Дилором Давлатова 25-уми феврали соли 1972 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Соли 1989 мактаби миёнаро хатм кардааст. Соли 1989 ба шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда онро соли 1994 хатм кардааст.
Аз соли 1994-2005 дар мактаби миёнаи умумии №8-и ноҳияи Панҷ дар вазифаи омӯзгори фанҳои химия-биология кор намудааст. Аз соли 2005- 9-уми сентябри соли 2021 дар кафедраи геоэкологияи факултети химия-биология донишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2021 ба тариқи гузариш дар вазифаи раиси бонувони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардидааст.
Гуфта мешавад, ки Дилором Давлатова таҳти роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Ниёзмухамедова М.Б дар мавзӯи “Хусусиятҳои физиологӣ, биохимиявӣ ва экологии растаниҳо дар шароити “Бешаи палангон” корҳои илмии таҳқиқоти бурда истодааст.
Аз ин рӯ ба муаллимаи азиз дар пешбурди масъулиятҳои нав барору комёбии беназирро таманно дорем.