Шодиён  Муҳаммад Султонзода (то 1.01.2018 Шодиев Маҳмад Султонович) 28  феврали  соли  1965  дар  деҳаи  Гирдоби  деҳшӯрои  Себистони  ноҳияи  Данғара  дар  оилаи  кишоварз  таваллуд  шудааст. Соли  1982  баъди  хатми  мактаби  миёнаи  таҳсилоти  умумии  рақами 14,  шаҳри  Норак  ба  факултети  математикаи  шуъбаи  (филиали)  қӯрғонтеппагии  Донишгоҳи  давлатии  Душанбе  ба  номи  Т.Г. Шевченко (ҳоло  ДДОТ  ба  номи  С. Айнӣ)  бо  ихтисоси  математика – физика  дохил  шуда, соли 1989  таълимгоҳи  номбурдаро  бомуваффақият  ба  итмом  мерасонад. Дар ин  миён  тӯли  солҳои  1984 – 1986  хизмати  ҳарбиро  дар  ҳайати  қушунҳои  хушкигарди  округи  ҳарбии  Киеви  Ҷумҳурии  Украина  адо  менамояд.  Дар  давоми  хизмат  дар  ҳайати  артиш  бо  медали  «Барои  хизмати  шоёни  ҳарбӣ» (соли 1986)  қадршиносӣ  шудааст.

       Баъди  хатми  таълимгоҳ  ҳамчун  мутахассиси  болаёқату  ташкилотчии  моҳир  бо  роҳхати  Вазорати  маорифи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  кафедраи  геометрия  ва  усули  таълими  математикаи  донишкада  ба  ҳайси  омӯзгор  мононда  мешавад.  Бо  мақсади  такмили  дониш  ва  идомаи  корҳои  илмӣ  моҳи  январи  соли  1994  ба  коромӯзии  яксола  ба  кафедраи  муодилаҳои  дифференсиалӣ  ва  таҳлили  функсионалии  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  фиристода мешавад  ва  баъдан  ба  шуъбаи  рӯзонаи  аспирантураи  Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории  Тоҷикистон   дохил  шуда,  корҳои  илмиашро  таҳти  роҳбарии  яке  аз  олимони  намоёни  ҷумҳурӣ,  академики  Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Камолиддин  Бойматов  ривоҷ  медиҳад.  Баъди  хатми  аспирантура  ба  кафедраи  алгебра  ва  геометрияи  Донишгоҳи  давлатии  Қӯрғонтеппа  ба  номи  Носири  Хусрав  баргашта,  корро  ба  ҳайси  омӯзгор  идома  медиҳад. 24  ноябри  соли  2000  рисолаи  номзадиашро  дар  мавзӯи  «Ҷудошавандагии  операторҳои  Штурм – Лиувил  ва  Шрёдингер  дар  фазои  векторфунксияҳои  бо  вазн  интегронидашаванда»  дифоъ  намуда,  ба  дарёфти  дараҷаи  номзади  илмҳои  физика – математика  мушарраф  мегардад.

       Моҳи  январи  соли  2005  ба  вазифаи  декани  факултаи  математика  ва  технология  таъин  гардида, аз  моҳи  феврали  соли  2008  ба  мансаби  директори  маркази  компутерӣ  гузаронида  мешавад.  Маҳорати  роҳбарӣ  ва  кордониашро  ба  ҳисоб  гирифта, охири  соли  2008  ба  вазифаи  ноиби  ректор  оид  ба  иқтисод  таъин  мегардад. Солҳои  2009-2012 дар  вазифаи  директори  маркази  таҳсилоти  ғоибона  кор  кардааст. Аз  моҳи  майи  соли  2012 то  23 январ соли 2020  дар  мансаби  ректори  Донишгоҳи  давлатии  Қӯрғонтеппа  (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2018, № 362 Донишгоҳи давлатии Бохтар)  ба  номи  Носири  Хусрав  адои  вазифа  намудааст.

         Шодиён М.С. 27 апрели соли 2016 дар мавзӯи “Тарбияи ахлоқии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши таърих ва методикаи таълими математика дар партави ғояҳои донишмандони асримиёнагии форсу тоҷик” таҳти машварати президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаву математика, академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳимӣ Фарҳод Қодир аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – методикаи таълими математика рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ мушарраф мегардад. Аз соли 2019 бо қарори КОА-и Тоҷикистон  соҳиби шаҳодатномаи унвони илмии профессор мегардад. Таҳти роҳбарии Шодиён М.С. се нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, як нафар шогирдаш аз пешдифоъ гузаштааст ва ду нафар дар арафаи дифои рисолаҳои номзадианд.      

