Намояндагони ҳаракати тундгарои «Толибон»*, ки дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунанд, қоидаҳои наверо эълон карданд, ки ҳуқуқи занонро маҳдуд мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз «Российская газета» хабар додааст.
Барои занони афғон дар драмаҳои телевизионӣ зоҳир шуданро манъ намуданд. Филмҳое, ки хилофи асосҳои шариат ва арзишҳои афғонҳо дониста мешаванд, манъ мегарданд. Ҳамчунин намоиши наворҳои мардони урён, ҳатто қисман манъ аст.
Аз 22 ноябр намоиши барномаҳои ҳаҷвӣ ва фароғатӣ, ки “динро таҳқир мекунанд ё барои афғонҳо таҳқиромез ҳисобида мешаванд”, манъ шудааст. Толибон ҳамчунин талош доранд намоиши филмҳои хориҷиро, ки “арзишҳои фарҳангии Ғарбро тарғиб мекунанд”, манъ кунанд. Ҳоло занони хабарнигор ва барандаҳо муваззаф шудаанд, ки ҳангоми наворбардорӣ рӯсарӣ бипӯшанд, ҳарчанд дар дастур мушаххас карда нашудааст, ки кадом навъи пӯшиш бояд истифода шавад.
Шаҳрдори Кобул ба занон- хизматчиёни мунисипалӣ тавсия додааст, ки дар хона бимонанд. Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ-узви созмоне, ки манфиатҳои рӯзноманигоронро дар Афғонистон ҳимоя мекунад, гуфт, ки ҷорикунии маҳдудияти нав ғайричашмдошт буд. Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ ӯ гуфт, ки бархе аз қоидаҳо “ғайриамалиянд” ва дар сурати ҷорӣ шудани онҳо ширкатҳои телевизионӣ маҷбур мешаванд фаъолияташонро қатъ кунанд.
Толибон 15 август дар Афғонистон қудратро ба даст оварданд ва бисёре аз афғонҳо аз ҷорӣ шудани маҳдудияти шадид хавотир шуданд. Радикалҳо дарҳол эълон карданд, ки барои занону духтарон дар мактабҳо ҷой нест. Ва ҳоло Афғонистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки мақомоти он тақрибан нисфи аҳолиро аз таҳсил ва гирифтани дониш маҳрум кардаанд.
Дар замони ҳукмронии қаблии толибон дар солҳои 1990 барои занон ҳамин гуна таҳсил ва кор кардан мамнӯъ буд. Намояндагони ҳаракати радикалӣ тасдиқ мекунанд, ки маҳдудияти ҷоринамудаи онҳо “муваққатӣ” буда, танҳо ба хотири таъмини “бехатарӣ” дар ҷойҳои корӣ ва муҳити омӯзишӣ амал мекунад.
АМИТ «Ховар»
Возможно, это изображение (6 человек, люди стоят и на открытом воздухе)