ТАҒОЙМУРОДОВ Рустам Ҳакимович (тав. 16.06.1962, н. Балҷувони вилояти Хатлон, аз хонадони деҳқон), адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология (2015), профессор (2017), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001), узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (2005), узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон (2006). Хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1990). Солҳои 1969-1979 таҳсил дар мактаби миёна, донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб (1979-1982), шунавандаи курси тайёрии факултети филологияи УДТ ба номи В.И. Ленин (1982-1983), донишҷӯи факултети филологияи УДТ ба номи В.И. Ленин (1983-1984), хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1984-1986), донишҷӯи факултети филологияи УДТ ба номи В.И. Ленин (1986-1990), муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики макотиби миёнаи рақамҳои 1, 56, 44-и н. Вахш (1990-1993), омӯзгор, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ (ҳамзамон ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи умумидонишгоҳии «Фурӯғ»), декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1993-2007). Мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (2016-2017), аз соли 2017 то кунун профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ҳамзамон муҳаррири бахши тоҷикии маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав») мебошад.

Осор: «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (бо ҳамқаламии Қ. Абдураҳимов ва Ҳ. Муродов, 1998), «Муаммои инсон дар илми ҳикмат» (бо ҳамқаламии Н. Саидов, 1999), дафтари шеърҳо таҳти унвони «Баҳори хаёл» (1999), «Нигоҳи ноларез» (2001), дастурҳои таълимии «Роҳу усулҳои дарёфти маънии шеър» (2008), «Роҳу усулҳои омӯзиши вазни шеър» (2008), монографияҳои «Амир Хусрави Деҳлавӣ ва такмили авзони ғазал» (2010), «Назари Амир Хусрав ба шеър ва ҳунари суханварӣ» (2012), «Сохтори жанрии анвои шеъри ғиноии Амир Хусрав» (2013), «Барномаи таълимии жанрҳои ахбории радио» (бо ҳамқаламии М. Маҳмадалиева, 2013), «Барномаи таълимии тафсири шеър» (бо ҳамқаламии С. Назарова, 2013), «Барномаи таълимии коркарди маводи фолклоршиносӣ» (бо ҳамқаламии С. Аҳмадов, 2017), китоби дарсӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ «Забони тоҷикӣ» (бо ҳамқаламии С. Одинаев ва Ш. Аҳмадов, 2017).