90 фоизи обҳои ширин дар пиряхҳои рӯи замин захира шудааст. Омилҳои манфӣ ба монанди таъсири номусоиди иқлим дар фаслҳои гуногуни сол, ҳарорати баланд, тағйирёбии таркиби газҳо дар ҳаво, зиёд гардидани гази карбон дар кураи замин ба обшавии пиряхҳо мусоидат мекунад.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар анбӯҳҳои ҳавои уқёнуси Атлантикӣ ва аз роҳи экстенсивӣ ба Арктикӣ таъсир мекунад, ки ин сабаби боришот ва муътадилу хунук гардидани ҳаво мегардад. Анбӯҳҳои ҳавои тропикӣ ба гармшавии ҳаво меоранд ва аз минтақаҳои хушкӣ чангу ғуборро оварда, ба болои пиряхҳо зам мекунанд.
Нури офтоб ба чангу ғубори таҳшиншуда бештар таъсир мерасонад ва зери он пиряхҳо хароб мегарданд. Гардиши калони об, ки байни уқёнус ва хушкӣ сурат мегирад, сабабгори камборишии солҳои охир ва хушксолии пайдарпай гашт. Ҷиҳати пешгирии омилҳои зарарноки тағйирёбии иқлим рушди «иқтисоди сабз» дар минтақаҳои уқёнуси ҷаҳонӣ амри саривақтист, ки метавонад тағйироти зарарноки иқлимро бартараф кунад.
Дар рушди «иқтисоди сабз» сохтмони неругоҳҳои хурд, калон ва миёнаи оби барқӣ хеле фоиданок мебошад. Сараввал дар обанборҳои неругоҳҳо об бештар захира шуда, дар сатҳи он дар натиҷаи бухоршавӣ намнокии ҳаво бештар мегардад. Ин намнокӣ ба абр ва боришот табдил меёбад. Чангу ғубор дар ҳаво камтар мегардад.
Самти дигари «иқтисоди сабз» рушди кишоварзии интенсивӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар асоси талаботи рӯзафзуни мардум кишоварзӣ серсоҳа гардида, аз роҳи экстенсивӣ ба роҳи интенсивӣ ворид гашт. Имрӯз маҳсулоти содиротиро бештар истеҳсол мекунанд. Дар замони шӯравӣ як бор зироати асосиро кишт мекарданд, ҳоло бошад, 2-3 бор кишти такрорӣ мегузаронанд. Ҳатто дар минтақаҳои кӯҳсор шакли хоҷагии интенсивӣ ҷорӣ гардид. Се маротиба кишт кардан се баробар гази карбонати ҳавоо кам ва ҳамин қадар гази оксигенро дар ҳаво зиёд мегардонад. Ин омили мусбат низ обшавии пиряхҳоро боз медорад.
Самти дигари пиёдасозии «иқтисоди сабз» бунёд гардидани боғҳои интенсивӣ дар заминҳои бекорхобида, талу теппаҳо мебошад. Бухоршавӣ аз сатҳи барги дарахтон бештар мегардад. Рушди боғҳои интенсивӣ дар минтақаҳои кӯҳсор ва тавсеаи масоҳати ҷангалзори дарахтони паҳнбарг яке аз корҳои самаранок ба ҳисоб меравад.
Барои ҳалли мушкилоти ба амаломада дар сайёра ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар сарсабзу хуррамгардонии маҳалли зист саҳмгузор бошад.
С. РАСУЛОВ,
омӯзгори факултети
химия – биология
Возможно, это изображение (текст)