ДАР КАФЕДАР МАҲФИЛИ “МЕНЕҶЕРОНИ ҶАВОН” ДОИР ГАРДИД

Дар факултети менеҷмент ва низоми гумруки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Менеҷерони ҷавон”-и назди кафдраи менеҷмент баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд. Нахуст, Муҳаммад Давлатов, роҳбари маҳфил оид ба нақшаи кории маҳфилро ба саъми иштирокчиён расонид. Муслиҳҳиддин Ситамов, донишҷӯи куси сеюми ихтисоси менеҷменти ичтимоӣ дар…

Муфассал

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРИИ БАҲРУЛЛО ФАЙЗАЛИЗОДА

  Дар факултети математика ва информатика муҳокимаи рисолаи доктории Баҳрулло Файзализода дар мавзӯи “Асосноккунии назариявии ташкили методии таҳсили фосилавӣ дар шароити муосири омодасозии мутахассисони босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02. – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (информатика, таҳсилоти олии касбӣ) баргузор гардид. Дар он Собиров Ҷурабой, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, раиси ҷаласа, Абдурасул Сатторов, доктори илмҳои педагогӣ, Ҷумабой Сафаров, доктори илмҳои физика математика, Файзулло Шамсиддинов, доктори илмҳои физика математика, Алихон Саидов доктори илмҳои сиёсӣ, иштирок намуданд   Кори мазкур мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот аз рӯйи мавзӯи диссертатсия. Ба асри XXI гузариши босуръат аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ хос аст ва ин гузариш тақозо менамояд, ки раванди таълим ба принсипҳои салоҳиятнокии касбӣ мутобиқ гардонида шавад. Системаи маорифи Тоҷикистон низ дар шароити кунунии рушди ҷомеа дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус таҳсилоти олии касбӣ, бо нигаҳдории дастовардҳои қаблии хеш, бар пояи имкониятҳои бавуҷудомадаи гузариш ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, муносибати босалоҳиятро ба таълими донишҷӯён роҳандозӣ карда истодааст. Ҳадафи таҳқиқот – асосноккунии назариявию методӣ ва коркарду тасвиби таъминоти ташкилӣ ва педагогии омӯзиши фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар шароити амалишавии муносибати босалоҳият дар таълим. Объекти таҳқиқот – ташкили шакли таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.…

Муфассал