Оре, китоб ягона воситаест, ки инсонро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дастгирӣ менамояд. Ба тану ҷони инсон нерӯи тоза мебахшад. Китоб роҳбару роҳнамои зиндагист. Китоб омӯзгори беҳамтост, китоб ба инсон некӣ ва бадиро меомӯзад. Хирадмандӣ, фарзонагӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониро меомӯзад.

 

Бале, китоб дӯсти беназири инсон аст ва барои инсон гиреҳи ҳар муамморо боз мекунад, фарқ кардани хайру шарр, оқилӣ, ватандӯстиро меомӯзад. Агар аз подшоҳони гузашта қасру иморатҳо боқӣ монда бошад, аз ниёгони обруманди форсу тоҷик ҷилд-ҷилд китобҳо ба мо ёдгор мондааст, ки инсонро ба ростӣ ва росткорӣ, ахлоқи неку ва худшиносӣ даъват менамояд. Мисоли зерин мақоми баланд доштани китоб мебошад. Як марди оқиле буд ҳамсару фарзандон, боғу роғ, чорво ва дороии зиёд дошт, аммо рӯзе расид, ки ин ҳамаро тарк кунад, пеш аз маргаш ба ҳамсараш гуфт: -Тамоми умр бо ту зистам ва аз баҳри ту ранҷи зиёде кашидам, акнун ман меравам, ту чӣ хоҳӣ кард? Зан ҷавоб дод: -То зинда бошӣ хизмататро мекунам, вақте ки рафтӣ, гиряву нола мекунам ва то лаби гӯр равам, чун пинҳон шавӣ бинолам ва пас аз чанде марди дигарро ихтиёр менамоям. Мард ноумед шуду ва аз боғ пурсид: -Эй боғ ниҳолони туро об додам, тарбият кардам, сабзу муаттар гаштӣ, акнун ман меравам, ту чӣ хоҳӣ кард? Боғ ҷавоб дод -Ман пой надорам, ки туро ҳамроҳӣ намоям. Чун ту рафтӣ шахси дигар биёяд ва маро соҳибӣ кунад. Ман ӯро хидмат кунам, яъне ҳосил диҳам. Марди сарватманд ва оқил ба китобҳо рӯ меорад, ки аниси лаҳзаҳои танҳоияш буданд ва мегӯяд: -Эй китоб акнун ман меравам, ту чӣ хоҳӣ кард? Китоб мегӯяд -Ман аз ту ҷудо намешавам, ҳамеша бо туам, чун дар гӯр равӣ, муниси ту хоҳам шуд, чун қиёмат шуд, дастгиру пуштибонат манам. Дуруст аст, ки китоб ҳамеша инсонҳоро дастгиру роҳнамост ва асрҳо боқӣ хоҳад монд. Чунки он сарчашмаи одобу маърифати инсонист.

 

Фарух УМУРЗАКОВ,

донишҷӯи курси 1-уми факултети филология