Ҳодисаю воқеаҳое ҳастанд, ки онҳо дар фосилаи асре ва ё асрҳо дар ҳаёти ин ё он халқ ба амал меоянду боиси рушду нумӯъ ва навгониҳои муҳимме мегарданд. Ин хусусият ба арсаи сиёсату давлат омадани шахсиятҳои нобиғаю фарзона низ хос аст. Яъне ҳодисаю воқеаҳои муҳимми таърихӣ ба худ роҳнамо ё роҳбаре доранд, ки ба вуҷуд омадани равандҳои ҳаётан муҳимро бар дӯши хеш гирифта, онро ба маҷрои созандагию бунёдкорӣ равона месозанд. Дар навбати худ ҳодисаю воқеаҳои муҳим ва шахсиятҳои ба майдони корзори дигаргуниҳо воридшуда дар ҳаёти халқу давлати муайян ва умуман инсоният тағийроти куллиро ба амал меоранд.

Бешубҳа, дар таърихи муосири халқи тоҷик чунин яке аз воқеаҳои муҳим ва тақдирсоз баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16-уми ноябри то 2-юми декабр соли 1992) ва ба ҳайси раиси он интихоб гардидани Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳақиқат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба ҳайси сарвари давлати Тоҷикистон интихоб шудан бо суханҳою амалу пайкорашон дар дилу дидаи мардуми тоҷик шуълаи умеду бовариро ба фардои неку дурахшон фурӯзон намуданд. Хусусияти хоси раванди барқарорнамоии ҳукумати конститутсионӣ пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар дар Тоҷикистон дар он буд, ки ҳукумати мамлакат бо такя ба фарҳанг ва суннату анъанаҳои деринаи давлатдорию ҷомеадории миллӣ ва дар асоси сиёсати инсондӯстонаю дурандешонаи роҳбари тозаинтихобаш Эмомалӣ Раҳмон бо неруҳои мухолифини хеш аз роҳи сулҳу созиш ва гузаштҳо кор гирифта, онҳоеро, ки бар зидди ҳукумат силоҳ бардоштанд, дар дохилу хориҷи кишвар буданд, авф намуданд.

“Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам”[1] эълону ваъда додани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии Тоҷикистон яке аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва умеду боварии тамоми сокинони дохилию хориҷии кишвар ба имрӯзу ояндаи нек гардид. Яке аз қадамҳои дигари устувору умедбахш дар марҳалаи аввали барқарорнамоии сохти конститутсионӣ ин бо кӯшишу заҳмат ва ҷонинсориҳои Роҳбари давлат ва ҳайати ҳукумати вақти кишвар новобаста аз вазъи мураккабу ноороми иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва сиёсӣ-ҳарбӣ гурезаҳои дохилию хориҷиро ба манзилҳои қаблии хеш баргардонидан мебошад. Дар воқеъ, баргардонидани гурезаҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар иқдоми волои инсондӯстонаест, ки таърихи башарият назирашро кам дидааст. Аҳаммияти таърихии ин раванд агар аз як ҷониб, яке аз омили саривақтии муҳимтарин барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар кишвар гашта бошад, аз ҷониби дигар, заминаи равонию таърихӣ барои зиндагонии мусолиматомези наслҳои ояндаи халқи тоҷик ва давлатдории минбаъдаи тоҷикон гардид.  

Гуфтори зерини машҳури наҷибонаю инсондӯстона ва дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба воситаи барномаи “Хоки Ватан”-и радиои Тоҷикистон соли 1993 ба аҳолии гурезашуда эълом доштанд: “… Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ…!”[2] дар он рӯзҳо вирди забони хурду бузург гашта, эътимоду боварии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳамзистии орому осудаи минбаъда ва якҷояи умедбахш дучанд зиёд намуд. Ин дар муҳити давлате, ки фарзандонаш ба сангарҳои ҷудогона тақсим шудаю бар зидди якдигар силоҳ бар даст меистоданд, тағйироти куллиеро ба амал овард, ки баробар ба инқилоби мафкуравӣ буд. Дар навбати худ аз эҳтиром, баробарӣ, дӯстӣ ва сулҳу созиш кор гирифтани роҳбари тозаинтихоби давлат эътимоди халқи Тоҷикистон ва мардуму давлатҳои хориҷаро ба ояндаи неки миллату давлати Тоҷикистон зиёду қавӣ намуд. Аз муроҷиати радиоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сокинони гурезашудаи дохилию хориҷӣ, балки тамоми сокинони Тоҷикистон муносибати эҳтиромонаю инсондӯстонаро дар ҳар сухани роҳбари кишвари хеш эҳсос намуданд. Ҳар як сокини Тоҷикистон бовар ҳосил кард, ки воқеан ҳам ин шахсият дар дилхоҳ ҳолат пуштибону мададгор ва додрасашон шуда метавонад. Давлаташонро обод мекунаду бехатарии ҳаёту фаъолияти онҳоро таъмин намуда, давлату халқи тоҷикро ба ояндаи босубот роҳнамоию роҳбарӣ менамояд. Аз ин рӯ мардуми шарифи кишвар равандҳои солиму дурандешонаи пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукуматро эҳсос карда, пайи иҷрои онҳо сарҷамъона камари ҳиммат баста, барои амалӣ шудани қарору қонунҳо ва мақсадҳои неки ҳукумати ҷумҳурӣ аз дӯстию рафоқат ва таҳаммулгароӣ кор гирифтанд. Роҳбари тозаинтихоби кишвар дар ҷодаи ба ваҳдат расонидани мардуми тоҷик ва барқарору бунёди шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз дӯстию баробарӣ ва эҳтиромдорию таҳамулгароӣ кор гирифтанд, ки ин яке аз хусусиятҳои хоси мактаби давлатдорию давлатсозии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз аҳамияти волои созандагии замонию оянданигарӣ барои ҷомеаю давлатдории тоҷикон бархӯрдор буда, сазовори омӯзишу ибрат ва пайравӣ барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад.

