Забондонӣ – ҷаҳондонӣ, бузургӣ, сарбаландӣ ва ифтихор аст. Мусаллам аст, ки бо донистани забонҳои хориҷӣ ба воломақомӣ, ба пешравию муваффақият ноил мегардем. Хушбахтона, имрўз имкониятҳои мусоид фароҳам гардидааст, ки дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни чаҳонӣ омўхта мешавад.

Имрўз насли нави мо бо чандин забонҳои дунё муошират менамояд, ба давлатҳои хориҷ рафта, таҳсили илм мекунаду соҳибмаълумот мегардад. Ин албатта, барои миллату давлат низ баманфиат хоҳад буд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохўрӣ бо наврасону ҷавонон таъкид медоранд дар замони имрўза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омўзанд, ки талаботи ҷаҳони муосир аст.
Ҳамчунин, бузургон забонро калиди дониш ва маърифат гуфтаанд. Албатта, омўхтани забонҳои хориҷӣ хуб аст, аммо пеш аз ҳамаи ин донистани забони тоҷикӣ, поку беолоиш боқӣ гузоштани он вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд. Бахусус, дар китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», «Тоҷикон дар масири таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» роҷеъ ба мардуми ориёӣ, фарҳангу тамаддун ва забони онҳо ва бисёре аз масъалаҳои дигари марбут ба ориёӣ ва мавқеи забони тоҷикӣ аз даврони пайдоиш то ба имрўз, бо далелу хулосаҳои муфассал баён гардидаанд.
Яке аз бузургтарин хизматҳои намоёне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар анҷом доданд, ин ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мебошад. Воқеан ҳам мутолиаи ин китоб, ки ҳамчун қомуси миллат унвон мешавад, моро ба таърихи пурғановати худ ошно месозад ва аз таърихи забон ва фарҳанги хеш огаҳии комил пайдо менамоем.
Манзура ОРИПОВА,
омўзгори факултети забони англисии ДДБ ба номи носири Хусрав
Возможно, это изображение (текст «ENGLISH IEMATICS PHYSICS EMISTRY EMIS ERATU ISTORY OGRAPHY APHY 11 12 9 3 Que 6»)