Яке аз самтҳои фаъолияти адабии Бахтиёр Муртазо тарҷумонӣ аст. Таваҷҷуҳи публитсист ба тарҷумонӣ дар айёми донишҷўӣ шурўъ гардида, минбаъд идома ёфтааст. Ў барои инъикоси ҳаёти донишҷўёни кишварҳои Иттиҳоди Шўравӣ ба идораи нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” меояд. Дар ин ҷо бо тарҷумони тоҷик Ш. Самиев шинос мешавад. Баъди дастрас кардани мақолаҳои зиёд аз ҳаёти донишҷўён, ки аксар бо забони русӣ буданд, Ш. Самиев хоҳиш менамояд, ки бархе аз онҳоро тарҷума карда биёрад.

Дар ин бора Б. Муртазо чунин менависад: “Ман ин хоҳишро бо хушӣ қабул кардам ва ҳамон шаб дар хобгоҳ онро тарҷума намуда, рўзи дигар ба Шамсиддин Самиев супурдам. Дар яке аз шумораҳои наздиктарини “Комсомоли Тоҷикистон” он тарҷумаам чоп шуд ва ман онро бо хурсандӣ ба чанде аз шарикдарсон нишон додам. Ҳамин тавр, ин шуғл доимӣ шуд ва ман ҳар моҳ даҳ-понздаҳ сум ҳаққи қалам ҳам мегирифтам, ки он ба мани донишҷў хеле кўмак мерасонд” аъдтар дар солҳои 1969-1973 ў ба сифати тарҷумон дар сохтмони роҳи Пули Хулўӣ – Мазори Шариф – Шибирғони кишвари Афғонистон хизмат мекунад.
Тарҷума дар фаъолияти эҷодии Б. Муртазо ҷойгоҳи хоса дорад. Ў дар давраи донишҷўӣ ҳикояҳои хурди русӣ, ўзбекӣ, қирғизӣ ва белорусиро ба тоҷикӣ тарҷума намуда, ҳунари эҷодии худро ба ин васила ғанӣ мегардонид. Ба ифодаи Ш. Раҳмонов, “Тарҷума омиле шуд, ки ҳаваси ҷавони навкорро ба адабиёти бадеӣ, ҳусни забони давлатӣ, тасвири зебоиҳои Ватан ва фарзандони пуркору шуҷоъатмандашон боло кард. Тарҷума барои рўзноманигор дарси ҳунар ва маҳорати адабӣ гардид. Ҷавони қобил чун ба сохтмони азим назар меандўхт, гумон мекард, ки ҷонбозию талошҳои ононро барои наврасону ҳамсолони худ мисли дарси ибрат қабул кунад”. Ҳамин тавр, майли Б. Муртазо ба тарҷума зиёдтар гардид ва тўли солҳои гуногун асарҳои “Обутоб ёфтани пўлод”-и Н. Островский (Комсомоли Тоҷикистон, 1964. – 30 сентябр ва 4 ноябр), “Роҳи каҳкашон”-и Чингиз Айматов”, (Душанбе: Ирфон, 1965), “Баъд аз ҷудоӣ»-и А. П. Чехов, (Комсомоли Тоҷикистон, 1965. – 20 июл), “Маймун»-и А. А. Бунин (Комсомоли Тоҷикистон, 1965. – 24 декабр), “Амок”-и Стефан Свейг, (Комсомоли Тоҷикистон, 1968. – 12, 19, 26, 28 апрел, 24 май, 16 июн, 2 сентябр), “Бечора гург”-и М. Е. Салтиков – Шедрин (Маориф ва маданият, 1976. – 22 январ), “Вартаи сиёҳ”-и О. Гончар (Садои Шарқ, 1977. – №11), “Падар”-и С. Бердиқулов (Маориф ва маданият, 1978. – 10 инюн), “Суруди ҷовидонӣ”-и Й. Шамшеров (Чароғи фурўзон, Душанбе,1981), “Сурх ва сиёҳ”-и Стендал (Душанбе: Ирфон, 1982), “Мулоқот дар субҳидам”-и В. Белов (Садои Шарқ, 1982. – №12), “Падарамро надидаед?”