Воқеан ҳам, садоқат ва боварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги волои инсондӯстию тақдири ояндаи неки халқу давлати тоҷик чунон самимию воқеӣ буд, ки дар чеҳраашон ҳувайдо ва дар гуфтору пайкорашон аён гашта, боварии мардумро рӯз аз рӯз ба фардои босаодат устувор мегардонд. Он неруи некбинонаю хайрхоҳона, боварӣ ба пиндору гуфтору кирдори неки хеш, эътимод ба амалҳои хислати неки замонию дурнамои доштаашон ва ҷасорату далерие, ки дар ҳар кору пайкори неку созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз марому ормонҳои хирадсолорию фарҳанги волои пурғановати бою рангини миллиашон маншаъ мегирифт, ба ҳамагон аёну нурпошӣ карда, қадам ба қадам нахуст ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ ғояю муҳити сулҳу оштиро оварда, он чун неруи сулҳоварию созандагӣ аз хонаю деҳаҳо ба шаҳру вилоятҳо ва тамоми ҷумҳурӣ паҳн гашта, тамоми фазои кишварро оҳиста-оҳиста фаро мегирифт.

Ҳодисаю воқеаҳои умедбахш ва як қатор дигаргуниҳои дар ҳаёти ҷамъиятию давлатии халқи тоҷик дар ин давра (аз ноябри 1992 то октябри 2020) баамаломада аҳаммияти муҳимми таърихию дурнамоие доранд, ки онҳо дар маҷмӯъ, инқилоби фарҳангиро дар кишвар ба амал оварданду ҳаёти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистонро бомарому муътадил дар ҳамоҳангӣ ба равандҳои солими ҷомеаи башарӣ ба самти рушду нумӯи босуботу созанда равона гардонидааст. Мо, сокинони имрӯзаи Тоҷикистон, хушбахтона шоҳидон ва иштирокдорону саҳҳомони равандҳои бузурге ҳастем, ки инқилоби фарҳангиро дар худ таҷассум менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки хусусияти хоси дигаргуниҳою тағйироти куллии дар ҳаёти ҷамъиятию давлатии мардуми кишвар дар 28 соли охир баамаломада аз фарҳанги волою пурғановати мардуми тоҷик маншаъ гирифта, бо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба равандҳои ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон басо тавъам ва созгор амалӣ карда мешаванд.

Дар доираи сиёсати дурандешонаи ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашнгирии солгардҳои аҳли илму адаб ва арбобони сиёсию ҷамъиятии ниёгону муосири миллӣ, бо арзи эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги тамаддунсози мардуми тоҷик ҷашнгирии солгарди шаҳрҳои таърихӣ, воқеаҳои муҳимтарин аз саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ва иду ҷашнҳои суннатии ниёгон ба ҳукми анъана даромада, ба боз ҳам баланд гаштани худшиносию ҳуввияти миллии тоҷикон мусоидат намуданд.

Камина мехостам дар инҷо бархе аз ҳодисаю воқеаҳо ва чораҷӯиҳои ҳукумати кишварро бо роҳбарию роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандаи закӣ ёдрас намоям, ки онҳо ба ақидаи мо дар шуури ҷамъиятии миллату халқи тоҷик ва сокинону давлатмандони хориҷӣ тағйирот ворид карда, аз аҳаммияти муҳимми дурнамои барои ҷомеаю давлат ва махсусан давлатдории минбаъдаи тоҷикон бархӯрдор мебошанд.

Аз ҷумла баргузории Иҷлоссияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 ва аз ҷониби вакилони мардумӣ интихоб шудани раиси он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инчунин дар ҳошияи иҷлосияи зикршуда Парчами миллӣ ва як қатор қонуну қарорҳои муҳим барои аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ баровардани кишвар ва ба роҳи сулҳу созиш овардани аҳли ҷомеаи Тоҷикистон қабул карда шуданд. Таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо кӯшишу заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1993-юм яке аз қадамҳои нахустини халқу давлати тоҷик дар ҷодаи таҳкиму тақвияти соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Таъсиси ниҳоди мазкур чун яке аз ниҳодҳои ҳаётан муҳимми давлатӣ пеш аз ҳама имкон фароҳам овард, ки дар он чун дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатию ҷамъиятӣ неруҳои сулҳхоҳу солимфикри ҷомеаи тоҷик муттаҳид шуда, аз манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон ва фарҳанги халқи тоҷик пуштибонӣ намоянд. Баргузории ҳамоиши дуюми “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон” соли 1993 дар шаҳри Душанбе ва ба ҳайси раиси ин ҷамъият интихоб гардидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани зикршуда боиси баланд гардидани боварию эътимоди костагаштаи миёни мардуми тоҷик ба якдигар гардид.[3] Дар асл, ҳам ба ҳайси раиси ин ҷамъиятӣ бонуфузи миллии сатҳи ҷаҳонӣ интихоб шудани роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон аз эътибору эътирофи сиёсати сулҳҷуёнаю созандаи пешгирифтаи ҳукумати кишвар аз ҷониби тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон шаҳодат дода, боиси сарфарозии тамоми сокинони кишвар гашта, чун падидаи нек ба раванди барқарорнамоии сохти конститутсионӣ ва гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон нерую илҳоми хосса бахшид.  

Қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва интихоби президентӣ мамлакат дар соли 1994-ум дар таърихи муосири мардуми тоҷик марҳилаи навбатӣ ва боэтимоди давлатдорию ҷомеадориро оғоз бахшид. Дар асоси қабули Конститутсия ва интихоби шакли идораи президентии давлат заминаи муҳимме барои бунёди ҷомеаю давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муҳайё гардида, сиёсати созандаю босуботи дохилию хориҷии кишвар маҷрои муайяни созандагиро касб намуд. Чи гунае Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии илмию амалии “Мақомоти назорати коснтитутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон” дар соли 2010 баргузор шуд, қайд намуда буданд: “Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст”.[4] Соли 1995 бори нахуст ва соли 1997 бори дуюм бо фармонҳои махсуси хеш Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳоти кишвар қитъаҳои замини корамро тақсим намуданд, ки дар натиҷа он қитъаҳои замин дар миёни мардум бо унвони “заминҳои президентӣ” маъмул гаштаанд. Ин иқдоми ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти баъдиҷангӣ ва мушкилиҳои буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва ғизои басо саривақтӣ ва дурандешонае гардид, ки ҷомеаи кишварро аз вартаи гуруснагӣ махсусан, мушкилиҳои ба он алоқаманд раҳонид. Ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ва татбиқи талаботҳои он бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба марҳилаи нави давлатдорию ҷомеадории тоҷик оғоз бахшид. Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи муосири тоҷик саҳифаи дигар ва бузурге оғоз ёфт, ки ба корнамоиҳои умедбахшу беназири созандагии навбатӣ такони муҳим бахшида, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фарҳанги баланди инсондӯстию созандагии мардуми тоҷикро дигарбора исбот намуд. Дастоварди беназири халқу давлати тоҷикон бо роҳбарию кӯшишҳои пайгиронаю ҷонфидоёна ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ба даст овардани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон яке аз усули хосу нодир дар таърихи муосири башарӣ гашта, мактаби сулҳофарии халқу давлат ва роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун намунаи нодире барои ҳалли муноқишаҳои мусаллаҳона аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони кишварҳои гуногуни олам ва умуман коршиносони соҳа бо тавсеа ва роҳнамоии созмонҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Таъсиси унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва нахустин шуда, бо фармонҳои махсуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду фарзанди  фарзонаю сарсупурдаи миллати тоҷик, аҳли илму адаб ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ-Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 1997 иқдоми наҷиб буд. Аҳаммияти сарфароз гардонидани шахсиятҳои зикргардида бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон аз як ҷониб, аз фарҳанги баланди арҷгузорию қадрдонии халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хизматҳои беназири ин шахсиятҳо барои халқу давлати тоҷикон махсусан илму адаби башарӣ бошад, аз ҷониби дигар, эҳсоси хотираи пурпечутоби таърихию фарҳангии насли имрӯзаро ба давраи пурифтихору пурихтилофи шӯравӣ пайванди мусолиматомез намудан мебошад. Дар ин ҷода ҷашнгирии 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дар соли 1998 ва 80-солагии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар соли 2004 низ қадами дигари муҳим ва ҳамоҳангкунандаи хотираи таърихию фарҳангии ҷомеа ва ҳамгирои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ-мадании давлатдории истиқлолу давраи шӯравии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати кишвар гардид. Бо сафари расмии нахустини Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Сауди дар соли 1997 ва дар доираи ин сафар ба ҷо овардани яке аз рукнҳои дини мубини ислом – зиёрати Каъбатуллоҳ аз ҷониби роҳбари давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд амали неку фарҳангустарии роҳбари Тоҷикистон, нишонаи арҷгузорӣ ба суннату анъаноти динии ниёгон буд. Яке аз қадамҳои устувору мустаҳками навбатии роҳбарияти олии кишвар баҳри ҷуброн намудани таъқиботу тахриботи замони давлатдории шӯравӣ нисбат ба дину диёнат ва ба маҷрои солиму осоишта баргардонидани муколамаи дину диндорон бо давлату давлатдорон аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин аст, ки Пешвои миллат чун шахси худогоҳу хирадманд ду маротибаи дигар ба дохили хонаи рамзии Худо-Каъбатуллоҳ ворид шуда, пас аз зиёрату тоату ибодат барои Тоҷикистону мардуми шарифи он дуою фотиҳаи накӯ намуданд. Бо назардошти ин ва дигар хизматҳои арзандаи хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳтирому арҷгузорӣ ва пуштибонӣ аз фарҳанги волои дини мубини ислом ва суннату анъанаҳои он дар сатҳи байналмилалӣ ду маротиба ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.[5] Воқеан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулияти давлатсозию давлатдорӣ ва ҷомеадорӣ сиёсати роҳбарии хешро хирадмандонаю дурандешона ба роҳ монда, ҳар кору пайкорашонро баҳри созгору тавъам намудани фарҳангу тамаддуни гузаштаи дуру наздики мардуми тоҷик ба аҳли ҷомеаю давлатдории муосири миллӣ равона намуда, риштаҳои гусастаю осебдидаи ҳассоси эътиқодию таърихии мардумро пайванду малҳам намуда, барои ояндаи наздику дури давлатдорию ҷомеадории халқи тоҷик роҳи ҳамвору фарохи рушду такомулро бунёд мегузоранд. Ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён, бунёди “Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ва муҷассамаи асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахти кишвар ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар соли 1999 қадами нахустини бузурге аз ҷониби ҷомеаи тоҷик баҳри барқарор намудани ҳалқаҳои осебдидаи пайванди таърихию фарҳангии давлатдории ҳазорсолаи хеш гардид. Хусусияти хоси дигари ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён ин ба вуҷуд овардани тағйироти муҳимми ифтихормандона дар хотираи таърихию фарҳангии мардуми тоҷик ва нигоҳи онҳо нисбат ба гузаштаи пурифтихору омӯзандаи хеш ва назари некбинонаи халқҳои дигар нисбат ба тоҷикону таъриху фарҳанги онҳо ба амал овардан зоҳир мегардад. Яке аз иқдомҳои дигари давлатсозии миллии муосири тоҷик зери роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар асоси тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ дар соли 1999 ва ташкили парлумони касбию доимоамалкунанда дар соли 2000-ум дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани парлумони касбии доимоамалкунанда дар кишвар саҳифаи нави давлатдории муосири тоҷикро боз намуда, халқу давлати Тоҷикистонро тавъам бо ҷомеаи муосири башарӣ ва ба равандҳои солими давлатсозии замон гардонд. Ин дигаргунӣ дар навбати худ ба мактаби нави қонунэҷодкунию қонунгузории муосири миллӣ мусоидати муҳим намуда, ҷомеаю давлати Тоҷикистонро ба сатҳу сифати баланди созандагӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти хусусиятҳои фарҳангӣ миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ роҳнамун сохт. Ба муомилот баровардани воҳиди пули миллӣ-сомонӣ дар соли 2000-умро низ яке аз чораҷӯиҳои муҳимму саривақтии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ арзёбӣ шуд. Ба муомилот баровардани пули миллӣ омилу исботи боэътимоди соҳибихтиёрии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва яке аз заминаҳои дигари баланд гаштани ҳувияти миллии тоҷикон гардид. Ҷашнгирии 2700-солагии Авасто дар сартосари кишвар соли 2001-ум аз қадамҳои дигари шинохти асолати хеш барои мардуми тоҷик гардид. Баргузории ҳамоиши байналмилалии “Авесто ва тамаддуни ҷаҳонӣ” бахшида ба 2700-солагии Авесто аз пиндору гуфтору рафтори неки гузаштагони дури хеш ёду арҷгузорӣ намудан буд. Бо қайди ин сана яке аз шоҳкориҳои камназири тамаддуни фарҳангсолории хеш-Авасторо ёд карда, кӯшиши муҳиму дурандешона дар роҳи сабақгардонии халқу давлати тоҷик аз таъриху фарҳанги пурғановати хеш намудем. Қабули пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) оид ба эълон намудани соли 2003-Соли оби тоза ва баргузории ҳамоиши байналмилалӣ оид ба оби тоза дар ш. Душанбе 29 август-1 сентябри соли 2003, яке аз қадамҳои навбатии устувори Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори дурандешу хирадманд дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Дар навбати худ қабули пешниҳодоти Пешвои миллати тоҷик дар чунин сатҳи баланди ҷаҳонӣ аз фарҳанги баланди инсондӯстонаю ғании мардуми тоҷик ва фарзандони барӯманди он шаҳодат дода, боиси обрӯю эътибор ва ифтихори миллии тамоми тоҷикон гардид. Воқеан, об дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём аз мақому мартабаи хос бархӯрдор буд, аз ҷумла яке аз чор унсури муқаддас барои мардуми ориёитабор – об маҳсуб меёфт. Чи гунае дар мардуми тоҷик мегӯянд: “Он ҷое об ҳаст, ҳаёт ҳаст, дар ҷое об ҳаст, ободӣ ҳаст ё аз нон додан об додан савобтар аст”. Дар воқеъ, бо пайравӣ аз панду андарзи ниёгон ва умуман фарҳанги баланди тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳимми глобалии муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ-таъмини сокинони сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва умуман эҳтиёту истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар рӯйи Замин диққати ҷомеаи ҷаҳону созмонҳои баъналмилали ба ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба об ҷалб намуда, роҳу усулҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳониро пешниҳоду роҳнамоӣ карда истодаанд. Ин аст, ки дар ин ҷода пас аз соли 2003 низ пешниҳоду таклифҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди қабулу амалии СММ гардида, як қатор лоиҳаҳою барномаҳои минтақавию байналмилалӣ дар соҳаи об мавриди амал қарор гирифта истодаанд: ба монанди эълон гардидани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз ҷониби МУ СММ. Ин ва дигар ибтикороти созандаю инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлати Тоҷикистон дигарбора ба насли имрӯзу фардои тоҷику тоҷикистониён,, махсусан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки мардуми тоҷик дорои фарҳанги тамаддунсоз буда, барои тақдири имрӯзу ояндаи зоти инсонӣ бетараф набуда, дар ин ҷода аз сулҳу созиш ва ободонию созандагӣ кор гирифта, баҳри ҳаёти осоиштаю бунёди зиндагии арзанда барои ҳар як сокини сайёра дар якҷоягӣ бо ҷомеаи мутамаддини инсонӣ чораҷӯӣ намуда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи тамаддуни башарӣ мегузорад. Бо ҷашнгирии 2500-солагии яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон-шаҳри Истаравшан дар замони истиқлолият ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ мувофиқан солҳои 2005 ва 2006 пайванди хотираи таърихию фарҳангии хешро ба умқи қарнҳо бурда, ҷомеаи имрӯзаи тоҷикро ба ҷомеаи бузургу мардумсолории қавму қабилаҳои ориёӣ пайваст кардани давлат гардид. Иқдоми дигари бузурги фарҳангии Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҷумаи китоби муқаддаси дини мубини ислом-Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ дар соли 2007-ум мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумӯи минбаъдаи фарҳанги исломӣ дар кишвар, барои малҳами равонию ҷисмонии донишу хотираи динии осебдидаи мардуми тоҷик, ки алоқаманд ба сабабҳои маълуми солҳои 20-30-юми асри гузашта ва ибтидои солҳои 90-ум буданд, тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръонро ба аҳли илму адаби кишвар аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ дастур доданд. Дар ҳақиқат, тарҷумаи китоби муқаддаси дини ислом-Қуръони маҷид ва тақсими он ба аҳолии кишвар ба баланд гаштани фарҳанги диндории мардум ва огоҳии бештару хубтари аҳолӣ аз рукну суннатҳои динӣ мусоидати хосса намуда, барои осоиштагию ҳамгироии ҷомеаю давлат нақши муҳимро доро мебошад. Қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2007 ҳам дар доираи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат барои таҳкими пояҳои давлатдорию ҷомеадорӣ ва рушду нумӯи давлату некуаҳволии сокинони кишвар нақши муҳим дошта, чораҷӯйи навбатии мазкур хусусияти инқилоби фарҳангиро дар ҷомеаи муосири тоҷик бо роҳи таҳаввул ба амал овард. Пас аз татбиқи талаботҳои қонуни мазкур дар ҷомеаи Тоҷикистон ва натиҷаҳои мусбию созанда овардани он, ин иқдом диққати як қатор кишварҳои ҳамсояро ба омӯзиш ва амали гардонии чунин ибтикорот дар давлату ҷомеаи хеш водор намуд.

