ОЙМАТОВА Ҳоҷармо Холмуродовна

Декани факултаи физика

  +(992) 93-591-23-61
  ddb.mi-06@mail.ru

Факултети физика

Факултети физика ҳамсоли донишгоҳ буда, соли 1978 бо номи ҳозирааш арзи вуҷуд намуда буд.
Дар назди факултет 2 кафедра амал мекунад.
1.Кафедраи методикаи таълими физика
Кафедраи методикаи таълими физика аз соли 2017 инҷониб ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият менамояд. Дар кафедраи номбурда 14 нафар устодони доимӣ кор мекунанд, ки аз инҳо 2 нафар узви вобастаи АИП, 3 нафар номзади илм, дотсент, 5 нафар саромӯзгор ва боқимонда омӯзгорони ботаҷриба мебошанд.

2. Кафедраи физикаи умумӣ.
Кафедраи физикаи умумӣ ҳамсоли факулта буда, дар он 6 нафар номзади илм, 3 нафар омӯзгорони ботаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.
Дар факулта зиёда аз 33 нафар ҳайати омӯзгорони ботаҷриба кор ва фаъолият доранд, ки аз онҳо 2 нафарашон докторони илм, профессор, 10 нафарашон номзадҳои илм ва зиёда аз 6 нафарашон саромӯзгорон мабошанд.

Факултет аз рӯи 4 ихтисос
-физика(Фаъолияти илмию педагогӣ),
физика-информатика,
физика-астрономия,
физика -математика мутахассис тайёр менамояд.

Дар солҳои мавҷудияти факултет кафедраҳои он баҳри мустаҳкам намудани пойгоҳи илмию методӣ, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам бо дигар кафедраҳои макотиби олии кишвар алоқаи қавӣ барқарор кардааст.