-и Б. Куланҷакова (Маданияти Тоҷикистон, 1982. – 5 сентябр), “Гавазни пир”-и О. Бокеев (Садои Шарқ, 1983. – №9), “Атолаи тоҷикӣ”-и Т. Ботирқулов (Садои Шарқ, 1983. – №10), “Садбарги заррин”-и К. Паустовский (Душанбе: Ирфон, 1983),“Ҳукми падар”-и В. Песков (Адабиёт ва санъат, 1984. – 21 май), “Рақс дар гирди деги бўғ”-и Траат Матс, (Душанбе: Адиб, 1987), “Ҳиндӣ”-и Виктор Астафев (Адабиёт ва санъат, 1987. – 3 сентябр), “Қаймоқи ҳаёт”-и М. Табачников (Адабиёт ва санъат, 1989. – 19 январ) тарҷума ва пешниҳоди хонандагони закӣ менамояд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ марҳила ва саҳифаи наве дар эҷодиёти публитсист, хоса тарҷумонӣ боз намуд. Хусусан, тарҷумаи «Қалъаи Брест»-и Василий Песков (Минбари халқ, 1998. – 27 июн), “Дар ҷустуҷўи мазмун” ва “Танҳоӣ”-и Георгий Марчук (Адабиёт ва санъат, 2008. – 18 декабр), «Ў пайрави ҳазрати Исо буд»-и Т. Зулфиқоров (Адабиёт ва санъат, 2015. – 9 июл), «Сарнавишти рассом»-и Мансур Суруш (Адабиёт ва санъат, 2015. – 9 июл), «Вопасин каломи устод Лоҳутӣ»-и М. Самимӣ (Адабиёт ва санъат, 2015. – 13 август), «Сипоси шоҳ ба шоир» (Адабиёт ва санъат, 2015. – 23 август), «Роҳнома ба абадият»-и Надежда Липанс (Адабиёт ва санъат, 2015. – 10 декабр), “Роҳ ба сўи Алака”-и Д. М. Молдавский (Адабиёт ва санъат, 2016. – 7 январ), «Се дарси накукорӣ»-и Елена Малчевская (Адабиёт ва санъат, 2016. – 4 феврал) ва ғайра ҷаҳони маънавии ўро рангин намуд. Ин асарҳо дар шинохти асолати миллӣ, пайванд будани инсонҳои рўйи замин ва васеъ намудани донишу ҷаҳонбинии омма аз аҳамият холӣ нестанд.
Дар тарҷумаҳои Б. Муртазо калимаву ибора ва ҷумлаҳои зебои тоҷикӣ ва муассир кор бурда шудаанд, ки ҳусни асарҳоро бештар гардондааст. Ба ин ҷиҳат ҳам муҳаққиқон ва ҳам публитсистон ишораҳо кардаанд. Аз ҷумла Ш. Раҳмонов навиштааст: “Қобили зикр намудан аст, ки забони асарҳои Бахтиёри Муртазо, аз ҷумла, махсусан тарҷумаҳояш салису равон, ғанию рангин, суфтаю оммафаҳм аст. Ў ба шарофати мутолиаи амиқи адабиёти классикии тоҷик ва омўзиши забони зиндаи халқамон ин ғановати забонро ба даст овардааст. Бахтиёр ҳофизаи хубе дорад, ҳазорҳо мисраъ шеър ва порчаҳои насриро аз ёд медонад”. Тарҷума дар баробари донишу маҳорати баланди касбӣ, завқу салиқа ва шинохти дурусти шуури муаллифи асарро тақозо мекунад. Дар фаъолияти тарҷумонии Б. Муртазо чунин омилҳои муҳим ба назар мерасад ва ин аз он дарак медиҳад, ки ў дар ин соҳаи эҷод шахси тасодуфӣ нест. Хусусан, чунин ҳолат дар асари бузурги “Роҳи каҳкашон”-и Ч. Айтматов ва “Садбарги заррин”-и К. Паустовский зиёд дида мешаванд. Чуноне дар тарҷума мехонем: “Як поси шаб ба осмони серситора назар андохта дидам, Роҳи Каҳкашон аз як кунҷи олам ба кунҷи дигар дароз кашида буд. Ба гуфти Субҳонқул он роҳи нуқрагун аз кохи ким-кадом деҳқони дилзўр пайдо шуда будааст». Аз чунин шеваи муассир маълум мешавад, ки тарҷумон дар самтҳои мухталиф ва илмҳои гуногун то андозае дониши казоӣ дорад. Матни асару нигоштаҳои адибонро хеле самимӣ, воқеӣ ва ҷазоббу дилкаш тарҷума мекунад. Асари мазкур ҳашт қисматро фарогир буда, бо сабки басо зебою муассир тарҷума шудааст. Дар ин ҷода малакаи баланди ҳам офарандаи асар ва ҳам тарҷумони чирдаст ба ҳам тавъам гардида, асарро ҷолиб намудаанд. «Услуби нависандаи қирғиз Ч. Айтматов дар ҷараёни насри адабиёти ҷаҳон лирикии шоирона мебошад, бисёр рўйдодҳои маънавии ин нависандаро мисли шеър ё насри лирикӣ қабул менамоем ва аз ин ҷиҳат тарҷумаи навиштаҳои вай кори ҳазлу бозӣ нест, бисёр нозукиҳои печидаи фалсафӣ дорад, аз