 Бо ҷашнгирии Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит хотираи таърихию фарҳангии пурифтихору тамаддунсози хеш барои мардуми тоҷик дар намою ҷилои тоза ҷилвагар гашт. Дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқи бисёрҷонибаи ҳаёту саҳми асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам дар фарҳангу тамаддуни исломӣ ва дигар бузургони миллат, дар мардуми тоҷик на танҳо эҳсоси ифтихор ва рӯҳбаландӣ аз саҳми гузаштагони хеш дар рушди тамаддуни олами ислом баланд гардид. Аз ин дар ҷомеа дарки масъулияти баланд аз мартабаю мақоми пешсаф ва роҳнамоии мусолиматомезу фарҳангсоз доштаи фарзандони барӯманди халқи хеш дар олами ислом баланд гашта, пайравии огоҳонаю бошуурона аз дину диёнат ва рукну суннатҳои динӣ сатҳу зинаи нави созандагиро дар ҳамоҳангӣ ба ҳаёту фаъолияти ҷамъиятию давлатӣ касб намуд. Махсусан дар ҳоле, ки бо сӯистифода аз донишу саводи маҳдуд, хусусиятҳои ҳассоси эътиқодоти динӣ ва ҳатто пайравии кӯр кӯронаи бархе аз сокинони имрӯзаи сайёра аз таълимоти динӣ гурӯҳҳои ифротӣ худро “ҳомиёни дину диёнат” эълон карда, аҳолии кишварҳои гуногунро ба вартаи муқовимати мусаллаҳона ва хунрезиҳо мекашанд. Бузургдошту таҳқиқ ва ташвиқу тарғиби ҳаёту фаъолият ва мероси илмию адабии пурғановату инсондӯстонаи шахсиятҳои илму адаб, дин ва сиёсат дар ҷаҳони пуртазоди муосир, ки на танҳо гуфтугӯйи тамаддунҳо нисбат ба асрҳои пешин суръати баландро касб кардааст, балки ба бархӯрд мубаддал гашатаанд, басо муҳим ва айни муддао мебошад.

