Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба масоили тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои шоистаеро анҷом дода, саломатию сиҳатии аҳолиро боигарии давлат ва сармояи бузурги инсонӣ меҳисобад. Ҳамин аст, ки дар ин солҳои пурфайз садҳо иншооти гуногуни замонавӣ, аз қабили бунгоҳи тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаю ташхисгоҳҳо ва маҷмааҳои тандурустӣ арзи вуҷуд карда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад.

Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин андешидаҳои олӣ нигоштааст: “Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, чунки тандурустии ҷавонон, тандурустии миллат аст”.
Аз ин ҷост, ки тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва шуғл ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ҳадафи меҳварии сиёсати инсондӯстиву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат мебошад.
Ниёгони мо дар асару ашъори ҷовидона перомуни масоили тандурустӣ, ҳифзи сиҳатӣ, ҳолатҳои беҳдошти зиёни, пурхӯрӣ ва риояи реҷаи хӯрокхӯрӣ ҳамчун маҳаки бунёди саломатӣ тавсияҳои муфид баён намудаанд. То ҳанӯз ин дастуру андарзҳо дархӯри башарият буда, доир ба фавоиди ғизоҳои шифоангез, матраҳи масъалаҳои тандурустӣ ва парҳезу поккориҳо матолиби ҷолиб медиҳад.
Бинобар ин, гузаштагони варзиш ва камхӯриро мояи тандурустии инсон медонис-танд:
Бинои давлати хеш он касе хароб кунад,
Ки шом мехӯраду субҳгоҳ хоб кунад.
Вазъи саломатӣ дар ҳаёти инсон мақоми арзишманд дорад ва муҳити солимии иҷтимоию иқтисодиро фароҳам меоварад.
Ба ин хотир зарур аст, ки дар шароити кунунии авзои эпидемиявии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тандурустии хеш ва наздикону пайвандон тадбирҳои судманд андешем. Тавсияи табибону мутахассисони соҳаи тибро бар зидди паҳншавӣ ва интиқоли ин беморӣ ҳадафи осоиши зиндагии худ қарор диҳем.
Танҳо бо поккию безараркуниҳо, риояи ҳолати беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи иҷтимоӣ, сабку равиши нави ҳаёт ва истеъмоли меваҳои шаҳдбори дармонбахши кишвар ба ин амрози беамони сироятӣ пирӯзу дастболо мегардем.
Аз ин рӯ, баҳри саломатии аҳолӣ савияи донишҳои табиатшиносии ҷомеаро дар партави Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф” тарҳи наву вусъати тоза бибахшем.
Илмро ба амалия пайваст намуда, бо кашфи истеъдодҳо, ривоҷи илми гиёҳшиносию гиёҳдармонӣ ва саноати дорусозӣ собит бисозем, ки мо ворисони ҳақиқию идомабахши кори пайкори Синои бузургвор ҳастем.
Маҳз сиҳатмандӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, рӯ ба сӯйи китобу илмҳои бунёдӣ, тарзи ҳаёти солим ва машқу тамрини варзишӣ асоси дарозумрию бахту саодат мебошад:
Ҳифзи сиҳҳат бас накӯ бошад,
З-он ки тӯли бақо дар ӯ бошад.
Файзулло АБДУРАҲМОНОВ,
омӯзгори факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Тандурустӣ - умеди офият
KHATLON-RUZNOMA.TJ
Тандурустӣ – умеди офият
Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба масоили тан