НОРОВ Фирдавс Исматуллоевич

Декани факултаи иқтисодӣ

иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ

  +(992) 93-593-77-77
  ddb.mi-04@mail.ru

Факултети иқтисодӣ

Факултети иқтисодӣ бо фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 1998 таҳти №25 таъсис дода шудааст.

Факултети иқтисодӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, дар самти таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониши муассилин ва ислоҳоту рушди соҳаи маориф ба дастовардҳои муайян ноил мегардад. Факулта аз рӯзҳои аввали мавҷудияташ то ҳозир асосан дар шакли шартномавӣ мутахассис тайёр мекунад, ки ин ба мустаҳкам шудани иқтидори моддию техникии донишгоҳ мусоидат менамояд.

Дар факултет чор кафедра амал менамояд. 1) кафедраи назарияи иқтисод, 2) кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит.3) кафедраи молия. 4) кафедраи фаъолияти бонкӣ

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Кафедра соли 2008 дар базаи кафедраи ҳисобгирии бухгалтерӣ ва назарияи иқтисод таъсис дода шудааст. Теъдоди устодон дар кафедра 10-нафарро ташкил медиҳанд.

Ҳоло дар кафедра 3-нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент 6 омузгор 1 ассистент кору фаъолиятмекунанд

Кафедра дар қатори ҷараёни таълим бевосита ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳоло кафедра мувофиқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии дарозмуддат ва ҷорӣ аз рӯи ду самт кору фаъолият менамояд.

Самти якум «Баъзе проблемаҳои буҳрони озуқаворӣ ва ҳалли он дар ҶумҳурииТоҷикистон».

Самти дуюм «Асосҳои бунёди Стандартҳои байналхалқии ҳисобгирии молиявӣ (СБҲМ) дар корхонаҳову муасисаҳо».

Кафедра дар қатори кори ҷараёни таълим, инчунин ба корҳои илмӣ- тадқиқотии ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён диққати ҷиддӣ медиҳад.

Дар кафедра маҳфили «Иқтисодчии ҷавон» амал менамояд.Маҳфил ҳар моҳ як маротиба гузаронида шуда, ба он 32-нафар донишҷӯён аъзо гардидаанд. Дар маҳфил ҳар як донишҷӯ зери роҳбарии омӯзгорони кафедра дар маҳфилҳо иштирок ва баромад менамоянд. Маҳфили «Иқтисодчии ҷавон» аз соли 2012 инҷониб дар шабакаи интернет почтаи электронӣ бо номи iktisodchii- javon @ mail.ru -ро дорад.

 

Кафедраи назарияи иқтисод

Дар кафедра 12 нафар устодони доимӣ кор мекунанд, ки аз онҳо 1 нафар профессор, 2 нафар номзадҳои илм, дотсентон мебошанд. Аз ҳайати устодони кафедра 1 нафар саромӯзгорон, 5 нафар омӯзгорон, 3 нафар ассистентон мебошанд. Синну соли миёнаи устодони кафедра 30 солро ташкилмедиҳад.

Дар айни ҳол дар факултети номбурда аз рӯи чор ихтисос: 1-25.01.04 –молия ва қарз, 1-25.01.08-ҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, 1-25.01.04.02-кори бонкӣ, аудит ва ревизия мутахассис тайёр мешаванд, ки дар он 750 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.