АШӮРОВ Наимҷон Амонқулович

декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар

  +(992) 93-408-82-82
  ddb.mi-10@mail.ru

                 Факултаи химия ва биология

Факултаи химия ва биология моҳи августи соли 1993 ҳамчун факултаи тиб ба вуҷуд омад. Ногуфта намонад, ки дар факултаи тиб ду шуъба –шуъбаҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ амал мекард ва теъдоди донишҷӯён 100 нафарро ташкил медоданд. Факулта як кафедра бо номи кафедраи умумитиббӣ дошт.
Моҳи сентябри соли 1994 дар назди факулта шуъбаи кимиё кушода шуд. Аз 30 декабри соли 1994 кафедраи умумитиббӣ ба ду кафедра тақсим шуд:
1. Кафедраи кимиё ва биологияи тиббӣ
2. Кафедраи морфология ва физиологияи одам.

Аз 1 сентябри соли 1995 бо интиқол додани шуъбаи тиб ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо фармони № 103 – ФА фаъолияти кафедраи морфология ва физиологияи одам қатъ гардида, дар асоси шуъбаи кимиё факултаи кимиё таъсис ёфт. Ҳамон сол дар ду шуъбаи факулта 144 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд.
Аз 30 майи 1996 бо фармони № 55-ФА кафедраи биологияи умумӣ бо кафедраи кимиё якҷоя карда шуд ва минбаъд он бо номи кафедраи кимиё ва биологияи умумӣ ёд мешуд. Дар ин соли таҳсил теъдоди муҳассилин бештар аз 200 нафарро ташкил медод.

Дар соли 2003 дар факулта 35 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул буданд, ки аз инҳо 2 нафар доктори илм, шаш нафар номзадҳои илм, дотсентон, 10 нафар омӯзгорон, 3 нафар ёварон ва 7 нафар кормандони ёрирасон кор мекарданд. Аз инҳо синни 21-30-сола- 9 нафар, 31-40-сола- 10 нафар, 41-50-сола-6 нафар ва 51-60-сола- 10 нафарро ташкил медоданд.
Имрӯзҳо аксарияти хатмкардагони факулта дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекунанд.
Факултаи химия ва биология на танҳо дар тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмидор дар донишгоҳ пешдаст аст, балки дар ташкили нишастҳои илмӣ низ пештози дигар факултаҳост.
Дар таърихи 01.03.2005 кафедраи экология бо АДТ бо қарори Шӯрои олимони ДДҚ ба номи Носири Хусрав таъсис дода шудааст.

Дар давоми фаъолияташ кафедра тавонист бо Пажӯҳишгоҳи захираҳои об, ҳидроэнергетика ва экология, зоология ва паразитологияи АФ Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии ш. Саратови Русия алоқаи илмӣ пайдо кунад.
Дар пешрафти факултаи химия ва биология саҳми кафедраи химияи умумӣ хеле бузург аст.
Ҳоло факулта дорои 16 синфхонаи дарсӣ, 4 лабораторияи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 5 кафедра, 7 кабинети корӣ мебошад. Айни замон дар факулта 876 нафар донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос- химия ва биология, биология – экология, география ва демография, биохимияи тиббӣ, химияи татбиқӣ таҳсил мекунанд.
Таҳсил дар факулта дар ду шакл –анъанавӣ ва кредитӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар факулта 52 нафар устодону кормандон кору фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 1 нафар профессор,14 нафар дотсентон ва номзадҳои илм, 9 нафар саромӯзгор, 13 нафар аспирантон ва шумораи боқимондаро омӯзгорону кормандони техникӣ ташкил медиҳанд.
Аз байни устодони факулта 2 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи медали «Хизмати шоиста», 6 нафар Аълочии маорифи ҶТ, 3 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Дар факулта аз рӯи ихтисосҳои химия, биология ва география шуъбаи магистратура фаъолият менамояд.
Дар айни ҳол дар факулта панҷ кафедра -химияи умумӣ, биологияи умумӣ, экологияи умумӣ, география ва кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ фаъолият менамояд.
Дар кафедраи химияи умумӣ 8 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 4 нафар дотсентон ба кори таълиму тарбия машғуланд.

