Рустамзода Муқаддас Рустам

декани факултети забон ва адабиёти рус ДДБ ба номи Носири Хусрав

  rustamzodamukaddas63@gmail.com

Факултети забон ва адабиёти рус

Факултети забон ва адабиёти рус дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 29.04.2019, №9 ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.02.2019, №05/1-961 ҷиҳати такмили омўзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва бо назардошти зиёд будани теъдоди донишҷўён ва соатҳои таълимӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ, тибқи «Низомномаи факултети муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи факултети забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст.

То ин вақт факултет дар назди факултети забонҳои хориҷӣ амал менамуд. Баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити иқтисодию фарҳангии кишварамон бо давлатҳои хориҷӣ бештар густариш ёфта, зарурати омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба миён омадааст.

Факултет аз рўи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус, назария ва амалия тарҷумаи забони русӣ кадрҳои баландихтисоси соҳаи омўзгорӣ ва тарҷумониро тайёр мекунад. Дар факултет донишҷўён аз рўи ихтисосҳои дар боло зикр гардида дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд. Факултет дорои ёздаҳ синфхона, як синфхонаи компютерӣ ва се ҳуҷраи корӣ мебошад. Факултет донишҷўёнро ба магистратура ба тариқи шартномавӣ фаро гирифтааст. Дар факултет як кафедра: кафедраи забон ва адабиёти рус амал мекунад. Дар кафедраи забон ва адабиёти рус 22 нафар омўзгор фаъолият мекунанд. Факултет бо Донишгоҳи миллии Точикистон, ДДОТ ба номи С.Айни, Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода, ДДК ба номи Рўдакӣ, Донишгоҳи славиании Русия-Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи омўзгории ш.Маскав ва Донишгоҳи педагогии Алтай равобити илмӣ дорад.

         Имрўз факултет бо номи собиқ хатмкардагонаш Абдураҳимзода Қудратулло Саид – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ноиби ректор оид ба таълим, Раҷабзода Холмурод Ашўр –номзади илмхои педагогӣ, дотсент, ноиби ректор оид ба тарбия, Гулов Алимаҳмад саромузгори кафедраи педагогика ва психология, Ашўрова Шаҳло Кўлобиевна – н.и.п., дотсент, Сафархоҷаева Зарина – мудири кафедраи КАЗР, Сафарова Нигина – н.и.п., Алиханова Гузел – саромўзгор, Шехвалиев Давлаталӣ – ҷонишини декан оид ба таълим, ва дигарон ифтихор менамояд.

9-уми октябри соли 2019 пешвозгирии ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Алтай Ирина Лазаренко Рудолфовна дар саҳни факултети забон ва адабиёти рус. Суҳбат ва суолу ҷавобҳои донишҷўён бо ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Алтай Ирина Лазаренко Рудолфовна. Вохўрии ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Алтай Ирина Лазаренко Рудолфовна.