насри мусаҷҷаъу мураҷҷаз зиёд кор мефармояд. Бахтиёр Муртазоев ҳам мувофиқи ҳамин пайкор ва гирудори маънавӣ худро омода карда, бо калимаҳои зебою гирои «маҳд», «соид», «ройгон», «наём», «пероя», «ғаммоз», «хомхў», «зарандуд» савтиёти қофияҳои паиҳам рўҳу дармони асарро нигоҳ дошта тавонист». Руҷўи сужаи асар аз гуфтугў ва муроҷиати Тулганой ба замин оғоз шуда, зимни он як қатор муаммоҳои зиндагӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Махсусан, вазъи мураккаби зиндагии инсонҳо дар асрҳои миёна, ки барои кишту парвариши зироату полезиҳо аз усули вазнин кор мебурданд, қисса мекунад. Дар ин замина, бартарияти давлати шўравӣ, ки техникаҳои зиёдро ба халқ барои ёрии рўзгор пешниҳод мекунад, тасвир мешавад. Дар баробари ин масъалаҳои сатҳи маънавиёт, тарзи зиндагӣ, тарбияи фарзанд, ҳисси ватандўстӣ, қавииродагӣ ва ободгароӣ, ки омили асосии бақои миллату давлат маҳсуб меёбанд, бо шеваи басо дилнишин баён ёфтааст. Б. Муртазо ин ҳамаро дуруст маърифат намуда, бо самимияти хоса ва услуби гуворою муассир ин асарро тарҷума кардааст. Умуман, асари машҳури ҷаҳонии «Роҳи каҳкашон»-и Ч. Айтматов бо маҳорати баланд аз ҷониби Б. Муртазо тарҷума шудааст, ки ба он тарҷумонҳои шинохта С. Улуғзода, Ш. Собир, А. Адҳам, Ш. Самиев баҳои баланд додаанд.
«Садбарги заррин»-и К. Паустовский ҳам бо шеваи хос тарҷума шудааст. Як қисмати ҳикояҳои асар ба кори пуршарафти илму адаб, санъату фарҳанг ва чеҳраҳои намоёни кишвари рус бахшида шудаанд. Дар шинохти чеҳраҳои намоён, аз тарҷумон дар баробари забондонӣ, инчунин фаҳми вазъи сиёсӣ, тарзи зиндагӣ, урфу одат, доираҳои адабӣ, услуби тасвиргароӣ ва ғайраро талаб мекард. Хусусан ҳангоми тарҷума донистани рўзгор, услуби баёну тасвир, вазъи иҷтимоию фарҳангӣ, махсусияти эҷодиёти адибон А. И. Чехов, А. Блок, Ги Де Мопассан, И. Бунин, М. Горкий, В. Гюго, Ю. Олеша, А. Грин, Э. Багринский ва дигарон омўзишу ҷустуҷўҳои хосаро талаб мекард.
Навиштаҳои К. Паустовский чун «назм андар наср» аст ва ҳар кас наметавонад ба маънӣ ва мақсади муаллиф сарфаҳм равад. «Паустовский дар навишт ба зарофату салосати сухан, фасоҳату назокаташ зиёд диққат медод. Навиштаҳои ўро гоҳ чун шеър қабул менамоем, ки дар тарҷума низ шоирона ифодагар мебошад: «Ҳар касе, ки аз нафаси аранг шунавои ҷавонзани хуфта ба ҳаяҷон наомадааст, чӣ будани назокатро намефаҳмад. Лабони вай аз барги гули тар ҳам нозуктар буданд ва дар нўги мижгонҳояш дурдонаҳои сиришк медурахшиданд». Дар матни тарҷумаи «Садбарги заррин» калимаву ибораҳои зебои тоҷикона аз қабили «пиразанони озодалибос», «абрпораи нафиси гулобӣ», «ғалтакбозӣ», «хокрўба», «резаҳои зар», «шикастаоинае» (аз қиссаи «Резахоки гаронбаҳо»), «аҷоиботи ғайриоддӣ», «бўйи дерпо», «гумбази санги моҳтобӣ рангрезӣ», «гармсер», «зарварақ» (аз қиссаи «Гулҳо аз параха»), «тиҳӣ», «бефурўғ», «гарди ақсо», «хоби бодавом», «гўшмол», «сафҳаи коғаз», «тавсани тундгарди тахайюлот» (аз қиссаи «Оғози рўҳпарвар»), ки моҳияти масъалаи мавриди назарро дар бар мегирад, зиёд ба чашм мерасад, ки аз луғатдонии тарҷумон дарак медиҳад.
