САТТОРОВ Абдурасул Эшбекович (тав. 18.03.1950, хоҷ. ба номи Э. Сатторови ҷамоати Нури Вахши ноҳ. Дӯстии вил. Хатлон, аз хонадони деҳқон), математик, номзади илмҳои физика-математика (1979), дотсент (1985), доктори илмҳои педагогӣ (2011), профессор (2012). Академики Академияи илмҳои педагогию иҷтимоии Федератсияи Россия (2014), «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», Корманди шоистаи Тоҷикистон (2015). Хатмкардаи факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (1971). Таҳсил дар мактаби №23-и ноҳ. Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ)-и вил. Хатлон (1956-1966). Омӯзгор, саромӯзгор ва дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1971-1993). Дар Донишгоҳи давлатии Қазон (Россия) аз рӯи ихтисоси «геометрия ва топология» таҳсил дар аспирантура1974-1978. Дар мавзӯи «Геометрияи фазоҳои векторӣ ва ковектории зичнок» (1979, Қазон, Россия) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Ақидаҳои дидактикии олимон-табиатшиносони Шарқи Наздик ва Миёнаи асрҳои IX-XVII ва истифодаи онҳо дар раванди таълими математика» (2011, Қӯрғонтеппа) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Аз соли 1993 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав–мудири кафедраи алгебра ва геометрия (1993-1997), ноиби ректор оид ба иқтисод ва таҳсили ғоибона (1997-2002), ноиби ректор оид ба илм (2002-2005), директори маркази имтиҳонгирии компютерӣ (2005-2007). Аз соли 2007 то ҳол мудири кафедраи алгебра ва геометрия. Муаллифи зиёда аз 250 номгӯ корҳои илмӣ, илмӣ-методӣ. Корҳои илмиаш дар Россия, Украина, Эстония, Полша, Чехия, Словакия ва ғ. чоп шудааст. Бо ордени «Шараф» (1999) сарфароз гардидааст.

Ос. Педагогические идеи ученых-естествоиспытателей Среднего и Ближнего Востока IX-XVII вв. – Душанбе: «Ирфон», 2009, 173 с., О методике использования достижений ученых средневекового Среднего и Ближнего Востока в процессе обучения математике. Душанбе: «Ирфон», 2010. -140с. Some problems of differential geometry of one class of spaсes of supporting elements / Arch. Math. № 4, BRNO,1983 . The inverse problems of the calculus variations for Finslet structures/ Math. Slovacia 35, 1985, №3. Асосҳои математикаи олӣ. Қисми 1. –Душанбе: «Ирфон», 2015.-470 с. Асосҳои математикаи олӣ. қисми 2. –Душанбе: «Таъминотчӣ», 2017.-291с. ва ғ.