Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ мебошад.

Қайд намудан лозим аст, ки яке аз омилҳои асосии рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ин тарбияи кадрҳои баландихтисосу ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Такмили касб, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, аспирантон ва магистрони донишгоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии раёсати донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ маҳсуб ёфта он дар асоси созишномаҳои тарафайн ва тавассути лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмии дигар донишгоҳою ташкилотҳо амалӣ мегарданд, ки дар сафарҳои хизматӣ устодон, омӯзгорони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯён бо усули муосири таълиму тарбия, таҷҳизоти илмӣ ва истифодаи усули таълимии навин шинос шуда онро дар фаъолияти илмиву омӯзгории худ истифода ва мавриди омӯзиши дигарон қарор медиҳанд.

         Ҳамкорї бо муассисањои тањсилоти олии касбї, муассисањои илмї-тањќиќотї ва созмонњои байналмилалї аз самтњои афзалиятноки фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба шумор меравад. Роњандозии њамкорињои гуногу­нсамти илмиву тањсилотї миёни ДДБ ба номи Н.Хусрав  ва донишгоњу марказњои илмӣ, сафоратхонаҳои хориҷии ҳудудӣ кишварамон ва созмонҳои далати ва ғайри давлатӣ кишварњои хориљї чун њамешагї дар мењвари таваљљўњи раёсати донишгоњ ќарор дошта, кўшиш ба харљ дода шудаистодаст, ки ин њамкорињо густариш  ёбанд.            Њудуд ва доираи њамкорињои берунмарзии донишгоњ васеъ гардида, њамкорињо бо кишварњо ва нињодњои нав ба роњ монда мешаванд. Айни њол донишгоњ бо зиёда аз 20  муассисањои тањсилоти олии касбї, муассисањои илмї-тањќиќотии кишварњои хориљї ва созмонњои байналмилалї шартнома ва ќарордоди њамкорї оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, навистани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад. Яке аз бахшњои фаъолияти ќисмати робитањои байналмилалии донишгоњ ин тањкими њамкорињо дар доираи созишномањои ќаблан ва њамчунин дар соли њисоботї ба тавсибрасида мебошад.