Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи дастури раиси вилоят оид ба амали намудани тадбирҳо дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм, пешгории гаравидани ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фарҳанги бегона, нашъамандию нашъаҷалобӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбат-вохӯрӣ доир шуд.
Дар вохӯрӣ Собиров Ҷӯрабой, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Диловар Ҷабборов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ, Муҳаммадӣ Шарифзода, мудири шуъбаи дин , танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Амирзода Аловуддин, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирок доштанд.