ҒАФУРОВ Бобомурод Абдуқаҳорович 15 августи соли 1964 дар совхози ба номи В.В. Кӯйбишеви шаҳри Бохтар дар оилаи коргар таввалуд шудааст. Соли 1971 ба мактаби миёнаи рақами 19 ба номи М.В. Ломоносов ба синфи якум қабул шуда, онро соли 1981 хатм кардааст.

Соли 1981 ба факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1986 хатм намудааст. Кори дипломии худро зери роҳбарии Оффенгенден Е.Я дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар мавзӯи «Синтез ва омӯзиши хосиятҳои химиявии гидрогелҳо бо оҳани (II ва III)» иҷро намудааст.

Фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби миёнаи рақами 19-и ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониён) соли 1986 ба ҳайси омӯзгори фанни химия оғоз намудааст. Дар давраи фаъолият дар мактаби номбурда шогирдонаш то соли 1993 зиёда аз 8 медали ғолиби олимпиадаи фанни химия байни мактабҳои вилоят ва ҷумҳуриявӣ сазовор гаштаанд.

Соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба ҳайси омӯзгори фанни химияи кафедраи умумитиббии факултети тиббӣ фаъолияташро шурӯъ намудааст. Аз соли 1993 тосоли 2011 дар вазифаҳои мудири кафедраи умумитиббӣ, ҷонишини декан, декани факултети химия (1995-2001, 2007-2011), муовини ректор оид ба таҳсили ғоибона (2004-2006), муовини ректор оид ба таълим (2006-2007) фаъолият намудааст. Дар давраи фаъолияташ дар донишгоҳ соли 2007 рисолаи номзадиашро зери мушовирон академик Мирсаидов У.М., аъзо-кросс Академики АИҶТ Бадалов А.Б дар мавзӯи «Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии борогидридҳои металлҳои II A» ҳимоя намудааст, ва дар тӯли роҳбариаш дар факултети химия ва биология 8 нафар омӯзгорони кафедраи химияи умуми рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд.

Аз соли 2011 то 2015 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар вазифаҳои мудири Маркази омодагии қаблӣ ва мудири кафедраи биохимия кор намудааст.

Соли 2015 то 2018 вазифаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иҷро намудааст.

Моҳи июли соли 2018 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии боро- ва алюмогидридҳои металлҳои ишқорӣ, ишқорзаминӣ ва нодир» дар ВАК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудааст.

То ба имрӯз 108 мақолаи илмӣ, 2 монография, якпатенти хурд, 8 дастурҳои методӣ ва таълимӣ ба чоп расонидааст.

Зери роҳбари бевоситаи ӯ то имрӯз 2 нафар (Саидов А.Д-2010, Ҳақёров И.З., 2018) рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.