Ҳолати ҳамкории донишгоҳ бо марказҳои таълимӣ ва илмӣ- таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ

 

Мақсади дар хориҷи кишвар аз ҳисоби бюҷети давлатӣ ва квотаҳои давлатҳои дигар тарбия намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ истифодаи самараноки онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар раванди иҷроиши нақшаи раёсати робитаҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди корҳо, ки масоили робитаҳо, ҷалб, таълиму тарбияи донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунандаро дар бар мегиранд, натиҷаҳо назаррас арзёбӣ мешаванд.

Дар баробари ба таълим фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, яке аз самтҳои фаъолияти ҳар муассисаи олии касбӣ хуб ба роҳ мондани робитаҳо бо хориҷи кишвар мебошад, ки ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва азхудкунии илмҳои муосир ва ғайраро дар бар мегирад.

Робита ва ҳамкориҳои байналхалқӣ гуногунҷабҳа мебошанд, ки асоситаринашон инҳоянд:

1) тайёр кардани мутахассисон барои кишварҳои хориҷи дур ва наздик;

2) тайёр кардани мутахассисон барои кишвари худ дар мактабҳои

олии хориҷи наздик ва дур;

3) мусоидат барои тайёр кардани мутахассисон барои кишвари мо дар мактабҳои олии хориҷи дуру наздик;

4) робитаҳо  бо  мактабҳои  олӣ  ва  ассотсиатсияҳои  байналхалқӣ,

Марказҳои  илмӣ,  марказҳои  ахборотию  нашриявӣ, муассисаҳои байналхалқии ғайри давлатӣ;

5) ирсоли маълумотнома оид ба донишгоҳ дар нашрияҳои байналхалқӣассотсиатсияҳои байналхалқӣ;

6) муқаррар кардани робита бо ширкатҳои таҳсилоти байналхалқӣ оид ба тайёр кардани мутахассисон дар донишгоҳи мо;

7) ҳалли муаммоҳои хатмкардагони хориҷӣ ва донишҷӯёни маҳаллие, ки мақсади дар хориҷи кишвар таҳсил кардан доранд;

8) мусоидат,барасмигардонидани  ҳуҷҷатҳои  зарурии  устодон  ва донишҷӯёне, ки азми сафари хориҷӣ доранд ва ғайраҳо.

Маълум аст, ки тайёр кардани мутахассисон барои кишварҳои хориҷи наздик ва дур натанҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки инчунин  аҳамияти 

сиёсӣ низ дорад. Мо натанҳо мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олӣ тайёр 

менамоем, балки дӯстону қосидони кишвари худро омода месозем. Дар донишгоҳ тайи 5 соли охир бо 13 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо марказҳои таълимӣ ва илмӣ–таҳқиқотии кишварҳои Русия, аз он ҷумла бо Академияи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии Марӣ, Донишгоҳи давлатии Елетск, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи давлатии Петрозаводск, Донишгоҳи давлатии Нахҷувон, Донишгоҳи давлатии Қазоқистони Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии Алтай, Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи  давлатии Пенза, Донишгоҳи давлатии электротехникии  Санкт-Петербург ва ғайраҳо ҳамкориҳои дуҷониба идома дорад.           Ҷиҳати  ба  роҳ мондани  ҳамкориҳои  дуҷониба  ва  робитаҳои  илмии,

байналмилали миёни кишварҳои Руссияву Тоҷикистон дар санаи

 9-уми октябри соли 2019 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар баноми Носири 

Хусрав ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай, доктори илмҳои  педагогӣ  Лазаренко  Ирина Рудолфовна ташрифи расмӣ оварданд. 

Санаи  28.01.2020 бо  мақсади  шиносоӣ ва  ҳамкориҳо дар самти  

лоиҳаҳои байналмилалӣ намояндаи шоҳигарии Нидерлания, муовини сарвари миссия, хонум Нора Дессинг ба факултети филологияи тоҷик, шуъбаи журналистика ташриф оварданд.

Мувофиқи  мактуби  ирсолнамудаи  роҳбари  Дастгоҳи  раиси   вилояти Хатлон аз 1.02.2020, №254 ҷиҳати иҷроиши супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2020,№ 11290 (299) раёсати Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар санаи 5.02.2020 намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар донишгоҳ дар сатҳи баланд  пазируфтанд.