Зиндагии қаҳрамони қиссаи «Садбарги хурди ҳалқапеч» Юрий Карлович Олеша аз асари «Садбарги заррин»-и К. Паустовский дар тарҷумаи Б. Муртазо боиси омўзиш ва пайравии наврасону ҷавонон аз корҳои неку ҳамида, ғамхорӣ ба халқ, таҳкими ваҳдату дўстӣ ва амсоли ин мебошад. Тарҷумон дар таҳияи ин асар беҳтарин хислатҳои одамиро ситоиш намуда, бо ҳиссиёти баланди инсондўстӣ онҳоро ёдрас мешавад. Дар навиштаҳои К. Паустовский масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ пўшида ифода шудаанд ва на ҳама онҳоро дуруст дарк карда метавонад. Маҳз Б. Муртазо дар натиҷаи омўзиши адабиёти классикиву муосири рус ва ҷаҳон ба фасоҳати сухани ифодашудаи адиби тавоно К. Паустовский даст ёфтааст. Чуноне дар тарҷума мехонем: «Ҳамчунин чашмони ў аз рўи одат ҳар лаҳза тайёр буданд, аз оташи бадеҳа, ки ба боли илҳом ва дурахши қиёсҳои ҳайратангез пайдо мешуд, барқ афшонанд». Таҷассуми ҳодисаҳои мураккаби зиндагӣ, вазъи соҳаҳо ва рўҳияи мардум дар асарҳои К. Паустовский мағз андар мағз ҷойгир шудаанд. Барои маърифат ва шинохти воқеии масъалаҳои иҷтимоӣ аз тарҷумон дониши баланди касбӣ, маҳорати эҷодкорӣ, масъулиятхохӣ ва амсоли ин ҷиҳатҳо лозим аст. Бо ин вуҷуд Б. Муртазо аз иҷрои ин кор бо хубӣ баромадааст.
Забони тарҷумаи асарҳои Б. Муртазо дилнишин ва содаю оммафаҳм аст. Барои ифодаи матлаб чандин ҷиҳати асарро меомўзад, калимаву ибораҳои хушояндро пайдо намуда, муҳимтару ба халқ наздик будани онро интихобу истифода мекунад. Муҳаққиқон М. Зайниддинов ва У. Гулмуродов дуруст қайд кардаанд, ки: «…Ў ҳангоми тарҷума аз калимаю ибораҳое истифода кардааст, ки онҳо барои содаю равон баромадани забони «Садбарги заррин» кўмак расонидаанд. Ҳангоми мутолиаи порчаҳои ҷудогона кас гумон намекунад, ки он тарҷума аст».
