастрасӣ ба таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-ро лоиқ донистанд. Яъне, кишвари мо дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалро дар ин самт ишғол мекунад.

   Бояд махсус зикр кард, ки бо ин дастоварди муҳим мо-аҳли маориф танҳо ба василаи ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои миллат ноил гардидаем. Бунёду таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ, ки ҷавобгӯи талаботи давранд, қабули барномаҳои бисёр муҳим, таваҷҷуҳи махсус ба забономӯзӣ, фароҳам овардани имкону шароити таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ аз ин ҷумлаанд.

   Сарвари давлат моро вазифадор сохтанд, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат бикашем, ба сатҳу сифати таълим бештар диққат бидиҳем. Зимни ин раҳнамоии дуруст, ҳамчунин, иброз доштанд, ки “мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем”. Мусаллам аст, ки сифати омодасозии мутахассисон ба ин омилҳо вобастагӣ дорад.

Аз дастурҳои дигари Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Ҳамчунин, бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад.

   Воқеан, танҳо ҳалли масъалаҳои мазкур имкон фароҳам меорад, ки давлат ва кишвари мо рушду тараққӣ биёбад, ободу зебо бигардад. Ба ҷуз ин, истиқлоли он ҳифз бишаваду пойдор бимонад ва амнияташ мустаҳкамтар бигардад.

   Дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон бисёр мураккаб гардидааст, иҷро ва амалӣ намудани ин дастурҳову тадбирҳо бениҳоят муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳақиқат, моро зарур аст, ки бо шинохти масъулият беҳтару бештар заҳмат бикашем. Барои ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин раҳнамо маҳсуб мешавад.

     Бо эълони Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ Пешвои муаззами миллат боз имтиёзҳои дигарро барои беҳбудии бахши сайёҳии кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дастур доданд, ки дар масири пешбурди соҳа нақши калидӣ мебозанд. Кулли кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳи, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо аз ин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи тоза гирифта, баҳри рушди соҳа тамоми донишу малака ва захираҳоро истифода хоҳанд бурд. Сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ду ҷодаи ба ҳам пайванди ҳаёти мардум мебошанд. Моли истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишварро аксаран сайёҳон харида, ҳамчун туҳфа ё савғот бо худ мебаранд. Истеҳсолоти ҳунармандон низ василаи ҷалби меҳмонони хориҷӣ ба мамлакат ва тарғиби таъриху фарҳанги халқ мебошад. Дар Паём Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тараққӣ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ фуруши онро аз ҳама намуди андоз ва пардохти дигари давлатӣ аз якуми январи соли оянда озод намуд. Ин ташаббуси наҷиб ба кам гардидани арзиши аслии маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти он мусоидат менамояд. Дар такя ба иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлат мо тасмим гирифтем, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаргоҳҳои доимоамалкунандаи ҳунармандонро боз менамоем. Дар қатори дастгириҳои ширкатҳои сайёҳӣ, ки соли гузашта Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд, имсол боз ҳам кумакҳои нав дар ин ҷода аз ҷониби Роҳбарияти олии мамлакат пешбини гардид. Аз ҷумла, муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то 10 рӯз тамдид хоҳад шуд, ки қаблан вақти ҷудошуда кифоят намекард. Дар маҷмӯъ бо боварӣ метавон гуфт, ки дастурҳои ироагашта, дар ояндаи наздик самараи дилхоҳ хоҳанд дод. Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки аз ҷониби Роҳбарияти олии мамлакат зоҳир мегарданд ва бо мақсади дар сатҳи сазовор гузаронидани ин соли пурифтихори соҳа кумита чорабиниҳои вижаеро омода намуда истодааст, то дастоварду муваффақиятҳои наверо соҳиб гардад.