ХОЛНАЗАРОВ Санг (тав. 5.01.1946, деҳаи Чашмасорони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз хонадони деҳқон), педагогӣ тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (2012), корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), 2 даъват депутати халқии меҳнаткашон шаҳри Кӯлоб ва вилояти Кӯлоб (1986-1990), узви шӯроҳои диссертатсионии ДДБ ба номи Носири Хусрав ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ, хатмкардаи факултети табиатшиносию география, шуъбаи химия ва биология Институти давлатии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба н. Б. Ғафуров 1969). Таҳсил дар мактаби 7-солаи зодгоҳ (1953-1960), мактаб-интернати деҳаи Сармайдони ноҳ. Кӯлоб (1980-1960), мактаб-интернати деҳаи Сармайдони ноҳияи Кӯлоб (1960-1964), донишҷӯ (1964-1969), муаллими фанҳои химия ва биологии мактаби миёнаи №7 ш. Кӯлоб (1969), хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1969-1970), солҳои 1964-1969 донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.М.Кирови шаҳри Ленинобод, солҳои 1969-1971 муаллими химия ва биологияи мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ №7 шаҳри Кӯлоб, солҳои 1971-1975 методисти шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, солҳои 1975-1981 мудири кабинети шуъбаи методии вилояти Кӯлоб, солҳои 1981-1987 ҷонишини мудири маорифи вилояти Кӯлоб, солҳои 1987-1988 мудири маорифи вилояти Кӯлоб, солҳои 1988-1992 ҷонишини раиси комиҷроияи советии депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб, солҳои 1992 – 1993 ҷонишини директорӣ генералии Комбинати хизмати маишии шаҳри Кӯлоб, солҳои 1993-1994 сардори идораи маорифи вилояти Хатлон, солҳои 1994-1996 муовини раиси вилояти Хатлон, солҳои 1996-2005 сардори идораи маорифи Ҳокимияти иҷроияи вилояти Хатлон, солҳои 2005 – 2006 саромӯзгори кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ, солҳои 2006-2008 мудири кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2008-2012 мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2012 то ба 1-уми июли соли 2014 доктори илмҳои педагогии кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ. Дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва инкишофи маорифи вилояти Хатлон» рисолаи номзадӣ (Душанбе, с. 2004) ва соли 2011 дар мавзӯи «Системаи педагогии тайёрии касбӣ-экологии омӯзгорони ояндаи химия дар мактабҳои олии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ (Бохтар, 2011) дифоъ намудааст. Холназаров С. дар соҳаи методикаи таълими химия корҳои босазое карда истодааст, ки муаллимони химияи ҷумҳурӣ аз онҳо баҳравар шуда истодаанд. Оид тайёр кардани муаллимони фанҳои табиатшиносӣ ба таълиму тарбияи экологӣ ӯ соҳибмактаб аст. Дар шароити низоми таҳсилоти кредитии муассисаҳои олии касбӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотии ӯ самараи хуб дода истодаанд.

         Осор: Таърихи маорифи вилояти Хатлон, 2005; Масъалаҳои тараққиёти демографӣ ва танзими оила ҳамчун проблемаи иҷтимоӣ (дар ҳаммуаллифӣ); 2004; Ташкилёбӣ ва фаъолияти мактабҳои нав дар вилояти Хатлон, 2005; Корҳои беруназсинфӣ ва шахсият, 2005; Дар маҷмӯъ беш аз 14 китоби дарсӣ, дастури таълимӣ ва монография, 250 мақолаи илмӣ-методӣ ба қалами устод тааллуқ дошта, таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, 5 нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд.