Дар масири таърих Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 сол аст, ки соҳибихтиёр, дорои обрўву эътибор ва мақоми хоса мебошад. Кишвари азизамон дар ин муддат роҳи чанд 30 соларо тай намуд ва таҷрибаи он дарси ибрат ва намунае барои бархе аз давлатҳои ҷаҳон гардид.

Ин ҳама муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талош ва ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Офтоби шўълавори ос мон барои мардуме, ки дар давлаташ ҷанг ҳукмрон асту истиқлолияту ваҳдат барояш бегона, равшанӣ ва нур намебахшад, зеро ҳар субҳдам мардумро на садои хурўси саҳархез, балки овози тиру туфанг аз хоб мехезонад. Дар ин маврид ҳам Офтоб намехоҳад, ки ба ин ҷо рўшноӣ бахшад ва боз рўзи даҳшатбореро барои мардуми сарсахту бадбахте оғоз намояд. Ин гуна бадбахтӣ дар кишвари мо дар солҳои 90-уми асри гузашта, ҳукмрон буд ва аз оташи ҷанги хонумонсўз ҷое набуд, ки насўхта бошад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар чунин рўзҳои сахту сангини кишвар маҳз Пешвои муаззами миллат тавонист ба дили мардуми гуреза аз ватан ва дар қалби ватанбудаи ноумед шўълаи умед ҷо кунад. Ин аст, ки бо амалӣ гаштани музокироти пай дар пай бо намояндагони гурўҳи мухолиф ва ба як қарори муайян омадани ҳар ду тараф дар ҷумҳурӣ оромӣ ҳукфармо гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ин пойдевори худро аз сифр оғоз намуд ва ҳамчун кишвари мустақилу ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Бо дохил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистон тавонист аз як тараф мушкилиҳои дохилиро ҳаллу фасл намояд ва аз тарафи дигар дар арсаи ҷаҳонӣ обрўю эътибори хосае пайдо кунад.
Мусаллам аст, ки тайи 30 соли Истиқлолият, Тоҷикистон тавонист бо чунин Пешво дастовардҳоеро соҳиб шавад, ки дар фикру хаёли мардум набуд. Ин гуна пешравӣ дар ҳама соҳаҳо далолат аз он медиҳад, ки ҷумҳурии мо чун ҷумҳурии пешрафта ва аз ин ҳам тараққикарда дар ҷаҳон хоҳад шуд. Мо ҷавонон, ки зодаи даврони Истиқлолиятем бояд ин оромиву субот ва Истиқлолияти давлатиро бо нархи ҷон ҳам бошад ҳифз кунем ва дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз бо пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат хизмат кунем.
Рамазони МАҲИМБЕК,
донишҷўи курси чоруми факултети химия ва биология
Возможно, это изображение (текст «иcTиKлoлиRTи YRT AaBлaTии Hymxypии To4иKиcToH 1991 2021 STATE INDEPENDENCE TAJIKISTAN OF OF THE REPUBLIG REPUBLIC»)