            Шодиён  М.С.  муаллифи  панҷ  китоби  дарсӣ,  20  адад  дастуру  васоити  таълимӣ  ва  зиёда  аз  100 адад мақолаҳои  илмӣ  ва  илмӣ – методӣ  мебошад. Барои  хизмати  шоиста  ва  саҳми  арзандааш  дар  таълиму  тарбияи  ҷавонон  бо  медали  «20 – солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» (2011), нишонҳои  «Аълочии  маорифи  Тоҷикистон» (2003), “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Ифтихорнома»-и  Раёсати  ҲХДТ,  «Ифтихорнома»-и    Академияи  фанҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  «Ифтихорнома»-и  Вазорати  маориф ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қадршиносӣ  шудааст. 

                                  Маълумот  оид ба фаъолияти роҳбарии Шодиён М.С.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби олӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки   Сарвари давлат дар тӯли ҳафт соли роҳбариаш ҳадафҳои дар Барномаи пешазинтихоботиаш ироашударо бо сарбаландӣ иҷро намуд. Шодиён  М.С. низ ба ҳайси узви фаъоли ҲХДТ,  узви раёсати ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои амалӣ намудани ормонҳои ҲХДТ аз  рӯзҳои  аввали  вазифаи  роҳбарии  донишгоҳро  ба  уҳдааш  гузоштан (моҳи майи соли 2012) низоми  корро  ба  таври  куллӣ  дигаргун  сохт.  Дар  сохторҳои  роҳбарикунандаи  донишгоҳ  ислоҳоти  кадриро  роҳандозӣ намуда,  тамоми  кӯшишу  ғайрати  ҳайати  профессорон  ва  устодонро  барои  самаранокии  низоми  таълиму  тарбия  ва  илм  равона  намуд.  Дар  як  муддати  кӯтоҳ   муносибати  ҳайати  устодон  ва  кормандони  донишгоҳ  ба  кор  ва  донишҷӯён  ба  таҳсил  дигаргун  гардида,  тадриҷан  донишгоҳ  ба  сафи  муассисаҳои  пешқадами  таҳсилоти  олии  касбии  ҷумҳурӣ  ворид  гардид.  Маоши  кормандон  дар  ин  муддат аз  ҳисоби  маблағҳои  шартномавӣ ба пешқадамтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ баробар гардид,  суратҳисоби  донишгоҳ  ба маротиб  рӯ  ба  зиёдӣ  овард.  Ҳукумати  электронӣ  дар  донишгоҳ  пурра  роҳандозӣ  гардид: тамоми  сохторҳо  бо  компутер,  дастгоҳҳои  чопкунӣ  ва  нусхаафзоӣ  таъмин карда  шуда, ба  60  нуқтаи  интернет  пайваст  карда  шуданд.  Дар  донишгоҳ  кулли  озмоишгоҳҳо  таҷдиди  назар  шуда,  синфхонаи  лингофонӣ,  студияи  хурди  сабт,  парки  технологӣ  ба  кор  оғоз  намуданд. Ҳамчунин  китобхонаи электронӣ  таъсис  ёфта, дар  қатори  бинои  асосӣ  факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ ба  интернети  бесим  пайваст  гардид. Дар  аксарияти дарсхонаҳои  факултетҳо тахтаҳои  электронӣ ва пректорҳо насб  карда  шуда,  бо  таҷҳизоти  хониш  факултетҳо  ва  сохторҳои  умумидонишгоҳӣ пурра таъмин  карда  шуданд.  Маҳз  бо  кӯшишу  ғайрати  роҳбари  донишгоҳ  барномаи  давлатии  гузариш  ба  низоми  кредитии  таҳсилот  пурра роҳандозӣ  гардид. Теъдоди кафедраҳо аз 32 ба 46 адад, факултетҳо аз 8 ба 13 адад ва ихтисосҳо аз  26  то ба 65 адад расид.

