Омӯзгорони факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз даргузашти фавти нобаҳангоми Нуралӣ Зардов, омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултет ва Саймуддин Насриддинов, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии факултет сахт андӯҳгин шуда ба аҳли оила ва наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор менамоянд.

Хотираи неки ин омӯзгорони ватандӯст ва боирода аз қалби кормандони факултет ҳаргиз фаромӯш намегардад.
Ҷоятон ҷаннат ва манзили охирататон обод бод омӯзгорони баруманд. Худованд устодони бузургворро раҳмату мағфират кунад.