ҲАКИМОВА Олима Ҳафизовна 

Декани факултаи информатика

номзади илмҳои физика-математика
  +(992) 90-161-19-64
  ddb.mi-03@mail.ru

                                    Факултети информатика

Асри ХХI асри технологияи нав ва информатика мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд дар бораи ҷавонон ҳарчи бештар ғамхорӣ намоем, то ки онҳо пурра дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳони имрӯзаро аз худ намоянд.                                                                       

Эмомалӣ Раҳмон

Аз соли 1986 сар карда, дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фанни нави информатика ҷорӣ гардида, барои пайдоиши кафедраҳои замонавии информатика поя гузошт.

Факултети информатика 25 сентябри соли 2009 бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №44-ФА ташкил дода шудааст. Он аз таркиби факултети математика, ки ҳамсоли донишгоҳ буда, яке аз аввалин факултаҳо маҳсуб мегардад ва соли 1978 ҳамчун факултети физикаву математика арзи ҳастӣ намудааст, ҷудо гардидааст.

Факултет дорои 13 синфхона, 2 озмоишгоҳи компютерӣ, 3 кафедра, 4 кошонаи корӣ мебошад. Айни замон дар факултет зиёда аз 800 нафар донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос-информатика, информатика-математика,системаҳои автоматикунонии ахбор ва идоракунӣ, низом ва технологияҳои иттилоотӣ таҳсил менамоянд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои информатика ва САКА ва И шуъбаи магистратура фаъолият менамояд. Алҳол дар факултет 36 нафар устодону кормандон кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ин шумора 7 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 4 нафар саромӯзгорон, 5 нафар аспирантон ва шумораи боқимондаро омӯзгорону кормандони техникӣ ташкил медиҳанд. Аз байни устодони факултет 5 нафар ба гирифтани нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар ба дарёфти Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.

Дар факултет се кафедра-кафедраи информатика ва методикаи таълими он, кафедраи САКА ва И, кафедраи технологияи итиллоотӣ фаъолият менамоянд.

Кафедраҳои факултет бо кафедраҳои ҳамноми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он равобити зичи илмӣ доранд. Аз ҷумла, робитаи кафедраҳои факултет бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Қӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Пажӯҳишгоҳи математикаи АИ ҶТ ва Донишгоҳҳои Ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва ғайра хеле пурсамар мебошад.

Тараққиёти босуръати технологияи информатсиониро ба назар гирифта, соли 1995 Шӯрои олимони донишгоҳ кафедраи мустақили информатика ва техникаи ҳисобро таъсис дод. Ба ин кафедра номзади илми физика-математика, дотсент Абдураҳимов Алимурод Одинаевич мудир таъин гардида буд. Соли 1996 бо супориши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр кафедраҳо муттаҳид карда шуданд. Ин раванд ба кафедраи информатика ва техникаи ҳисоб низ беасар намонд.

 

Ҳамин тариқ, кафедраи информатика баъди як сол барҳам хӯрд.  Он бо кафедраи таҳлили математикӣ якҷоя карда шуд. Бо тақозои давру замон ва таҳаввулоти босуръати техникаю технологияи компютерӣ кушодани кафедраи информатика ва техникаи ҳисоб ногузир гардид. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 30. 06. 1998 таҳти рақами 10 кафедраи информатика ва техникаи ҳисоб аз нав эҳё гардид.

Аъзоёни кафедра дар ду самт корҳои илмӣ ва илмию методӣ бурда истодаанд:

1.Усулҳои оптималии идоракунӣ дар шароити номуайянӣ ва усулҳои тақрибии ҳисобкунии муодилаҳои операторӣ.

2.Истифодаи технологияи ахборотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим.

Самти якум ҷанбаи пурраи илмӣ дошта, самти дуюм характери илмӣ-методӣ дорад. Натиҷаи корҳои илмӣ ва илмию методии устодони кафедра дар маҷаллаҳои гуногуни илмию методӣ ба табъ расида, дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аъзоёни кафедра мунтазам гузориш медиҳанд.

Ба шуъбаҳои навтаъсиси информатикаю системаи автоматии коркарди ахборот ва идоракунӣ (САКА ва И) асосан кафедраҳои информатика ва САКА ва И хизмат мерасонад. Теъдоди донишҷӯёни ин шуъбаҳо сол аз сол афзоиш дорад. Талаботи рӯзафзун ба техника ва технологияи компютерӣ дар назди ин кафедраҳо масъулияти бузергеро гузоштааст ва барои ҳалли бомуваффақияти онҳо ҳайати кафедра тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда истодаанд.

Солҳои 2007-2008 ин факултет бо факултети физика-математика якҷоя карда шуда, соли 2009 боз ба факултети мустақили информатика табдил дода шуд.

Факултет дорои 14 синфхона (панҷ синфхона бо тахтаи электронӣ), озмоишгоҳи компютерӣ, 3 кафедра, 4 кабинети корӣ мебошад. Айни замон дар факултет 662 нафар донишҷӯён аз рӯйи 4 ихтисос таҳсил менамоянд:

  1. Системаҳои автоматикунонидашуда.
  2. Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот)
  3. Информатика.
  4. Шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот.

Таҳсил дар факултет дар шакли кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Аз миқдори умумии дар боло зикршудаи донишҷӯён 160 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 447 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯёне, ки ба тариқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, 55 нафарро ташкил дода, аз онҳо 26 нафар духтарон ва 29 нафар писарон мебошанд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои информатика ва системаҳои автоматикунонидашуда шуъбаи магистратура фаъолият менамояд..

Алҳол дар факултет 36 нафар устодону кормандон кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ин шумора 7 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 5 нафар саромӯзгорон, 5 нафар аспирантон, 2 нафар докторантони PhD ва шумораи боқимондаро омӯзгорону кормандони техникӣ ташкил медиҳанд.

Дар факултет семинари илмӣ-дастурдиҳӣ (ШИД), се маҳфил ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фаъолият доранд. Ҳар сол 70-80 нафар устодону донишҷӯёни факултет дар конференсияҳои гуногун баромад менамоянд.