Хидматҳои ҷонфидоёна, далерона, мардона ва қаҳрамононаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотираи таърихии мардуми шукргузори Тоҷикистон абадӣ нақш хоҳад баст. Ғурури миллӣ, ифтихори давлатдорӣ, садоқату муҳаббати беҳамтои Пешвои миллат аз як сӯ, мактаби бузурги ибратомӯз бошад, аз ҷониби дигар, боиси илҳоми саршори эҷодкорони Ватан гардидааст.

Яке аз дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ба арсаи сиёсат омадани инсони ватандӯсти асил, фарҳангпарасту таҳаммулгаро, созандаю бунёдкор, некандешу хайрандеш, наҷотбахш ва бахтовари миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ба бахти тоҷикон, Худованди меҳрубон ӯро ҳамчун ватандӯст, башарпарвар ва арбоби сиёсӣ ба арсаи сиёсат овард ва нақши ин шахсияти бузург дар хушбахту хушҳол гардонидани мардуми дар ҷанги шаҳрвандӣ азияткашида басо бузург аст. Оё чунин хизматҳои шоистаю фидокорона ва ҷасуронаи Пешвои наҷотбахшу бахтовари миллатро нодида гирифтан мумкин аст? Ба шахсе, ки ҳаёти худро ба гарав монда, ба миллату ҷумҳурии мо ҷону ҳаёти тоза бахшидааст, эҳтиром нагузоштан мумкин аст? На. Ҳеҷ гоҳ! Мо ҳар лаҳзаю ҳар рӯзу ҳар моҳу ҳар сол ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо чашми хеш дидаю бо ақли худ шинохтаю дарк карда истодаем. Ба ивази чунин ғамхориҳои беназиру ҳаётбахш арзи сипосу шукргузории шабонарӯзии мо кам аст.
Бо гузашти солҳо мардуми кишвар ҳарчӣ бештар ба умқи маънои Истиқлолият сарфаҳм мераванд ва дармеёбанд, ки ин вожа дар танҳоӣ бори як қомусро мекашад. Ин ки мо имрӯзҳо дар андешаи миллатсозием, ин ки мо гузаштаи пурифтихори худро гиромӣ медорем, ин ки мо мехоҳем озод, вораста ва сарбаланд бошем самараи Истиқлол аст. Истиқлол ба мо дарси озодӣ, мардонагӣ ва ҷасорат дод. Истиқлол ба мо садои мо, чеҳраи мо, андешаи мо ва ояндаи гумшудаи моро баргардонид. Истиқлолият дар баробари он ҳама неъматҳои зикргардида ба мо омӯзонд, ки роҳбар дар замони муосир бояд чи гуна амал кунад ва кадом хислатҳоро дошта бошад, то тавонад кишварашро аз гирдоби фано наҷот бахшад.
Роҳбарии оқилонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми мардуми соҳибхиради ҷаҳон дорои арзиш ва аҳамияти хос мебошад. Яке аз иқдомҳои неке, ки Пешвои муаззами миллат гирифта буд, ин дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ин иқдоми наҷиб дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар амалӣ гашт. Мо аз ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле сипосгузорем. Ин боис мегардад, ки мо ҷавонон аз таърихи гузаштаи худ воқиф бошем.
Н. ҲОТАМОВА,
асистенти кафедраи таърих ва ҷомеашиносии коллеҷи омӯзгорииДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (1 человек и сидит)