Раҷабов  Неъматулло  Файзалиевич

Декани факултаи забонҳои хориҷӣ  н.и.ф., дотсент

  +(992) 93-441-40-74
  ddb.mi-09@mail.ru , nematullo1@mail.ru

РАҶАБОВ Неъматулло Файзалиевич [тав. 15. 12. 1976, н. Совет (ҳоло Темурмалик)-и вил. Хатлон], омӯзгорномзади илми филология (2015), достсент (2016). Таҳсил дар мактаби миёнаи № 9-и нСовет (1982–1993). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии ДДҚ (ҳоло ДДБ) ба номи Носири Хусрав (2000). Омӯзгори «Кафедраи назария ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ» (2000–2017), мудири «Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ» (2017–2030) ва аз моҳи сентябри 2020 декани факултети забони англисии ҳамин донишгоҳ. Аз 7. 01. 2010 то 31. 01. 2010 дар семинари кишваршиносӣ дар МюнхенБерлинПотсдам ва Ваймари Ҷумҳурии Олмон, аз моҳи июли соли 2004 то августи соли 2004 дар семинар тренинги JTZ-и Олмон, барномаҳо оид ба маориф, инчунин дар семинар ва конференсияҳои омӯзгорони забони олмонӣки дар Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардидандиштирок намудасоҳиби 10 сертификат шудааст. Муаллифи ду монография, якчанд мақолаи илмӣду дастурамали методӣ ва барномаи таълимӣ аз фанни забони олмонӣ ва дастури таълимӣ аз «Забони олмонӣ» барои омӯзиши фанни «Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ» ва истифодаи тестҳо, васоити таълими аз фанни забони лотинӣҲоло дар мавзӯи «Гурӯҳҳои функсионалӣсемантикии ҷумлаҳои яктаркиба дар забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ» кори доктории худро идома дода истодааст.

                      Факултети забонҳои хориҷӣ
Факултети забонҳои хориҷӣ тибқи қарори шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа № 5 аз 28. 01. 1998, қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 317 ва иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1/84 аз 11. 07. 1998 дар асоси факултети филология таъсис ёфтааст. То ин вақт дар назди факултети филология аз соли 1993 сар карда, шуъбаи забонҳои хориҷӣ бо ихтисосҳои забони англисӣ, забони олмонӣ, забон ва адабиёти рус амал менамуд. Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити иқтисодию фарҳангӣ низ густариш ёфта, зарурати кушодани марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бавижа забонҳои англисию русӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, таъсиси шуъбаи забонҳои хориҷӣ дар заминаи факултети филологияи тоҷик ин амри тасодуфӣ набуда, балки зарурати воқеӣ дошт.

Факултет аз рӯи ихтисосҳои забони англисӣ, забон ва адабиёти рус кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ тайёр мекунад. Дар факулта донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикргардида дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд.. Факултет дорои 16 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингафонӣ, 1 синфхонаи таҷрибаомӯзӣ ва 7 кошонаи корӣ мебошад.
Факултет донишҷӯёнро ба магистратура ба тариқи шартномавӣ фаро гирифта аст.
Дар факултет 4 кафедра амал менамояд.
1.Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ.
Дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ 6 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.

2. Кафедраи забон ва адабиёти рус.
Дар кафедраи забон ва адабиёти рус 9 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд. Сафарова Нигина, Ашурова Ш. дар заминаи ҳамин кафедра фаъолият намуда рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.
3. Кафедраи курси амалии забони англисӣ.
4.Кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ.

Факултет бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи забонҳо ба номи С. Улуғзода, ДДК ба номи Рӯдакӣ, Донишгоҳи славиании Русия- Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи Монтанаи ИМА, Донишгоҳи омӯзгории ш.Маскав ва Донишгоҳи омӯзгории ш. Алмаато равобити илмӣ дорад.
Хатмкардагони факултет Бойматов И., Валиев Ф., Расулова Л., Соатов У., Ҷалилов А. ва Камолов Ҷ. баъди хатми донишгоҳ дар Донишгоҳи Монтанаи ИМА таҳсилро давом дода, айни замон дар ИМА кор ва фаъолият мекунанд.

Имрӯз факултет бо номи собиқ хатмкардагонаш Абдураҳимов Қудратулло Саидович – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ноиби ректор оид ба таълим, Тӯрахонова Ҳалқамо Чиллахоновна – номзади илмҳои педагогӣ, Раҷабов Холмурод Ашурович – декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Гулов Алимаҳмад саромӯзгори кафедраи педагогика ва психология, Мираков Шариф- корманди телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Зубайдуллои Қодир –журналисти телевизиони ҷумҳурӣ, Гулов Ҷамол – раиси суғуртаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Раҷабов Муродалӣ Ашурович – сардори шуъбаи раёсати гвардияи миллии ҶТ, полковник, ва дигарон ифтихор менамояд.