ФАКУЛТЕТИ СИЁСАТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТӢ
Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ моҳи сентябри соли 2017 дар заминаи ихтисосҳои психологияи ҳуқуқшиносӣ, танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар факултети таърих ва ҳуқуқ амал доштанд, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 25-уми сентябри соли 2017 таъсис дода шуд. Дар нимсолаи дуюми соли 2017-2018 бошад, зарурати аз факултети таърих ва ҳуқуқ ба факултети мазкур интиқол додани ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ба миён омад, ки дар натиҷа он амалӣ гардид. Айни замон дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ аз рӯи 5 ихтисос 762 нафар донишҷӯён дар зинаи бакалавриат ва 1 ихтисос 8 нафар дар зинаи магистр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бинои таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23- юми марти соли 2019 ба истифода дода шуд. Бинои таълимии мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст, ки дар он 24 синфхона, аз ҷумла 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 1 толор, 9 утоқи корӣ мавҷуд аст, ки бо тамоми шароити муосири таълим таъмин мебошанд. Дар қисмати таҳхона амбори донишгоҳ ҷойгир шудааст.
Соли 2019 дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, донишҷӯёни факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Неъматова Майрамбӣ аз фанни ҳуқуқ ҷои дуюм ва Имомёрбеков Шайдо аз фанни сиёсатшиносӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд, ки ин аз маҳсули заҳмати касбии устодони факултет шаҳодат медиҳад.
Муваффақияти назарраси факултети навтаъсисро таъмини кадрҳои баландихтисос, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб ка рда шудаанд, ташкил медиҳад. Вазифаи роҳбарии факултет ба зиммаи Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, ҷонишини декан оид ба таълим ба зиммаи Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад ва вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ба зиммаи Ҷалилов Маҳмадулло Шамсуллоевич, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия бошад, ба зиммаи Ибрагимов Садриддин Нуриддинович вогузор карда шудааст. Вазифаи бақайдгирандаи МБМ-ро дар факултет омӯзгор Ҷурахонов Икромиддин Исломиддинович иҷро менамояд.
Дар вазифаи эдвайзери факултет Ҷонмаҳмадов Носир ва дар вазифаи коргузори факултет Мусоев Азим таъин гардидаанд. Ҳоло дар назди факултети сиёсат ва идораи давлатӣ се кафедра, – кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ амал менамояд.
Декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қодирзода Бахтиёр Бобомурод номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
*ҚОДИРЗОДА Бахтиёр Бобомурод
*Аз 21-феврали соли 2022 дар вазифаи декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” кор мекунад.
*Соли таваллуд: 3 июни соли 1987
*Ҷои таваллуд: ноҳияи Данѓара
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*Таҳсилот: соли 2010 Донишгоҳи милии Тоҷикистон (рўзона)-ро хатм
кардааст.
*Ихтисос: ҳуқуқшинос
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луѓат
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3-фарзанд
*Суроѓа: ш. Бохтар кучаи Борбад- 7, ҳуҷраи 55
*Телефон: 904 .08 .05. 17
*Кор ва фаъолияти собиқа:
*Соли 2005 -2010 |
Донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
*Соли 2010 -2012 |
Нозири шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон |
*Соли 2012-2013 |
Омўзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
*Соли 2013-2014 |
Ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
*Соли 2014-2017 |
Ҷонишини декан оид ба таълими факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
*Соли 2017-2020 |
Ҷонишини декан оид ба таълими факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
*Соли 2020-2021 |
Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” |
*Соли 01. 09. 202121.02.2022 |
Муовини мудири маркази таҳсилоти фосилавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” |
*Аз 21. 02. 2022 то ҳол |
Декани факултетети сиёсат ва идораи давлатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” |