Мояи ифтихору сарфарозии дигари мардуми тоҷик дар замони истиқлолият ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ба таври расмӣ чун ҷашни байналмилалӣ эътироф гаштани ҷашни Наврӯз дар соли 2010-ум мебошад, ки ин падидаи муҳимму фараҳбахш ба заҳмату талошҳои пайгиронаю чашмраси Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз пайвастагии бевосита дорад. Дар воқеъ, ҷашни Наврӯз аз давраҳои қадим барои мардуми тоҷик чун яке аз ҷашнҳои муҳиму арзишманд маҳсуб ёфта, дар худ таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгонро таҷассум ва ҳифз намудааст. Воқеан ҳам ҷашни Наврӯз аз умқи қарнҳо, аз қаъри дилу дидаи гузаштагон маншаъ гирифта, дар худ орзую ормон ва марому мақсадҳои неку созандаи ниёгонро таҷассум карда, аз дуриҳои дури таърих ба мо пайғоми сулҳу созишро миёни инсону табиат ва инсону инсон талқин карда, ба инсондӯстию бунёдкорӣ ва меҳнатдӯстӣ раҳнамун месозад. Он дар дарозои таърихи чандҳазорсола аз боду тӯфон ва ноҷӯриҳои давру замонҳо бо қаду қомати мавзуну ҷилои нек убур карда, илму амал, меҳру муҳаббат ва созандагию шарафмандиро ба насли имрӯзу фардои ворисони бунёдгузораш ва умуман инсоният талқину ташвиқ менамояд. Дар сояи Наврӯзи оламафрӯз имрӯз халқу миллатҳои гуногун хешро аз тӯфони ифроту ҷаҳолат ва бадиҳо эмин дида, новобаста аз дину мазҳаб ва ғояи сиёсӣ гирди суфраи он аз дӯстию ободонӣ сухан карда, гуфтугӯйи фарҳангу тамаддунҳои мухталиф дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат мегирад, ки ин мояи ифтихору сарафрозии тамоми мардумони ҳавзаи Наврӯз маҳсуб меёбад. 

Воқеаи дигари илҳомбахш барои сокинони кишвар ин бунёду барафрохтани Парчами миллӣ дар сутунпояи баландарин дар пойтахти Тоҷикистон 30 августи соли 2011-ум ва ҳамчун баландтарин пояи Парчами давлатӣ дар ҷаҳон сабт шудани он мебошад. Бунёд ва барафрохтани Парчами миллӣ дар ин шакл ва эътирофи расмии он чун сутунпояи баландтарини парчам дар ақсои олам тавъам ба орзую мароми сокинони кишвар буда, аҳамияти муҳимми сиёсию миллӣ дошта, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ҳувияти миллӣ ва иттиҳоду ягонагии сокинони Тоҷикистон нақши басо арзишманде дорад. Иқдоми мазкур яке аз қадамҳои навбатие аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдати ҳамагонӣ ва эҳтирому арҷгузории ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанги куҳанбунёд ва парчамдорию давлатдории миллати тоҷик мебошад.

