ДАВЛАТЗОДА Сайфиддин Хайриддин 25-уми сентябри соли 1970 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1988 дар идораи савдои шаҳри Норак ба ҳайси борбардор фаъолияти  худро оғоз намудааст.

         Солҳои 1988-1990 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ хизмат кардааст.

         Соли 1991 дар мактаби миёнаи рақами 51-и ноҳияи Данғара ба ҳайси сарпешоҳанг кор карда, соли 1991 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Душанбе ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев (ҳозира ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1996 факултети мазкурро хатм намудааст.

         Солҳои 1996-1998 ба ҳайси ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

         Солҳои 1998-2000 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ботаникаи АИ ҶТ таҳсил кардааст.

         Солҳои 2000-2005 омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ шуда кор кардааст. Рисолаи номзадӣ ва докториро солҳои 2005  ва 2013 дар шаҳри Новосибрскии  Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Россия дифоъ намудааст.

         Солҳои 2006-2007 дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  шуда фаъолият кардааст.

         Солҳои 2007-2009 ба ҳайси мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор кардааст.

         Солҳои  2009-2010 мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф шуда кор кардааст.

         Солҳои 2010-2014 сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм буд.

         Солҳои 2014-2015 сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм шуда кор кардааст.

         Солҳои 2015-2018 дар  вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

         Аз соли 2018 то моҳи  январи соли 2020 дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

         Бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон №45 аз 24 январи соли 2020 ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи  давлатии Бохтар  ба номи  Носири Хусрав таъин шудааст.

         Муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ, се монография, 5 барномаи таълимӣ, 4 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф (соли 2009) ва соли 2011 бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

         Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.