Рамзи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 112 сабт гардидааст.

Донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳками моддӣ-таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмӣ-омӯзгорӣ ва тадқиқотию инноватсионӣ мебошад.

Дар донишгоҳ парки технологӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд.

Донишгоҳ бо зиёда аз 40 муассисаи тазӯҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд ва донишҷӯён  дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои байналилалӣ имконияти васеи таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, Россия ва Осиёро доранд.

Дар 5 соли охир беш аз 20 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ғолиб ва ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардидаанд.

Хатмкунандагони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар вазифаҳои роҳбарӣ ва масъулиятнок фаъолият доранд.

Дар донишгоҳ фаъолияти тарбиявӣ – фарҳангӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Дастаи донишҷӯёни ҳаваскори донишгоҳ бо номи “Леваканд” зиёда аз 10 сол боз дар озмуни ҷумҳуриявии “Маҳфили зарифон” ба ҳайси ғолибони озмун пазируфта шудааст.

Маҷмааи варзишии донишгоҳ дар баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ шароити мусоидфароҳам меоварад, ки донишҷӯён ба тарзи ҳаёти солим фаро гирифта мешаванд.