Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Қайд намудан зарур аст, ки Паёми Пешвои миллат дар марҳилае пешниҳод гардид, ки халқи шарафманди кишварамон барои сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.

 

Хушбахтона, сокинони мамлакат, хоса соҳибкорон ҳидояту роҳнамоиҳои сарвари давлатро дастгириву пуштибонӣ намуда, дар таҳкиму тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузорӣ намуда истодааанд. Дар Паём зикр гардид, ки: «Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд. Бо истифода аз фурсат, ба хурду бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳибкорону шахсони саховатманд барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ баён менамоям».

 

Дарвоқеъ, маҳз бо дастгириву кумаки Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони ватандӯст симои шаҳру ноҳияҳо бо бунёд гардидани иншооти таиноташон гуногун тағйир ёфта истодааст. Бояд зикр намуд, ки ҳоло чунин ташаббусҳо идома доранд. Дар ин хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст». Ҳамзамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

 

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат, аз ҷумла дар Паёми имсола баррасӣ гардид, боло бурдани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллии наврасону ҷавонон мебошад. Дар ин замина дар факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои зиёди илмиву фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

 

Саъдулло ҲАКИМОВ,

ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар факултети филологияи тоҷик