ШАРИФЗОДА Ҷумъа Шариф (тав. 12.04.1939, деҳаи Қипчоқи (ҳоло Чашмасорон) ноҳ. Мӯъминободи вил. Хатлон, аз хонадони деҳқон), педагоги тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (1997), профессор (1999), узви пайвастаи АИ ПИ ФР (2007), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1991), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1964), Аълочии мактабҳои олии СССР (1979), Аълочии маорифи СССР (1985), «Олими сол»-и вил. Хатлон (2008), барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2010), ҷонишини раиси шӯрои диссертатсионии ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба методикаи таълими математика, узви шӯроҳои диссертатсионии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ДДБ ба номи Носири Хусрав, раиси шӯрои дисертатсионии ДДБ ба номи Носири Хусрав оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз методикаи таълими математика, информатика ва физика. Хатмкардаи факултети математикаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар ш. Кӯлоб (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 1962). Таҳсил дар мактаби миёнаи 7-солаи зодгоҳ (1947-1954), мактаб-интернати деҳаи Даҳанаи ноҳ. Кӯлоб (1954-1957), донишҷӯ (1957-1962), муаллими фанҳои физика ва математикаи мактаб-интернати №1 ноҳ. Комсомолобод (ҳозира Нуробод 1962-1965), мактаби миёнаи №15 ш. Душанбе (1965-1966), омӯзгор, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими математика, декани факултети математика, профессори кафедраи алгебра, геометрия ва МТМ-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1966-2000). Аз соли 2000 мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Дар мавзӯи «Ташкили корҳои мустақилонаи хонандагон дар ҷараёни ҳалли масъалаҳои геометрӣ» (1980, Москва) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии ташаккули малакаҳои кори мустақилонаи донишҷӯён дар ҷараёни таълим» (1997, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 8 монография, 6 китоби дарсӣ, беш аз 700 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Бо роҳбарии ӯ 8 нафар омӯзгорони ҷавон аз рӯи ихтисоси методикаи таълими математика рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Бо унвонҳои фахрӣ ва мукофоту ҷоизаҳои зиёде: нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1964), «Аълочии мактабҳои олии СССР» (1979), «Аълочии маорифи СССР» (1985) ва ғайра қадр карда шудааст.

Ос.: Татбиқи векторҳо дар исботи теоремаҳо ва ҳалли масъалаҳои геометрӣ (тавсияҳои методӣ). – Душанбе, 1972; Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии корҳои мустақилонаи донишҷӯён (тавсияҳои методӣ). – Душанбе, 1987; Математика ва интихоби касб (қисми 1). – Кӯлоб, 1988; Математика ва интихоби касб (қисми 2). – Кӯлоб, 1988; Масъалаҳои таҳқиқотӣ ва ташаккули малакаҳои кори мустақилонаи хонандагон (тавсияҳои методӣ). – Кӯлоб, 1988; Омӯзгорони сазовор тайёр кунем. – Кӯлоб, 1990; Тавсияҳои методӣ оид ба таҳлили машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ. – Кӯлоб, 1993; Донишҷӯ: кори мустақилонаро чӣ тавр ташкил бояд кард. – Кӯлоб, 1993; Аз таърихи афкори математикони Хатлонзамин. – Кӯлоб, 1995. ва ғ.