Чуноне, ки пештар иттилоъ дода будем рӯзҳои 5 -6- уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт.
Нахуст иқтидори таълимӣ ва илмии Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус аз ҷониби ректори он Вадим Богуш ба ҳайати ҷониби Тоҷикистон, ки онро вазири маориф ва илми кишвар, профессор Саидзода Раҳимҷон Ҳамро роҳбарӣ менамуд, манзур карда шуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии Форум вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз сафари расмии соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои муваффақонаи кишварҳо, тавофуқоти мутақобилан судманд дар соҳаҳои маориф, илм ва сиёсати ҷавононро маҳз самараи мулоқоту хидматҳои сарони кишварҳо арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар ҷараёни форум таҳияи Комплекси илмию таълимии Беларусу Тоҷикистон дар назар буда, имконияти дар Беларус кушодани Маркази омӯзиши фарҳанг ва забони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Нимаи дуюми рӯз дар Донишгоҳи миллии техникии Белорус ҷаласаи бахши якуми Форум таҳти унвони «Рушди зарфияти таҳсилоти инноватсионӣ» доир гардид..
Дар ҷаласаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро, инчунин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муминҷон Машокир намояндагӣ менамуданд.
Ҳозирин масъалаҳои омодасозии салоҳиятноки мутахассисони рақобатпазир, зарфияти илмӣ-инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти оли касбиро матраҳ карда, оид ба методҳои муосири ҳалли мушкилоти соҳаҳои илму маориф табодули андеша намуданд. Ҳамчунин, нақшаҳои марбут ба лоиҳаҳои минбаъдаи муштараки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳо, аз ҷумла табодули академӣ, табодули технологияҳои таълим, таҷрибаи омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар доираи Форум Ёддошти тафоҳум ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2023-2026 ба имзо расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Беларус, бахусус дар соҳаҳои гуманитарӣ рушди босуръат касб намуда, дар соҳаи маориф заминаи кофии меъёрию ҳуқуқии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташаккул ёфтааст. Дар ин замина, як қатор созишномаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ, аз ҷумла миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳо зиёда аз 100 созишномаи мустақими дуҷониба ба тасвиб расидааст.