Дар кафедраи биологияи умумӣ бошад 14 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 4 нафарашон дотсентон мебошанд.
Кафедраи география-экология 17 нафар устодонро муттаҳид менамояд, ки аз ҷумлаи онҳо 1 нафар дотсент ва 2 нафарашон номзадҳои илм мебошанд.
Дар кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ 9 нафар омӯзгорон ба тадрис машғуланд, ки аз шумори онҳо як нафар доктори илм ва 2 нафар дотсентон мебошанд.
Кафедраҳои факулта бо кафедраҳои ҳамноми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он равобити зичи илмӣ доранд.

Аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии Тоикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо ташаббус ва дастгирии раёсати донишгоҳ дар назди факулта се озмоишгоҳ: як озмоишгоҳи илмӣ – таҳқиқотӣ ва ду озмоишгоҳи муҷаҳази таълимӣ сохта шуда аст. Ин озмоишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотӣ пурра мавриди истифода қарор гирифта, дар он аспирантон ва магистрон ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Илова бар ин, дар назди факулта бунёди қитъаи илмӣ – таҷрибавӣ барои мутахассисони шуъбаи биология ҷудо шудааст, ки он ба донишҷӯён барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ кӯмаки калон хоҳад мерасонад.
Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ дар заминаи кафедраи кимиёи умумӣ ва биологияи умумии факултаи химия ва биология 1 майи соли 2002 ташкил ёфтааст. Кафедра 5 аъзо дошт.
Ҳоло кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ дорои базаи лозимӣ ( лаборатория, асбобу анҷомҳо, адабиёт ва дигарон) буда, инчунин омӯзгорони кафедра аз лабораторияҳои мавҷудаи факулта ва донишгоҳ пурра истифода мебаранд. Бо ёрии омӯзгорон ва донишҷӯён муляжҳо, коллексияҳо, макетҳо, ҷадвалҳо ва дигар таҷҳизоти лозимӣ тайёр карда шудаанд. Дар чор соли охир аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва чор монография «Ташкилёбӣ ва фаъолияти мактабҳои нав», «Масъалаҳои демографӣ ва танзими оила ҳамчун масъалаи иҷтимоӣ- педагогӣ», «Таърихи маорифи вилояти Хатлон», «Кори беруназсинфӣ ва шахсият» ва дигарон ба табъ расидаанд. Омӯзгорони кафедра ҳоло китоби дарсии «Асосҳои методикаи таълими химия»-ро ба забони давлатӣ ба нашр тайёр кардаанд. Ба корҳои илмии омӯзгорон ва донишҷӯён аҳамияти хоса дода мешавад. Ҳамаи омӯзгорони кафедра дар кори конференсияи илмии донишгоҳ иштирок карда, бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Инчунин ба корҳои илмии донишҷӯён роҳбарӣ менамоянд. Дар назди кафедра маҳфилҳои «Химики ҷавон» ва «Биологи ҷавон» амал карда, ҳар кадом 25-27 аъзо доранд.

Махсусан ба интихоби мавзӯъҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, бештар ба он кӯшида мешавад, ки мавзӯъҳо замонавӣ ва дар оянда кори илмӣ шуда тавонанд. Дар донишҷӯён малакаю маҳорати бо адабиёт кор кардан, фикри худро равшан баён карда тавонистан ва хулосабарорӣ тарбия карда мешавад. Ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра аҳамияти зарурӣ дода мешавад.
Омӯзгорони кафедра онро дарк мекунанд, ки таҷрибаи омӯзгорӣ дар ҳаёти муаллимони оянда нақши бузург мебозад. Бинобар барои гузаронидани он тайёрии лозимӣ дида, натиҷаи таҷрибаомӯзӣ дар конференсияи донишҷӯён ҷамъбаст карда мешавад.
Дар пешрафти факулта саҳми собиқ мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ, доктори фанҳои педагогӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Холназаров Санг назаррас аст. Холназаров С. соҳиби нишонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҳукумати Шӯравӣ буда, барои хизматҳояш бо медали «Барои меҳнати шоён» ва унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шудааст.
Мо боварӣ дорем, ки факултаи химия ва биологияро саҳифаҳои дурахшон дар пеш аст, зеро ояндаи ҷомеа ба инкишофи химия сахт марбут мебошад.