Дар даҳсолаи якум ва дуюми асри XXI бо назардошти дастовардҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ Тоҷикистон дар радабандиҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқию созандагии созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ чун кишвари ислоҳотгар сазовори ҷойҳои намоён гардид. Аз ҷумла, бо назардошти дастовардҳои Тоҷикистон дар ҷодаи сулҳу осоиштагии ҳамагонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои башарӣ шаҳри Душанбе соли 2004-ум бо ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”-и ЮНЕСКО сарфароз гардонида шудааст, соли 2010 бошад пойтахти кишвар бо Қарори Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) маркази фарҳанги исломӣ эълон карда шуд, ки нишонаи сатҳи баланди ҷомеадории мардуми тоҷик дар ҷодаи ҳифзу такомули меросу арзишҳои дини мубини ислом ва фарҳангу маорифи исломӣ маҳсуб меёбад. Инчунин соли 2016-ум дар натиҷаи озмуни хосса миёни 6 шаҳри мақоми пойтахтӣ доштаи бонуфуз, шаҳри Душанбе ба ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”-и Бунёди “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд. Чунин қадрдонӣ аз пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ аз самараи неки сиёсати дурандешонаю мактаби хоссаи давлатдории халқу ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чи гунае зимни супоридани ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”-и Бунёди “Роҳи абрешим” мушовири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ченг Гуопинг иброз намуд: “Шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту хизматрасонии осоиштаи қишрҳои ҷомеа, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд”.[6] Албатта чунин баҳогузории пойтахти кишвар баҳогузорӣ ба фарҳанги шаҳрдорию давлатдории мардуми Тоҷикистон буда, яке аз фатҳи қуллаҳои навбатии бесобиқаи бурдбориҳои халқу давлати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Яке аз падидаҳои дигари умедбахшу ояндасози ҷомеаю давлати муосири Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад. Дар воқеъ, дар замони муосир яке аз масъалаҳои ҳалталабу муҳим барои ҷомеаи инсонӣ таълиму тарбияи насли ояндасозу маданӣ маҳсуб меёбад. Қабули қонуни зикргардида дар ҷомеаи тоҷик ин пеш аз ҳама, арҷгузорию эҳтиром ва такомули суннату анъанаҳои неки ниёгон дар ҷодаи ҷомеадорӣ ва дар навбати худ бо назардошти равандҳои мухталифи ҷаҳонишавӣ дар сатҳи қонунгузорӣ фароҳам овардани муҳити солиму созгори рушди неруи инсонии насли ояндаи миллату давлат, муколамаи созандаю мусолиматомез ва мустаҳкамнамоии институти оиладории суннатӣ маҳсуб меёбад.   

Тибқи Конститутсия ва умуман қонунгузории Тоҷикистон бо назардошти иродаи халқи шарифи кишвар ва дар асоси ташаббуси қонунгузорию пешниҳодоти вакилони парлумон соли 2015 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” қабул карда шуд. Қабули қонуни мазкур ва сарфароз гардонидани Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвони баландпоя аз ҷониби халқу давлати Тоҷикистон воқеан ҳам изҳори воқеии халқи шарифи Тоҷикистон ва арзи садоқату эҳтиром ва қадршиносии хизматҳои шоистаи сарвари кишвар дар назди халқу давлати Тоҷикистон мебошад. Бо қабул ва эълони қонуни мазкур мардуми Тоҷикистон дар баробари эҳтирому қадршиносии хосса намудани хизматҳои бесобиқаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу давлат, ҳамзамон дар таърихи навини давлатдории миллӣ мактаби нави идоракунии давлатро, ки яке аз омилҳои муҳимми таҳкими сохтори конститусионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таҳкиму тақвияти ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро бо назардошти ҳифзу такомули минбаъдаи арзишҳои миллию башарӣ бунёд гузоштанд.

