Рӯзи якшанбе ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон рафтам. Вақте ки ба толори чорум даромадам дидам, ки дотсент Ашӯрова Шаҳло бо шогирдони унвонҷӯяш Саидова Марҳабо ва Нилуфари Фатҳулло машғули ҷустуҷӯи маводҳои илмӣ буданд. Пас андеша намудам, ки садҳо аҳсан ба он донишманде, ки шогирдонашро барои ҷустуҷӯи маводҳои илмӣ ба ин махзани илму маърифат меоварад.

Шаҳло Ашӯроваро якчанд сол боз мешино­сам. Медонам, ки дар ин солҳо коллективи омӯзгорон ва донишҷӯён ӯро зиёд ҳурмату эҳтиром менамоянд.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шаҳло Ашӯрова соли 1973 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 мактаби миёнаи рақами 11-и шаҳри Бохтарро бо медали тилло хатм намуда, ба факултаи забони русии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав до­хил гардид. Орзуи деринаи ӯ, ки педагог шудан буд, ҷомаи амал пӯшид. Акнун давраи донишҷӯйи оғоз гардид. Дар айёми таҳсил Шаҳло яке аз донишҷӯёни фаъолу аълохон буд. Ҳамаи фанҳоро ба осонӣ азхуд мекард, чунки ба донишомӯзӣ ҷиддӣ рафтор менамуд. Дарсҳоро бо шавқи том гӯш карда, дар дарсҳои амалӣ баромад менамуд. Устодон дар симои вай педагоги ояндаро дида, аз комёбиҳои ӯ мефахриданд.
Устод Ашӯрова Ш. дар ҳамаи конференсияҳои илмию амалии донишгоҳ ва берун аз он бо маърузаҳои пурмазмуни илмӣ баромадҳо намуда, сазовори мукофоту ифтихорномаҳо мегардид. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯйӣ аввалин мақолаҳои илмӣ ва брошюраҳои ӯ аз чоп баромад.
Соли 1995 Шаҳло Ашӯрова донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи курси амалии забони русӣ ба кор омад.
Дониши аъло ва маҳорати илмомӯзии ӯро ба назар гирифта, шӯрои олимони донишгоҳ ӯро барои таҳсил ба аспирантура тавсия дод. Ҳангоми таҳсил дар аспирантура Ашӯрова Шаҳло ба дунёи илм ғутавар гардида, ба ҳақиқат ва моҳияти фаъолияти илмӣ аз наздик ошно гардид. Моҳи майи соли 2006 кӯшиши беандоза ва фаъолия­ти илмиашро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи саромӯзгори кафедраи курси амалии забони русӣ ба тариқи озмун интихоб намуданд. Устод Ашӯрова Шаҳло дар ҷодаи таҳиқоти илмӣ комёбихри назаррас ноил гардид. Натиҷаи бедорхобиҳо ва таҳқиқоти илмӣ буд, ки Ашӯрова Шаҳло моҳи феврали соли 2009 рисолаи илмии номзадии худро дар мавзӯи «Шаклҳои бозиҳои фаъолияти фаҳмиши хонандагон дар дарсҳои за­бони русӣ» дифоъ намуда, сазовори дараҷаи ил­мии номзади илмҳои педагогӣ гардид.
Маъмурияти донишгоҳфаъолияти илмии Ашӯрова Шаҳлоро ба назар гирифта, соли 2009 ӯро ба вазифаи мудири кафедраи забон ва адабиёти рус таъин намуд. Акнун дар кафедра фазоимустаҳками илмӣ ба вуҷуд омад, чунки мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣАшӯрова Ш. аз ҳамаи омӯзгорон қотеъона талаб менамуд, ки ба корҳоитаҳқиқотӣшуруънамоянд. Ба бисёр омӯзгорони ҷавони кафедра роҳбалад шуда, дар таълифи рисолаҳои илмиашон ёрии амалии худро мерасонид. Ҳамин сабаб гардид, ки якчанд нафар омӯзгорони кафедра рисолаҳои илмии номзадии худро ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардиданд. Ашӯрова Шаҳло ба таҳқиқоти илмӣ дода шуда, касби худро бениҳоят дӯст медорад, савияи дониши илмӣ-назариявии худро ба­ланд мебардорад. Қариб дар ҳамаи конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва умумидонишгохҳӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад менамояд. Солҳои 2010-2013 ба ҳайси мудири шуъбаи корҳои байналмилалӣ фаъолият намуд. Бинобар сабаби кадрӣ солҳои 2013-2017, ба ҳайси мудири кафедраи курси амалии забони русӣ фаъолият намуд. Аз сентябри соли 2017 ходими калони илмии кафедраи забон ва адабиёти русии ДДБ ба номи Носири Хусрав буда, аз соли 2021 мудири кафедраи курси амалии забони русиро ба уҳда дорад.
Барои фаъолияти зиёда аз 25-солаи худ дотсент Ашӯрова Шаҳло бо Ифтихорномаи Вазо­рати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Айни ҳол Ашӯрова Шаҳло роҳбари се унвонҷӯ Саидова Марҳабо, Ҷумаева Қурбонбибӣ ва Норова Заррина мебошад. Муаллифи панҷ моно­графия, брошюра ва дастурҳои илмӣ буда, дар маҷаллаҳои илмии байналмилалию ҷумҳуриявӣ зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ, илмию назариявии ӯ чоп гардидаанд. Бо ҳамин хислатҳояш Ашӯрова Шаҳло писанди ҳамагон – чӣ устодону ҳамкорон ва чӣ шогирдон гардидааст.
Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих, профессор
Возможно, это изображение (3 человека)