ГАДОЗОДА Абдукибор (тав. 10.01.1941, д. Зардахами ноҳ. Балҷувон) Хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кулоб (1957-1960) ва факултети таърихи ДДТ ба номи В. И. Ленин (1961-1966), номзади илмҳои таърих (1972), доктори илмҳои таърих (1992), профессор. Омӯзгори каф. таърихи КПСС ва иқтисодӣ сиёсии Институти давлатии тибии Тоҷикистон (1966-1968), аспиранти ДДТ (1968-1971), муаллими калони каф. таърихи КПСС-и ДДТТ (1971-1976), докторанти ДДП Маскав (1986-1988), дотсент (1988-1993) ва мудири кафедраи таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва асосҳои назарияи иқтисодии ДДТТ (1993-1996), мудири кафедраи илмҳои ҷомеашиносии ДСРТ (1996-1998), декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2001-2007), мудири кафедраи таърихи умумӣ (2007-2008), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДБ (2008-2012). Аз соли 2012 проф. кафедраи таърих ва ҳуқуқи ҳамин донишгоҳ. Муалифи ду монография, 3 дастур, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-оммавӣ. “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (1999), “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2000). Профессор Гадозода А. Дар вақти корӣ ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва як қатор аз кишварҳои дигар сафарҳои таърихӣ намудааст. Хизматҳои профессор Гадозода А. Дар соҳаи омӯзиши таърихи кишвар арзиши баланд дорад. Аз ҷумла устод дар мавриди кишваршиносӣ, таърихнигории таърихи ватан мақолаҳои зиёди илмию омавӣ аз нашр баровардааст. Дар тарғибу ташфиқи асарҳои таърихии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Чеҳраҳои мондагор” ва “Уфуқҳои истиқлол” миёни донишҷӯёну омӯзгорон пайваста талош доранд. Ҳамчунин дар тарғиби Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар миёни аҳли ҷамоатчигии кишвар профессор Гадозода А. Саҳми босазо дорад. Ин аст, ки бо қадрдони аз хизматҳои таърихии устод, ӯ  бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2012) сарфароз гардидааст.