Нуриддин Салимов

Нуриддин Салимов 2 феврали соли 1940 дар деҳаи Кулумбаи Болои ноҳияи Қалаихумби Вилояти Автономии Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1965 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро (ҳоло ба номи С. Айнӣ) бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Соҳиби дараҷаи илмии номзади илми фалсафа ва унвони профессор буд. То соли 1989 дар вазифаи мушовири Хонаи маорифи сиёсии умумиҷумҳуриявӣ кор мекард. Сипас, ба шуъбаи қӯрғонтеппагии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) ба кор фиристода шуд. Профессор Салимов Н. дар ин муддат донишкадаро дар радифи беҳтарин макотиби олии кишвар қарор дод. Тамоми ҳайати устодон дар фикри кори илмӣ афтоданд, акнун шогирдони донишкада дар озмунҳои кишвар ва хориҷи он ширкат меварзидагӣ шуданд. Робитаи донишкада бо дигар марказҳои илмии дунё мустаҳкам мешуд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама сохторҳо навгониҳои азимеро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла сохтори маориф ба тағйироти бузург мувоҷеҳ гардид. Донишкадаҳо ба донишгоҳҳо табдил ёфтанд. Мушкилоти дигаре барои таълимгоҳ пеш омад. Парвариши мутахассисони варзидаи ба нишондоди меъёрҳои умумибашарӣ мувофиқ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан вилояти Хатлон зарур буд. Натоиҷи аввалин падида ин буд, ки шуъба ба донишкада ва донишкада ба донишгоҳ табдил дода шуд ва нахустректораш профессор Нуриддин Салимов таъин гардид. Албатта, дар соҳибмақом гардидани ДДҚ ва номи шоир ва мутафаккири беҳамто Носири Хусравро гирифтани он маҳз саҳми профессори зиндаёд Нуриддин Салимов хеле бузург аст.