Қадами дигари созандагию бунёдкории халқи Тоҷикистон ин оғози навбатии сохтмони НБО Роғун ва ба истифода додани чархаи аввали он дар соли 2018-ум мебошад. Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва монеаҳои сиёсию иқтисодӣ соли 2010 саҳмияҳо барои бунёди НБО Роғун ба мардуми шарифи кишвар пешкаш карда шуд, ки ин иқдоми хирадмандонаю дурандешона аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ба хушнидию сарфарозӣ қабул карда шуд. Дар баробари ин бо дипломатияи бунёдгузоштаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати кишвар тавонист, ки бо ҷалби давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳони ба сохтмони НБО Роғун мутахассисон ва сармояи хориҷиро ҷалб намуда, ин сохтмони азими аҳаммияти стратегии минтақавию байналмилалӣ доштаро дар сатҳи баланд ба анҷом расонад. Ҳукумати кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба анъанаи чандасраи ҳамсоядории нек ва идомаи ҳамкории мутақобилан судманд бо даъвати ташхиси Бонки умумиҷаҳонӣ ва як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ хулосаи мусбии расмии сохтмони ин неругоҳро ба даст оварда, ин сохтмони муҳимро бе доғи муноқишаи сиёсӣ ба роҳ монд. Дар натиҷаи меҳнату заҳмати халқу давлати Тоҷикистон ва кӯшишҳои ҳамаҷонибаи хастанопазиру пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати аввали НБО Роғун 16-уми ноябри соли 2018 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Воқеан, ҷараёни бунёди ин неругоҳ чун майдони ҳарбу зарби меҳнатӣ ба ҷабҳаи муҳимтарини бунёдкорию созандагии давр табдил ёфта, саҳифаи наву навбатии бунёдкорию созандагиро дар таърихи навини Тоҷикистон боз намуд. Метавон гуфт, ки рӯзи ба кор шурӯъ намудани ин иншооти азимро ҳар як сокини Тоҷикистон ва ҳама хайрхоҳони бурунмарзӣ ба таври хеш аз даргоҳи Худованд таманно карда буданд. Дар лаҳзаҳои оғози кори агрегати аввали НБО Роғун ҳар як шахси ватандӯсту худшинос фараҳмандию ифтихор ва қаноатмандии бепоён аз фарҳангу тамаддуни бунёдкоронаю созандаи халқи хеш эҳсос мекард. Бунёди НБО Роғун воқеан ҳам яке аз корҳои созандаю бунёдкоронаи халқу давлати тоҷик дар доираи сиёсати дурандешонаю башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишуда ба ҳисоб меравад. Он на танҳо омили пешрафту бунёди зиндагии арзанда барои мардуми Тоҷикистон мегардад, балки имкониятҳои он барои таҳкими дӯстию рафоқат ва рушду нумӯи сармояи инсонӣ ва инкишофи халқу давлатҳои минтақа аҳаммияти муҳимму дурнамоӣ дорад. Дар расми ба кор даровардани агрегати якуми НБО Роғун Сирил Мюллер, ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар суханронии хеш аз он ҷумла чунин иброз дошт: “Лаҳзаҳое ҳастанд, ки биниш ва азм заминаи лоиҳаҳои дигаргунсозандаро ба амал меоранд. Имрӯзро маҳз чунин лаҳза номидан мумкин аст”.[7] Воқеан ҳам азму иродаи қавӣ ва созандаи халқи тоҷик тавъам бо сиёсати дурандешонаю башардӯстона ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи “дарҳои кушода” роҳбарияти олии кишвар заминаи асосии бунёди ин иншооти муҳими таърихӣ гардид. Дар ин асно қайд намудан бо маврид аст, ки ба кор даромадани чархаи аввали НБО Роғун на танҳо мояи ифтихору сарфарозии мардуми тоҷик гардид, инчунин як воқеаи фараҳбахшу сарчашмаи илҳоми корҳои ободонию созандагии минбаъда барои тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла як қатор адибону журналистон ва умуман эҷодкорони дохилию хориҷӣ гардид. Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз такони баланди замонию дурнамои доштани оғози кории ин иншоот илҳом гирифта, чунин сатрҳои шеъриро эҷод кардааст:

Натанҳо мо туро аз обу аз гил сохтем, эй НБО,

Натанҳо мо туро аз ҷону аз дил сохтем, эй НБО,

Ту ҳам обу гили моро зи дигар сохтӣ чандон,

Ту ҳам ҷону дили моро зи дигар сохтӣ чандон,

Ту қад афрохтиву низ қад афрохтем он гуна мо фузун,

Ту сар афрохтиву низ сар афрохтем он гуна, эй Роғун.[8]

 

Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори саршиноси тоҷик, сардабири ҳафтаномаи “СССР” аз ба кор оғоз намудани НБО Роғун илҳом гирифта, мақолаеро моҳи ноябри соли 2018 бо унвони “Роғун: Тоҷикиш кардем!!!” дар ҳафтаномаи зикршуда нашр карданд, ки пур зи ифтихору сарфарозӣ ва қаноатмандию илҳом аз фарҳанги созандагию бунёдкории халқу давлати Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Агар бо додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва ходими давлатию ҷамъиятӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва бо ҷашнгирии 80-солагии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе идомаи мантиқии давлатдории муосири хешро ба замони шӯравӣ пайванд карда бошем, ба воситаи ҷашни 1100 – солагии давлати Сомониён пайванди хешро ба давраи давлатдории то шӯравии хеш расонидем, бо ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам риштаи осеби равонии халқамонро ба тамаддуни исломӣ бофтаю малҳам намудем, бо ҷашнгирии 2700 – солагии Авесто хотираи фарҳангиямонро аз имрӯз то ба Зардушт бурда расонидем, бо ҷашни бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва ҷаҳонишавии ҷашни бузурги ниёгон-Наврӯзи оламафрӯз хотираи таърихии хешро аз имрӯз ба умқи қарнҳо бурда, ҷомеаи имрӯзаро ба ҷомеаи бузургу мардумсолории қавму қабилаҳои ориёӣ пайваст карда, ваҳдати равонию сиёсии ҷомеаю давлатдории муосири тоҷикро таъмин намудем, ки дар чунин як муддати кутоҳ дарёфти решаҳои таърихию фарҳангии осеби сахти ақидавию равонӣ дида на ба ҳар халқу миллат муяссар гаштааст.

Хусусияти хоси сиёсати давлатдорию давлатсозии миллии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табдили номи як қатор маҳалҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоят бо назардошти хотираи таърихию фарҳангии ниёгон ва арҷгзорӣ ба суннату анъаноти миллӣ зоҳир мегардад. Дар доираи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу маънавиёти мардуми тоҷик зинаи нави рушдро пеша кардааст, ки боиси эҳёю инкишофи суннату анъанаҳои ниёгон ва ҳунарҳои мардумӣ дар намою ҷилои нав гардида, дар ҳамоҳангӣ ба равандҳои солими ҷомеаи муосири башарӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ ва такомул қарор гирифта, дар сатҳи байналмилалӣ эътибору эътирофи хосаро касб кардаанд, ки ба бақои таъриху фарҳанг ва давлатдории миллати тоҷик, бахусус дар замони рушди босуръати равандҳои ҷаҳонишавӣ нерую такони басо муҳим ва заминаҳои мустаҳкаму бунёдиро ба вуҷуд овардаанд.  

 Ҷанбаи дигар ва дар айни замон муҳимму ояндасози сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои корию расмии дохилию хориҷиашон зоҳир мегардад. Бо сафарҳои дохилию хориҷии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро бо тоҷикистониён аз як ҷониб ва тоҷикистониёнро бо аҳли олам ва баракс дар сатҳу зинаи нав шиносонданд, ки ин хусусият барои ҳамгироии мусолиматомезу созандаи имрӯзу ояндаи халқу давлати тоҷик миёни хеш ва бо ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз аҳаммияти бағоят муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ ва равонӣ бархӯрдор аст.

