Имрўз бо ибтикори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷикис ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик маҳфили кушоди «Рӯзноманигорони ҷавон» баргузор гардид, ки дар он Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон, собиқадорони соҳаи матбуот Туҳфа Аҳмадова ва Муҳаббат Мирзораҳимова, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Дилором Маҳкамова, мудири кафедари рӯзноманигорӣ баромад намуда, ҳозиринро бо Рўзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, доир ба мақом ва мавқеи журналистика дар пойдории сулҳу субот ва рушду нумўи соҳаҳои хоҷагии халқ ибрози андеша намуд.
Туҳфа Аҳмадова ва Муҳаббат Мирзораҳимова, оид ба масъалаҳои журналистикаи муосир баромад намуда, баён кард, ки дар ин раванди пурталотуми иттилоотӣ моро зарур аст, ки бо риояи меъёрҳо ва сифати касбии журналистӣ фаъолият намоем.
Инчунин, Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон дар доираи масъалаи дирўз ва имрўзи рўзномаҳо суханронӣ намуд.
Бахтовар, донишҷӯёи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигори дар маърӯзи намуда зикр кард, ки таҷлили «Рўзи матбуоти тоҷик» аз рўзи нашри аввалин рўзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки нахустшуморааш 11-уми марти соли 1912, бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расид, сарчашма мегирад. Ин рўйдоди таърихиву фарҳангӣ сароғоз ва нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик буд. Яъне, 109 сол қабл «Бухорои Шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардида, то ба имрўз матбуоти миллӣ рушду нумў карда, дар ғанигардонии маърифату xаҳонбинӣ, худшиносии миллии мардум ва ободию пешрафти давлату миллатамон саҳми босазое гузоштааст.
Сипас, байни меҳмонон ва аъзои маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон» мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар интиҳо барои ҳамкории судманд бо кафедари рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд. Инчунин ба се нафар донишҷӯён барои ҳамкории пайваста бо ВАО бо ифтихорномаи кафедраи рӯзноманигорӣ сарфароз гардиданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