Романи Стендал «Сурх ва сиёҳ», ки «Солнома»-и асри XIX низ меноманд, бо маҳорати баланди касбӣ аз ҷониби Б. Муртазо тарҷума ва нашр шудааст. Муҳаққиқон тарҷумаи ин асарро намунаи олӣ маънидод карда, ўро дар қатори тарҷумонҳои беҳтарин аз қабили С. Улуғзода, Ш. Самиев, А. Адҳам, Ш. Собир арзёбӣ намудаанд. Б. Муртазо дар даврае ба тарҷумаи ин асари ҷаҳонӣ машғул шуд, ки ба мардуми афғон хизмати интернатсионалистӣ мерасонд. Ў, ки ҳамеша меҳнату эҷодро дўст медорад, барои ғизои маънавӣ бахшидан ба халқ ба ин масъулият ва рисолати бузург даст мезанад. Аз ҷумла, Д. Раҷабӣ навиштааст: «…барои он ки килки гуҳарбораш занг назанад, ҳам дар хона ва ҳам дар сангарҳо, ҳамин ки лаҳзаи мусоид фаро расид, бо меҳнати адабӣ машғул мешуд. Пора-пора романи «Сурх ва сиёҳ»-ро тарҷума мекард. Ин пора-пора ноаён рафта, ба ғарами дастнависҳо бадал шуд. Яке аз мутарҷимони барҷастаи мо равоншод Шамсӣ Собир меҳнати Бахтиёрро баҳои баланд дода, ба мо гуфта буд: «Бахтиёр дар майдони ҷанги Афғонистон коре кардааст, ки мислашро танҳо Эрнест Хемингуей метавонист». С. Зардон таассуроташро аз тарҷумаи ин асар чунин нақл мекунад: «Сурх ва сиёҳ»-ро аз мағозаи китоби ноҳияи Коммунистӣ пайдо кардам ва баробари ба даст гирифтан аввалин сухане аз забон баромад, «Офарин» буд. Зеро аз ин қабл дар чунин шаклу ҳаҷми бузург романҳои машҳурро танҳо дар тарҷумаи адибону мутарҷимони варзида хонда будам. Огоҳ набудам, ки Бахтиёр Муртазоев барои нашри ин романи оламгир чӣ заҳмате хорошикан пушти сар карда, вале он миқдор ҳаловату маърифате аз мутарҷимии ў бардоштам, ки чунин ҳаловатро замоне аз «Ғурмагас»-и Войнич (тарҷумаи Сотим Улуғзода) гирифта будам».
Тарҷумаи романи «Сурх ва сиёҳ» чунон салису равон аст, ки хонанда метавонад аз он калимаву ибора ва ҷумлаҳои зебои тоҷикиро омўзад ва маънии онҳоро дарк намояд. Журналист Ф. Холбек баъди мутолиаи романи мазкур бисёр нозукиҳои забони тоҷикиро аз бар кардааст. Ў иқрор шудааст, ки маҳз ба воситаи ин тарҷума тарзи навишти ҷумлаю ибораҳои пурмаъноро омўхта, онро дар фаъолияти кориаш васеъ истифода мекунад. «Забони ин тарҷумаи Шумо ба ман ниҳоят таъсир бахшид ва романи «Сурх ва сиёҳ»-ро то имрўз ҳафт маротибаи дигар хондам. Аз ҳар маротиба хонданам дар бораи чида шудану ҷо ба ҷо гузоштани калимаҳо, занҷирбандии маънии ҷумлаҳо, ибораҳои рехта, калимаҳои суфта ва дилчаспро беш аз пеш меёфтам» .
Мавриди қайд аст, ки Б. Муртазо низ борҳо дар мусоҳибаҳои худ иқрор шудааст, ки аз тарҷумаи чунин асарҳои бузурги адибон манфиатҳои зиёде бардоштааст. «– Кори тарҷумонӣ саҳлу содда нест. Аммо вақте ба ин кор машғул мешавӣ, фоидаи зиёде аз он мебинӣ. Бо маҳорати эҷодӣ, коргоҳи ҳунарии нависандаи мавриди назар ошно мегардӣ. Он чизе, ки тавассути тарҷума ба даст меояд, бо хондан даст намедиҳад. Ман вақте повести «Роҳи каҳкашон»-и Ч. Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал ё китоби «Садбарги заррин»-и К. Паустовскийро тарҷума кардам, баҳраи зиёде дар кори эҷодии худ бардоштам. Наср ҳам оҳанг дорад, вазну сабк дорад ва ҳамаи ин дар коргоҳи эҷодии нависанда ҳангоми офаридани ин ё он асар шакл мегирад, эҳё мешавад».
Дарвоқеъ, фаъолияти тарҷумонии Б. Муртазо басо рангину васеъ буда, ҷанбаъҳои дигареро низ фаро мегирад. Азбаски ин кор таҳқиқоти хосаеро тақозо мекунад, мо бо овардани чунин андешаҳо ин ҷо иктифоъ мекунем.
Дар фаъолияти эҷодии Б. Муртазо тарҷума низ ҷойгоҳи хоса дорад. Ин самти фаъолияти ў аз давраи донишҷўӣ бо тарҷумаи ҳикояҳои хурди русӣ, ўзбекӣ, қирғизӣ ва белорусӣ оғоз гардида, аз як тараф, боиси ҳавасмандӣ ба адабиёти бадеӣ, ҳусни забони давлатӣ, тасвири зебоиҳои Ватан ва фарзандони пуркору шуҷоатманд шуда бошад, аз тарафи дигар, дар сайқали маҳорати эҷодӣ дарси ҳунар гардидааст.
Сангимурод ШАРИПОВ,
мудири кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (1 человек)