Дар баробари мавҷудияти мақсаду маром ва ормони деринаи мардум дар барқарории хотираи таърихию фарҳангӣ ва суннату анъанаҳои неки ниёгон ба майдони ҳарбу зарби ғоявӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодию давлатдорӣ омадани фарзона фарзанди халқ басо муҳим ва нақши калидиро дорад, ки хушбахтона дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин марди майдонро Офаридгор дар ин давраи басо ҳассосу тақдирсоз ба мо халқи тоҷик ато намуда, ормону ғояҳои қарнҳо дар дилу дидаи мардум бо оби ғаму шодӣ парвариш ёфтаро ҷомаи амал пӯшонд.  

Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва чораҷуиҳои ҳукумати кишвар дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи муътадили сиёсӣ ба назар расида, кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ чун яке аз давлатҳои дорои сохтори муътадили сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ эътироф гашта, дар ин замина Тоҷикистон аз солҳои аввали 2000 чун маркази баргузории ҳамоишу саммитҳо ва вохӯриҳои расмии роҳбарони як қатор давлатҳо, аъзоёни созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сатҳи баланд гардад. Дар се даҳсолаи охире, ки ҳамоишҳои аъзоёни созмонҳои минтақавию байналмилалии сатҳи баланд дар ш. Душанбе баргузор гаштаанд, як қатор эъломияҳое қабул намудаанд, ки онҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои судманди давлатҳоро дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ танзим намуда, баҳри бехатарии ҷомеаи инсонӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳдошти муҳити зист ва умуман рушду нумӯи ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд. Ин ва дигар чораҷӯйиҳои дурандешонаю созандаи роҳбарият ва халқу давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва умуман коршиносони гуногуни сатҳи байналмилалиро ба эътирофи ташаккули “раванди Душанбе” дар ҷанбаҳои мухталифи ҷараёнҳои глобалии муосир водор намояд.       

         Барқарор ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо зиёда аз 160 давлати дунё ва қадрнамоии кӯшишу заҳматҳои шахсияти Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва сулҳофару созандаи сатҳи байналхалқӣ аз ҷониби давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ ва бо ордену медалҳои воломақом сарфароз гардонданашон ин эътирофи фарҳанги волою тамаддунсози мардуми тоҷику тоҷикистониён дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Муфассал оид ба ордену медалҳо ва ҷоизаю унвонҳои фахрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷумла нигаред ба сомонаи зерин.[9] Албатта дар ин ҷода пеш аз ҳама, боварию эътимод ва қадрдонии худи халқи Тоҷикистон басо муҳим ва пурарзиш мебошанд, ки дар ин бора Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш аз аҳаммияти баланду азизу муътабар доштани эҳтирому боварии халқи кишвар барояш иброз доштаанд.

         Воқеан ҳам, халқу давлати Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҳукумати кишвар ва роҳбарию роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси барномаҳою стратегиҳои миёнамуҳлату дарозмуддати соҳавию давлатӣ ва эълони чор ҳадафҳои  стратегии миллӣ ҷомеаю давлати Тоҷикистонро дар ҳамоҳангӣ ба равандҳои солими ҷомеадорию давлатдории ҷомеаи муосири мутамаддини башарӣ ба сӯи фатҳи қуллаҳои навбатии созандагию бунёдкорӣ раҳнамун намудаанд.

         Дар ин асно қайд намудан бомаврид аст, ки дар асоси омӯзишу таҳқиқи равандҳои ҳаётан муҳимми дар ҳаёти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон дар 28 соли охир баамаломада, ки ба тағйироту дигаргуниҳои куллӣ бо назардошти арҷгузорию эҳтироми арзишҳои миллию манфиатҳои давлатӣ мусоидат намудаанд, ки метавон ин давраро чун давраи инқилоби фарҳангӣ дар ҳаёту фаъолияти халқу давлати Тоҷикистон номид.

         Тамоми орзую омол ва ормонҳои созандаю бунёдкоронаи имрӯзу ояндаи халқу сарвари давлати Тоҷикистонро метавон дар як шиори хитоб намудаи мушахасси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд: “Тоҷикистон ба пеш!”, “Тоҷикистон ба пеш!”, “Тоҷикистон ба пеш!”.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

[1] Воҳид Ғаффорӣ. “ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ: МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОВАРАМ!”. Д “АВАСТО” 1998. С.6.

[2] http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13752 Санаи муроҷиат: 26.09.2020 с.

[3] https://www.payvandgar.tj/index.html Санаи муроҷиат: 24.09.2020 с.

[4] http://www.prezident.tj/node/289#darvoz Санаи муроҷиат: 06.10.2020 с.

[5] Муфасал нигаред ба суроғаи электронии зерин: http://www.president.tj/node/11589, http://www.president.tj/node/11606, http://www.president.tj/node/10549#sangvor Санаи муроҷиат: 25.09.2020 с.

[6] http://jahonnamo.tj/ijtimo/30274-dushanbe-bo-joizai-shahri-sulh-i-bunjodi-rohi-abreshim-qadrdoni-gardid.html Санаи муроҷиат: 8.10.2020 с.

 

[7] http://www.vsemirnyjbank.org/ru/news/speech/2018/11/16/rogun-hpp-launching-ceremony-in-tajikistan

Санаи муроҷиат: 16.11.2018 с.

[8] Ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат”. 4-уми апрели соли 2019 №13-14 (1984-1985). Саҳифаи 6.

[9] https://tg.wikipedia.org/wiki/Эмомалӣ_Раҳмон Санаи муроҷиат: 25.09.2020 с.