ИЗЗАТУЛЛОЕВА Холида Исматовна (тав. 07.10.1975 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз оилаи зиёӣ), омӯзгор. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2001). Таҳсил дар мактаби миёнаи №17 колхози Ленини уч. Ленин (ҳоло ҷамоати Сарвати Истиқлол деҳаи Г. Кугани ноҳ. Бохтар (1982-1992), донишҷӯ (1996-2001), омӯзгори кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДБ ба номи Носири Хусрав (2009). Ҳуҷҷатгузори факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2001-2009), эдвайзери шуъбаи бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот (2009 – 2012). Мудири шуъбаи бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (2012-2014). Мутахассиси бахши бақайдгирии ҳуҷҷатҳои низоми кредитии таҳсилот (2014-2015). Сармутахассиси бахши бақайдгирӣ офис № 1 дар маркази бақайдгирӣ ва машварат (2015) то инҷониб аст. Унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ аз соли (2015). Дар мавзӯи «Обеспечение творческих педагогических умений средствами самостоятельной работы будущих учителей в условиях кредитной системы обучения» (на материале вузов Республики Таджикистан). Дар арафаи ҳимояи номзадӣ қарор дорад. Муаллифи 19 мақола, аз ҷумла 6 мақолаи илмӣ, 1 дастури методӣ, 1 барномаи таълимӣ таълиф кардааст.
Ос.: «Дастури меъёри баҳо дар таҳсилоти кредитӣ». Қӯрғонтеппа, 2013, Комплекси таълимӣ-методӣ яке аз талаботи таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон, “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” (маҷалаи илмӣ) № 3/9 (184). Душанбе: «Сино”, 2015, Намунаи силабус барои гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар шароити таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон; “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” (маҷалаи илмӣ) № 3/11(186) Душанбе: «Сино”, 2015, Истифодаи КМРО дар раванди таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ барои дараҷаи бакалавр ҳангоми тадбиқи низоми кредитии таҳсилот. “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” (маҷалаи илмӣ) № 3/4 (205), Душанбе: «Сино”, 2016. Роҳандозии дурусти дарсҳои КМРО яке аз талаботҳои таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чумҳурии Тоҷикистон; “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” (маҷалаи илмӣ) № 3/3 (202) Душанбе: «Сино”, 2016. Педагогические условия становления и развития творческих умений студентов в процессе самостоятельной работы в группах кредитной системой обучения; Чумҳурии Тоҷикистон, “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷалаи илмӣ) № 3/1 (194), Душанбе: «Сино”, 2016. Гуманистический и синергетический подходы определяющие воздействие на содержение и направленность процесса станаовления и развития творческой самостоятельности будущих учителей; “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” (маҷалаи илмӣ) № 3/2 (198) Душанбе: «Сино”, 2016. Банақшагирии раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот; Конфронси байналмиллалии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ, Хуҷанд, 2014. Андешаҳои мутафаккирони тоҷик оид ба оила ва уҳдадории зан; Фишурдаи мақолаҳои конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Оила ҳамчун иниститути иҷтимоӣ ва сарчашмаи рушди ҷомеа» 9 маҷмӯаи илмӣ. Душанбе, 2015. Зани бомаърифат оилаи – солим; «Хатлон», № 41 (3030), 2015. Зан ва мақоми ӯ дар оиладорӣ; «Сафо», № 11-12 2015. Иҷлосияи тақдирсоз ҳамчун заминаи сулҳу ваҳдат дар худшиносию худогоҳӣ ба ифтихори миллии хонандагони синфҳои ибтидоӣ; Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ бахшида ба 25-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Бохтар, 2017.