Бо ташаббуси Созмони кор бо ҷавонони ДДБ ба номи Носири Хусрав, дар доираи тантанаҳои ҷашни бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ зери унвони “ШОМИ ҶАВОНӢ” бо иштироки васеи донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ, баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Набизода Эмомалӣ, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ арзёбӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯён бо намоиш доданӣ саҳначаҳои ҳаҷвӣ, сурудҳои ватандӯстона ва қироати шеърҳо шодию хурсандӣ намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ як қатор донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ бо мақсади интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бо “Сипоснома” қадрдонӣ карда шуданд.