 

 

  

 

 

 

Дар  мулоқот  ҷаноби  Абдул  Самӣ  намояндаи   сафорати  Ҷумҳурии

Ҳиндустон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Манита   Кумарӣ   ҳамоҳангсози

барномаи  сафар ва  шогирдону устодони Маркази  Фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар рафти суҳбат, пас аз пазироии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав,  муҳтарам Давлатзода Сайфиддин Хайриддин

ҷаноби Абдул Самӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти илму фарҳанг

омӯзиши  забонҳо ва  дастрасии  адабиётро дар  шакли  зайл мавриди баррасӣ қарор доданд: 

  • бо  мақсади  омӯзиши забонҳо дар донишгоҳ таъсис  

додани Маркази забономӯзӣ;

– ташкил   намудани   синфхонаи  омӯзиши  забони  ҳиндӣ  дар   назди факултети  забони англисии донишгоҳ;   

– аз  ҷониби  сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон ройгон ба чоп расонидани асарҳои устодони донишгоҳ, ки  мазмунан таъриху фарҳанги ҳиндро дар  бар гирифта бошанд;

– ҷалби  донишҷӯёни ба фарҳангу адабиёти ҳинд  рағбат  дошта, ба            Маркази фарҳангии назди сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон;

  • таъсиси синфхонаи компютерӣ бо мақсади истифодабарии барномаҳои навин дар ҷараёни омӯзиши забонҳо;
  • густариши таҷрибаомӯзии мутахассисони  тоҷику  ҳиндӣ  дар  самти

илму фарҳанг;

-тавсеаи  робитаҳо  дар  самти  табодули  таҷрибаҳо  ва  сайёҳӣ  миёни 

устодону донишҷӯёни Тоҷикистону Ҳиндустон.

Инчунин, пас  аз  мулоқот  бо  раёсати  донишгоҳ  аз  ҷониби  Маркази

фарҳангии  назди  сафорати  Ҷумҳурии  Ҳиндустон  дар  Ҷумҳурии  

Тоҷикистон  барномаи  фарҳангӣ  пешниҳод  гардид. Дар  барнома  

намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

   Аз  як нафар шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Винстон Сафарик ба воситаи сафорати Амрико ҳамкории таълимӣ-омӯзиши дошта,

ба устодону донишҷӯён дар факултети забони англисӣ дарс

доданд. Муҳлати ҳамкории омӯзгори номбурда то моҳи июни соли 2020 буд, аммо аз ҷониби сафорат пеш аз муҳлат ба ватанаш даъват карда шуд.

Такмили касб, ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, аспирантон, магистрантони донишгоҳ яке аз ҳадафҳои асосии раёсати 

Донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, он дар асоси

созишномаҳои тарафайн ва тавассути лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву  илмии дар ҷадвал буда сурат гирифтаанд.

Ҷадвал оид ба сафарҳои устодон, аспирантон ва магистрантон ба хориҷи кишвар дар солҳои 2018-2020

Ному насаб Унвон Вақти

сафар

Мақсади

сафар

Шаҳр Факултет
1 Маҳмадалиев

      Эраҷ

омӯзгор 01,09, 2018 Ҷамбасти

рисолаи

номзадӣ

 

МПГУ

ш. Москва

 

Технология

2 Файзализода Б.Ф. н и п 17,11, 2019-

23,11,

2019

Такмили

ихтисос

 

МПГУ Москва

 

Математика-информатика

3 Сатторов

Абдурасул

Профессор 21,27, 2019 конфиренсия  

ш. Красноярски Росия

Математика-информатика
4 Каршиева Г. н и п 17,11, 2019-

23,11, 2019

Такмили

ихтисос

 

Москва МПГУ

Забони

хориҷӣ

 

5 Олматова Ш.С. н и п 17,11,2019-

23,11,2019

Такмили

ихтисос

 

Москва МПГУ

 

Забони

хориҷӣ

 

6

 

Ибрагимов А. Донишҷӯ 25,09,2019 Такмили

ихтисос

МПГУ Химия- биология
7 Саидмуминов А. н и п 2019 Дар доираи сафари ҷаноби олӣ Москва МПГУ Таърих

ва ҳуқуқ

9 Бобоева Г. омӯзгор 17,11,2019-

23,11,2019

Такмили

ихтисос

 

Москва МПГУ

Педагогика

ва

МТИ

10 Тоҳирҷонов Б. Ҳамоҳанг

созии

лоиҳаҳо

17,11,

2019-

23,11,

2019

Такмили

ихтисос

 

