ТАҒОЕВА Табассум Музафаровна (тав. 14.09.1976, н. Қубодиён аз хонадони зиёӣ), хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1993-1998). Аз соли 1998 то ҳол дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси забони англисӣ кор ва фаъолият мекунад. Солҳои 2000–2001 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ коромӯз-тадқиқотчӣ буда, аз соли 2001 то 2004 дар аспиратураи рӯзонаи ҳамин донишгоҳ таҳсил намудааст. 26 декабри соли 2006 дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи славянии Русия Тоҷикистон дар мавзӯи «Функсияи семантикии шумора аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ» ҳимоя намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои филологӣ гардидааст. Соли 2007 ба ҳайси мудири кафедраи назария ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ фаъолият карда, айни ҳол, мудирии кафедраи назария ва типологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба уҳда дорад.

Соли 2014 дотсент доир ба ихтисос №-562/нк-2 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федерасияи Россия тасдиқ шудааст. / Структурные модели субстантивных словосочетании с квантитативным отношением в таджикискоми английском языках/ «Вестник, научно-теоретический журнал №2 (67), 2015. Тағоева Т.М. /Библиографический указатель работ по сопоставительно-типологическому исследованию языков в республике Таджикистан/ дар саҳифаи 174. (диссертации, монографии, авторефераты, статьи, тезисы) дар маҷаллаи «Вестник, Таджикиский национальный университет» (Душанбе, 2016) чоп шудааст. Дар таърихи 11.10.2017 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Роҳҳои алоқаи шумора аз забони англисӣ ба тоҷикӣ», аз рӯи ихтисоси 10.02.20 забоншиносии муқоисаи таърихи типологияи қиёсӣ дифоъ намудааст. Монографияи ӯ бо номи «Репрезентацие колечественных отношений в системе именных частей речи и глагола» соли 2017 интишор гардидааст.

Аз соли 2000-ум то инҷониб муаллифи 3 монография ва 40 мақолаи илмӣ мебошад, ки 18-тои онҳо дар маҷаллаҳои Комиссияи олии аттестатсионии Русия ба нашр расидаанд. Мавсуф дар конференсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар мамлакатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Албания, Россия, шаҳри Санкт-Перетбург, конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ, аз ҷумла дар Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок намуда, сазовори туҳфаю сертификатҳо гардидааст.