Бо кӯшишҳои бесобиқаи Шодиён М.С. дар назди донишгоҳ ду шӯрои диссертатсионӣ – 6D.КОА-035 барои дарёфти дараҷаи номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.02.-Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими фанҳои математика, физика ва информатика  ва 60020300. – Таърихи илм ва техника таъсис ёфт. Ҳамчунин дар донишгоҳ шуъбаҳои магистратура ва докторантура PhD-ро кушод, ки онҳо  дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ  ниҳодҳои асосӣ ба шумор мераванд. Ин буд, ки танҳо соли 2019 29 нафар унвонҷӯёни донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуданд.

Бо тавсияи  Шодиён М.С. ҳамасола дар донишгоҳ лоиҳаҳои мавзӯъҳои фармоишӣ роҳандозӣ мегарданд ва соли ҷорӣ дар донишгоҳ  се мавзӯи фармоишӣ амал менамояд, ки роҳбарии лоиҳаи мавзӯи фармоишии “Такмили   усули таълими фанҳои математика ва информатика дар низоми таҳсили кредитии мактабҳои олӣ”-ро профессор Шодиён М.С. ба уҳда доранд.

        Дар тӯли ректории Шодиён М.С. бештар аз 10 нафар ба мукофотҳои давлатӣ ва зиёда аз 100 нафар ба ҷоизаҳои соҳавӣ сазовор гардиданд. Барои дастовардҳои назаррас танҳо дар соли 2014 се нафар профессорони донишгоҳ бо унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ордени “Шараф” дараҷаи 2-юм мушарраф гардиданд, ки ин дар таърихи вилоят рӯйдоди нодир буд.

Бо ташаббуси Шодиён М.С. нашрияи донишгоҳии «Фурӯғ» аз моҳнома ба ҳафтанома табдил ёфта, теъдоди нашри он ба зиёда аз 10 ҳазор нусха расонида шуд. Ҳамчунин дар тӯли роҳбарии номбурда маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъсис ёфта, он ба феҳрасти маҷаллаҳои тақризшавандаи ВАК-и Россия ва Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон ворид гардид, ки аз рӯйи се силсила (ҳар кадоме бо теъдоди 500 нусха) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба табъ мерасанд. Баъди таъсис додани маҷаллаи илмии мазкур муҳаққиқон,  аспирантону олимони донишгоҳ имконияти беҳтари нашри корҳои илмии худро пайдо намуданд.

           Дар  тӯли  роҳбарии  Шодиён  М.С.  симои  донишгоҳ  ба  куллӣ  дигаргун  гардид.  Бинои  асосӣ ва кулли биноҳои таълимии донишгоҳ хушсифат таъмир шуданд. Бо мақсади такмили инфрасохтори мавҷуда дар се соли охир дар донишгоҳ се бинои таълимии чорошёна ҳар яке бо маблағи бештар аз панҷ миллион сомонӣ ва дорои зиёда аз 700 ҷойи нишаст дар як баст ва маҷмааи варзишӣ ба маблағи сеюним миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, гирду атрофи ҳудуди донишгоҳ воқеъ дар бинои асосӣ ва кӯчаи Дӯстии халқҳо девор бардошта шуда, панҷарабандӣ гардид, роҳравҳо сафолакпӯш шуданд, тирезаҳои пластикӣ дар биноҳои таълимӣ насб шуданд, роҳравҳо дар назди бинои факултети техникӣ ва технологӣ бетонрезӣ шуданд, студия барои ихтисоси рӯзноманигорӣ воқеъ дар бинои телевизиони “Хатлон” ба истифода дода шуд, бинои асосӣ, хобгоҳи донишҷӯён таъмир шуданд. Ҳамаи корҳои сохтмонии дар боло номбаршуда ва маблағҳо танҳо аз суратҳисоби донишгоҳ сарф шуданд. Ҳоло бошад, корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар донишгоҳро ректор идома дод, ки ин аз сохтмони иншоотҳои ёрирасон, корҳои азнавсозӣ дар кохи фарҳангии донишгоҳ, равшангардонии ҳавлиҳои донишгоҳ иборат аст.

