АСРОРОВ Зокирҷон Усмонович

Декани факултаи Менеҷмент

номзади илмҳои иқтисодӣ

  +(992) 91-915-12-38
  ddb.mi-05@mail.ru

Факултети менеҷмент

Факултети менеҷмент бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 8/9 аз 13. 04. 2006 ва фармоиши ректори донишгоҳ № 55-ФА аз 07.01.2011 таъсис дода шудааст.
Факултет дорои 14 синфхона, 1 озмоишгоҳи компютерӣ, 2 кафедра, 6 кошонаи корӣ мебошад. Айни замон дар факултет 856 нафар донишҷӯ аз рӯйи 6 ихтисос:
1. 1-26-02-02 -06- менеҷмент дар соҳаи иҷтимоӣ,
2. 1-26-02-02-01 – менеҷменти молиявӣ,
3. 1-25-01-07-17 – иқтисод ва идораи сайёҳӣ,
4. 1-96-01-01 – умури гумрукӣ,
5. 1-25-01-04-03 – андоз ва андозбандӣ
6. 1-26-01-01-01-идораи мақомоти маҳаллӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар факултет ду кафедра фаъолият менамояд:

1. Кафедраи менеҷмент,
2. Кафедраи андоз ва низоми гумрукӣ.
Кафедраҳои факултет бо кафедраҳои донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он равобити зичи илмӣ доранд. Аз ҷумла, бо кафедраҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Руссия Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рудакӣ.
Аъзоёни кафедраҳои факултет дар семинар ва конференсияҳои илми-амалии кафедраҳои ҳамкор аз донишгоҳҳои кишвар бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд.

Дар факултет соли панҷум аст, ки аз рӯйи ихтисоси менеҷмент дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисод ва идораи сайёҳӣ, умури гумрукӣ, андоз ва андозбандӣ шуъбаи магистратура фаъолият менамояд.
Айни замон дар факултет 30 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 1 нафар профессор, 2 нафар дотсент, 3 нафар номзади илм, 3 нафар саромӯзгор; 16 нафар омӯзгорон 5 нафар аспирант ва 2 нафар корманди техникӣ мебошанд. Аз устодони кафедра чор нафар ба гирифтани нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.