Москва МПГУ

Педагогика

ва

МТИ

11 Ниёзӣ Акбар н.и.п 17,11,

2019-

23,11,

2019

Тамили

ихтисо

Москва МПГУ Педагогика

ва

МТИ

12 Маҳкамова Дилором

Юнусовна

н.и.ф 13-27.09.2019 САҲА оид ба арзишҳо ва 

ҳуқуқи инсон

Полша

(Лаҳистон)

Филология
13 Мадвалиев

Умедҷон 

Алиҷонович

магистр, курси1 2019- менеҷмент МПГУ Факултети меҷмент
14 Ҳакимов 

Ҷалолиддин

аспирант

(КВОТА-ибайнал-ӣ)

2019 Мат-инф Д.Д.Қазо

Федератсияи Россия,

Математика-информатика
15 Бурибаева

Фарида Абдухаликовна

Омӯзгор 02.02.20-05.03.20 курси

омӯзишӣ

Дон.Беннет, Ҳиндустон Забонҳои

хориҷи

 

16 Раупов Субҳиддин

Саидович

Омӯзгор 13.02.20-12.03.20 Курси

омӯзишӣ

Дон.

Беннет, Ҳиндустон

Забонҳои

хориҷӣ

 

 

Маълумот оид ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар донишгоҳ 238 нафар шаҳрвандон аз хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Аз ин миқдор  98 нафар дар шуъбаи рӯзона, 140 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуда истодаанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда ба маротиб афзуда, корҳо дар самти ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Дар давоми нимсолаи аввали соли таҳсили 2019-2020 раёсат 2 маротиба вохӯриҳо бо донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда гузаронида, дар семоҳаи аввали соли 2020  дар факултетҳо дар алоҳидагӣ маҷлисҳо доир намудааст.

Бахшида ба Рӯзи модар санаи 04.03.2020 дар толори раёсати донишгоҳ мизи мудаввар бо донишҷӯдухтарони аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда доир гардид. Бояд қайд намуд, ки теъдоди донишҷӯдухтарони аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда дар шуъбаи рӯзона 37 нафар ва дар шуъбаи фосилавӣ 60 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин раёсат барои гирифтани раводид ба муҳлати як сол  ба 83 нафар донишҷӯёни аз Ҷумҳурии Туркманистон таҳсилкунанда ва 9 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсилкунанда мусоидат намудааст. Ба қайдгирӣ дар шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ ба муҳлати як моҳ тариқи даъватномаҳо дар ХШБ-и РВКД дар  шаҳри Бохтар пурра ҳалли худро ёфтааст.

Ҳамзамон дар соли таҳсили 2019-2020 тамоми донишҷӯён аз ташхиси тиббӣ барои бемориҳои сироятӣ гузаронида шуда,  мунтазам ҳолати таълиму тарбияи онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Аз тарафи кормандони соҳа пайваста дар факултетҳо, гурӯҳҳои академӣ ва бо баъзе донишҷӯён дар алоҳидагӣ оид ба истифода

набурдани телефонҳои мобилӣ ва ба наомадан ба дарс бо мошинҳои шахсӣ, риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар ҳамкорӣ бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, РВКД- шаҳри Бохтар дар нимсолаи аввали таҳсил ду маротиба вохӯриҳо оид ба 

истифода накардани мошинҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ, риояи 

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

 маросимҳои миллӣ» ва дигар қонунҳои амалкунанда  корҳои

 фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  03.03.20, № 10/2-303 ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иштироки донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда дар фестивали фарҳангии “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод”, ки санаи 17.03.2020 дар ноҳияи Данғара баргузор гардид,  дар ҳайати 12 нафар сафарбар гардиданд .

Имрӯзҳо тавасути васоити ахбори омма дар хусуси дӯстии шикастно

пазири кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такрор батакрор гузоришу маводҳои иттилоотӣ пахш мегардад. Мардуми ин ду кишвар бараъло эхсос кардаанд, ки дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ҷовидонӣ аст. Исботи ин гуфтаҳо робитаҳои илмии Тоҷикистону Ӯзбекистон  маҳсуб

 меёбад. Бояд қайд намуд, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни аз хориҷикишвар таҳсилкунанда аз ин ҷумҳурии ҳамсоя буда, 10 нафар  дар  шуъбаи-рӯзона  ва 136 нафар дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил намуда истодааст.

         Шуъбаи равобити хориҷии донишгоҳ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар самти муҳайё намудани шароити муосири таҳсил ва буду боши донишҷӯёни аз хориҷи кишвар дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” таҳсилдошта тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд.

 

                                                         Мирзозода Кибриё сардори Раёсати робитаҳои  байналмилалии  ДДБ 

ба номи  Носири Хусрав