Раҳимов Абдураҳим соли 1931 дар деҳаи Баравни ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси физика хатм кардааст. Номзади илми физикаву математика, дотсент мебошад. То соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси котиби илмӣ кор кардааст. Аз соли 1978 ба шуъбаи навтаъсиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе – шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода мешавад. Ӯ дар ин таълимгоҳ солҳои 1978-1981 муовини директор, 1981-86 директори таълимгоҳ ва дар солҳои 1986-1993 ба ҳайси декани факултаи физика кор кардааст.Аз соли 1993 номбурда то лаҳзаи вафоташ дар вазифаи муовини директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ кор мекард.
Раҳимов А. дар тӯли сарварии худ дар шуъба (солҳои 1979-1987) дар соҳаи илму тадрис ва таъмиру тармим дигаргунии куллиеро ба миён овард. Дар ин давра низоми таълим мустаҳкам гардид. Аз ҳисоби хатмкардагони шуъба аввалин мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба камол расиданд. Онҳо ҷиҳати дарёфти дараҷаю унвони илмӣ ба коромӯзӣ, аспирантура ба марказҳои илмии шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Маскав, Киев ва Санкт–Петербург фиристода мешуданд. Беҳтарин олимони ҷумҳурӣ барои таълиму тадрис даъват мегардиданд. Сафи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён меафзуд. Устодони дараҷаи илмидор бо истиқоматгоҳ саривақт таъмин мегардиданд, ки дар тамоми ин пешравиҳо ҳиссаи дотсент Раҳимов А. хеле калон буд.