        Ҳамин раванди ободкорию созандагиҳо дар донишгоҳ буд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳуриро ҷалб намуд ва соли 2019 дар  рӯзҳои баргузории иди байналмилалии Наврӯз Сарвари давлат ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба донишгоҳ ташриф оварда, бо қудуми мубораки худ онро нурборон намуданд ва бевосита дар маросими ба истифода додани бинои таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ  иштирок намуда, парда аз рӯйи лавҳасанги хотиравӣ бардоштанд. Ҳамчунин дар маросими кушодашавии маҷмааи варзишии донишгоҳ суханронӣ намуда, аз  фаъолияти созандагиву ободкориҳо дар донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тӯли фаъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст”. Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии кормандони донишгоҳ таъсири амиқу хотирмон бахшида, ҳамагонро барои иҷрои корҳои наҷиб дар самтҳои таълиму тарбия ва илм рӯҳбаланд намуд. Бо ташаббуси Шодиён М.С кори бузург- сохтмони бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав  оғоз гардидааст, ки санги асоси он аз тарафи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода воқеъ дар мавзеи коллеҷи омӯзгории донишгоҳ гузошта шуда буд. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқшуда ин иншоот аз як бинои 11- ошёна ва ду бинои 7- ошёна ба нақша гирифта шуда, маблағи ин иншоот қариб сад миллион сомониро ташкил медиҳад.

            Шодиён М.С. ба он муваффақ шуд, ки робитаҳо бо хориҷи кишвар  хеле хуб барқарор гардид. Ин аст, ки айни замон дар донишгоҳ 97 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона ва 122 нафар дар шуъбаи ғоибона аз хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.                                                                       Шодиён  М.С.  дар  байни  ҳайати кормандони  донишгоҳ  обрӯ  ва  эътибори  хоса  дорад,  зеро  вай  тавонист,  ки  аз ҳама муҳимаш дар  муддати  кӯтоҳ  як  коллективи  тинҷу  тифоқ  ва муттаҳидро  ташкил  намояд.

 

                            

Шодиён М.С. дар қатори роҳбари кордон, олими пуртаҷриба, устоди поксиришту серталаб будан аз ҷиҳати  сиёсӣ  устувор  буда,  мунтазам  бо  гузоришу  маърӯзаҳои  пурмуҳтаво  тавассути  ВАО баромад намуда, фаъолияти баланди ҷамъиятӣ зоҳир менамояд. Шодиён М.С. аз  соли  2003  узви  ҲХДТ  ва  узви  Раёсати  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  мебошад.

Ӯ пайваста  дар маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар фаъолона ширкат меварзад ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  кишвар,Ҷаноби  Олӣ,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро  дастгириву тарғиб намуда, дар байни аҳолии вилояти Хатлон, махсусан донишҷӯёну хонандагони мактабҳои миёнаю ҳамагонӣ  оид ба  давлатдории тоҷикон, масъалаҳои ахлоқ ва одоби ҷавонон, ваҳдат, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ гузоришу суҳбатҳо меорояд. Мақолаҳояш пайваста дар саҳифаҳои нашрияҳои ҷумҳуриявии “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ” ва нашрияи вилоятии ҲХДТ – “Ҳамрози халқ” интишор мешаванд. Ин аст, ки ду маротиба вакили анҷумани ҲХДТ интихоб гардида,  бо мукофоти олии ҲХДТ- «Ифтихорнома»-и  Раёсати  ҲХДТ  қадршиносӣ  шудааст.  Ҳамчунин мавсуф дар даъвати қаблӣ   вакили  Маҷлиси  вакилони  халқи  вилояти  Хатлон  аз  ҳавзаи  интихоботии Заргар, 16  (Кӯшониён)   интихоб шуда буд ва дар Маҷлиси  вакилони  халқи  вилояти  Хатлон вазифаи раиси комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи  вилояти  Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро иҷро менамуд.

Шодиён М.С. ҳамасола дар доираи нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳайси роҳбар ё узви гурӯҳи корӣ сафарбар гардида, дар миёни аҳолӣ сиёсати  дохилию  хориҷии  давлат  ва  Президенти  мамлакатро  дастгирию тарғибу ташвиқ менамояд, балки бо мақсади мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва бозгӯи нуктаҳои асосии Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар низ ба сафари хидматӣ фиристода мешавад.

         Бинобар ин, барномаи пешазинтихоботии  Шодиён  Муҳаммад  Султонзода  як  ҷузъи  барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ  маҳсуб  меёбад,  ки  ҳадафҳои  онро  амалӣ  менамояд.