Қурбонов Икром воқеан, ин марди сарсупурдаи миллат аз рӯзҳои аввалини таъсисёбии шуъба, баъдан донишкадаю донишгоҳ хизмати босазоеро ба анҷом расонидааст. Аз соли 1978 дар вазифаи мудири кафедра, баъдан ба ҳайси ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия дар солҳои 1981-1988 адои вазифа намудааст. Натоиҷи ҳамин буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа маҳз ӯро чун фарди шинохта пешбарӣ намуд. Профессор И. Қурбонов яке аз беҳтарин олимони риёзидонест, ки дар такомули илми риёзиёт комёбиҳои назаррасеро соҳиб гаштааст. Пайраҳаи нахустине, ки ба пажӯҳиши илми риёзӣ устод И. Қурбоновро роҳнамоӣ кардааст, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад. Таҳсил дар факултаи механикаю математикаи ин боргоҳи маърифат ба ӯ барои кашфи қуллаҳои дастнорас ва пурпечутоби илми риёзӣ мусоидат намуд. Ӯ баъди хатми ин донишгоҳ ҷиҳати коромӯзӣ дар таълимгоҳи азизаш монд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии профессор Қурбонов И.Қ. тадқиқи усулҳои тақрибии таҳқиқи шабакаҳо бо такягоҳ мебошад. Ҷустуҷӯ ва бозёфтҳояшро ба эътибор гирифта, ӯро барои идомаи коромӯзӣ ба пажӯҳишгоҳи риёзии Фарҳангистони Украина мефиристанд. Дар соли 1977 профессор Қурбонов И. зери роҳбарии академик А. Митрополский дар мавзӯи «Усулҳои тақрибии таҳқиқи шабакаҳо бо такягоҳҳо» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Сипас, бо роҳхат озими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гардид.
Паҳлуи дигари кори профессор Қурбонов И. ин иштирок дар нишастҳои илмӣ, ташкили конференсияҳои умумиҷумҳурию байналхалқӣ мебошад, ки фаъолияти мавсуф дар ин самт хеле чашмгир аст.
Профессор И.Қурбонов на танҳо дигаронро ба таҳқиқоти илмӣ ҳидоят менамуд, балки худ дар кори роҳбарӣ ба олимони ҷавон намунаи беҳтарин барои дигарон буд. Таҳти роҳбарии вай олимони ҷавон Абдулазиз Мирзоев, Муҳаммад Шодиев, Бобоҷон Турдиев, шодравон Фирӯз Собирович Раҳимов рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаву математика шарафёб гардиданд.
Қурбонов И. соли 1992 дар мавзӯи «Усулҳои тақрибии таҳқиқи муодилаҳои интегродифференсиалии ғайрихаттӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ҳамзамон аз соли 1994 мақоми профессориро шарафёб гардид. Қурбонов И. муаллифи зиёда аз дусад мақолаи илмӣ буда, дар 30 кашфиёт хуқуқи муаллифӣ дорад.
Маҳз дар давраи ректории Қурбонов И. (солҳои 1993-2000) дар донишгоҳ факултаву шуъбаҳои иқтисод, тиб, технология ва соҳибкорӣ, забони англисӣ, таъриху ҳуқуқ, химия ва биология, таҳсили ғоибона таъсис ёфт. Донишгоҳ 20-солагии худро соли 1998 ҷашн гирифт, ки он вақт теъдоди докторони илм ба 5 нафар ва номзадҳои илм то ба 28 нафар расида буд.